Get Mystery Box with random crypto!

#ВАТАН... Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст, Ватан ноне, ки д | Медони ё не?

#ВАТАН...

Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.

Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрӯзи шабистони ману туст.

Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан – ҷонона, ҷонони ману туст.

Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст...

Дили ӯ дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст.

Камол Насрулло
.

            ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM