Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 20

2023-04-01 16:40:08
Тақдимоти яке аз иштирокчиии озмуни
"Модар сарчашмаи ҳаёт"
Сафаралиев Фахриддин.
431 viewsedited  13:40
Ochish/sharhlash
2023-04-01 10:26:08
Ман  Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Латофат Исматова дар мактаби рақами 12-и ноҳияи дурдасти Сариосиё ба донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ таълиму тарбия медиҳам.Ман Латофат Исматова омӯзгори тоифаи олӣ, соҳиби унвони "Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон" ба ҷонибдории Сарқонуни ҷумҳурӣ овоз дода, тамоми мардуми кишварро даъват мекунам, ки бо ман ҳамсадо гарданд. Сарқонун дар таҳрири нав босо ҷолиб ва ғолибан ояндаи дурахшони ҷомеаи моро ифода мекунад. Дар раъйпурсии умумӣ, ки маъракаи хеле муҳиммест, ширкати фаъоли шумо хеле заруру ҳатмист. Ояндаи рахшони Ватан аз иқдоми устувори имрӯзи мо вобаста.Ман ба ояндаи ҷамъият бефарқ нестам. Шумо ҳам фаъол бошед зеро Конститутсия - пойдевори ҳаёти дурахшони мою Шумо аст.
519 views07:26
Ochish/sharhlash
2023-04-01 05:53:42 11.Садақадиҳанда яке аз беҳтарини инсонҳост ва подоши садақа барои ҳар касе, ки дар он саҳм дорад баробар аст.
12. Соҳиби садақаро хайри бисёр ва подоши фаровоне дорад.
13. Садақадодан аз сифати парҳезгорон аст ва сабаби муҳаббати бандагони Худо мегардад.
14. Садақадодан аз нишонаҳои саховатпешагӣ ва бузургии инсон аст.
15. Садақа сабаби иҷобати дуо ва ҳалли мушкилот аст.
16. Садақа балоро дур карда 70 дари бадиро мебандад.
17. Садақа умру молро зиёд карда, сабаби фаровонии ризқ ва пирӯзӣ мегардад.
18. Садақа илоҷ, даво ва шифо аст.
19. Садақа монеаи сӯхтан, ғарқ шудан, сирқат шудан ва марги нобаҳангом мегардад.
20. Садақа агар чӣ ба ҳайвоноту наботот ҳам ки бошад савоб дорад.


https://t.me/Xirad
427 views02:53
Ochish/sharhlash
2023-04-01 05:53:42
Якчанд дараҷоту фазилати садақадиҳанда!

1. Садақа даре аз дарҳои ҷаннат аст.
2. Садақа аз беҳтарини амалҳост ва беҳтарини садақа додани таом аст.
3. Садақа сояе барои соҳибаш дар рӯзи қиёмат мешавад ва ӯро аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад.
4. Садақа ғазаби Худовандро поин ва азоби қабрро дур мекунад.
5. Садақа беҳтарин ҳадя ва фоиданоктарин чиз барои мурдагон аст, ки Худованд савоби онро афзоиш медиҳад.
6. Садақа поккунандаи нафс аст ва савобҳои инсонро дучанд мекунад.
7. Садақа сабаби хушнудии садақадиҳанда дар рӯзи қиёмат мешавад.
8. Садақа амоне аст дар рӯзи пурдаҳшати қиёмат, ки ғамро дур мекунад.
9. Сабаби бахшиш ва каффораи гуноҳ мегардад.
10. Садақа яке аз нишонаҳои ҳусни хотима ва сабаби дуо кардани малоик дар ҳаққи садақадиҳанда мебошад.
393 views02:53
Ochish/sharhlash
2023-04-01 02:39:47
МУШТАРИЁНИ БЕҲТАРИНИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ"

Дар соли 2022 муштариёни беҳтарини "Дурдонаи Шарқ"-ро дар байни мактабиён ва калонсолон муайян намуданро ваъда дода будед. Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки донишомӯзони синфи 2 "А"-и мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо роҳбарии Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Латофат Исматова дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон синфи аз ҳама фаъоли мутолиакунандаи маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" дониста шуд.
Доншомӯзони ин синф аз ҳар шумораи он 20-25 адад харидорӣ намуда, бо падару модарашон мутолиа мекунанд.
Синфи ғолиб бо Ташаккурнома ва 20 адад китоби бадеии тоҷикӣ мукофонида мешавад. Акнун мактаби беҳтарини муштарии "Дурдонаи Шарқ" дар ҷумҳуриамонро муайян менамоем.
Бо мо бошед. Дар муайян кардани ғолибон ёрмандӣ намоед.
"Дурдонаи Шарқ" маҷаллаи мову Шумост!

Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
382 views23:39
Ochish/sharhlash
2023-04-01 02:36:48
#ВАТАН...

Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.

Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрӯзи шабистони ману туст.

Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан – ҷонона, ҷонони ману туст.

Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст...

Дили ӯ дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст.

Камол Насрулло
.

            ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
352 views23:36
Ochish/sharhlash
2023-04-01 02:36:09
#ДАР_ФАЗИЛАТИ_ИЛМ...

БАНИ ОДАМ АЗ ИЛМ ЁБАД КАМОЛ,
НА АЗ ҲАШМАТУ ҶОҲУ МОЛУ МАНОЛ!

ЧУ ШАМЪ АЗ ПАЙИ ИЛМ БОЯД ГУДОХТ,
КИ БЕ ИЛМ НАТВОН ХУДОРО ШИНОХТ!

ХИРАДМАНД БОШАД ТАЛАБГОРИ ИЛМ,
КИ ГАРМ АСТ, ПАЙВАСТА БОЗОРИ ИЛМ!

КАСЕРО, КИ ШУД ДАР АЗАЛ БАХТ ЁР,
ТАЛАБ КАРДАНИ ИЛМ КАРД ИХТИЁР!

ТАЛАБ КАРДАНИ ИЛМ ШУД БАР ТУ ФАРЗ,
ДИГАР ВОҶИБ АСТ АЗ ПАЯШ ҚАТЪИ АРЗ!

БИРАВ ДОМАНИ ИЛМ ГИР УСТУВОР,
КИ ИЛМАТ РАСОНАД БА ДОРУЛҚАРОР!

МАЁМӮЗ ҶУЗ ИЛМ ГАР ОҚИЛӢ!
КИ БЕ ИЛМ БУДАН ҶОҲИЛӢ!

ТУРО ИЛМ ДАР ДИНУ ДУНЁ ТАМОМ,
КИ КОРИ ТУ АЗ ИЛМ ГИРАД НИЗОМ!

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
365 views23:36
Ochish/sharhlash
2023-03-31 21:10:43
551 views18:10
Ochish/sharhlash
2023-03-31 21:04:53
Тақдимоти яке аз ғолибони озмуни
"Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"
Зарифова Шабнам
хонандаи синфи 10 мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳияи Пешкӯҳи вилояти Бухоро.
Муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик
Баҳронова Лутфия
604 viewsedited  18:04
Ochish/sharhlash
2023-03-31 10:17:16
Тақдимоти яке аз ғолибон ва иштирокчии озмуни
"Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"
Дӯнабоева Рамзия ва Дӯнабоева Рухсора
хонандагони мактаби миёнаи рақами 46-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах
1.1K viewsedited  07:17
Ochish/sharhlash