Get Mystery Box with random crypto!

Якчанд дараҷоту фазилати садақадиҳанда! 1. Садақа даре аз дар | Медони ё не?

Якчанд дараҷоту фазилати садақадиҳанда!

1. Садақа даре аз дарҳои ҷаннат аст.
2. Садақа аз беҳтарини амалҳост ва беҳтарини садақа додани таом аст.
3. Садақа сояе барои соҳибаш дар рӯзи қиёмат мешавад ва ӯро аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад.
4. Садақа ғазаби Худовандро поин ва азоби қабрро дур мекунад.
5. Садақа беҳтарин ҳадя ва фоиданоктарин чиз барои мурдагон аст, ки Худованд савоби онро афзоиш медиҳад.
6. Садақа поккунандаи нафс аст ва савобҳои инсонро дучанд мекунад.
7. Садақа сабаби хушнудии садақадиҳанда дар рӯзи қиёмат мешавад.
8. Садақа амоне аст дар рӯзи пурдаҳшати қиёмат, ки ғамро дур мекунад.
9. Сабаби бахшиш ва каффораи гуноҳ мегардад.
10. Садақа яке аз нишонаҳои ҳусни хотима ва сабаби дуо кардани малоик дар ҳаққи садақадиҳанда мебошад.