Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 2

2023-06-05 05:13:27
715 views02:13
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:51:12
Ҳаким коғази сафедро ба шогирдонаш нишон дод, дар мобайн як нуқтаи сиёҳе кашид ва пурсид:

— Дар ин ҷо чиро мебинед?

— Нуқта...

— Нуқтаи сиёҳ...

— Нуқтаи сиёҳи фарбеҳ...

Сипас ҳаким хафа шуда гуфт:

— Афсӯс, ҳамаи шумо як нуқтаи хурдеро дидеду касе ба коғази калони сафед аҳамият надод... 

— Бузургтарин иштибоҳи шумо дар он аст, ки покии қалби мардумро намебинед. Як камбудии кӯчакеро дида, ба хотири он ба онҳо доварӣ мекунед...

Меҳрубон бошем.

https://t.me/Xirad
384 views01:51
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:50:41
Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.

Дилам гӯяд, ки бархезам, ҳаво гӯяд, ки дам дигар,
Ҳаворо зери по орам, ки ин ҷо амри Ҷаббор аст.

Чу мурғон ҳар саҳар гӯянд: "Қум ё айёҳал ғофил",
Ки ту дар хобиву надонӣ, касе донад, ки бедор аст.

Аз ин бештар, ки бархезӣ, зи дида хуни дил резӣ,
Зи дасти ҷаҳл бигрезӣ, ки шайтон сахт маккор аст.

Аё эй Шамси Табрезӣ, гаҳе шаҳду шакар резӣ,
Агар сад сол ҳам бигрезӣ, ки охир марг даркор аст.

Шамси ТАБРЕЗӢ

https://t.me/Xirad
285 views01:50
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:34:47
258 views01:34
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:32:48 ВАЗИФАИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.
Волидон бобати маълумотноку соҳиб касб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси маъқулашон бояд мусоидат намоянд.
Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накў ва ба ҷомеа нафъ расон мебошад.
Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пур хонда ва соҳиб фазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умуми башарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул д одани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асоси мебозад.
Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд.

https://t.me/Xirad
265 views01:32
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:31:45 ҲУҚУҚИ ЗИСТАН
Ҳар як бача ба ҳуқуқи зистан соҳиб аст. ба ҳаёти бача зараррасонидан ҷинояти аз ҳама вазни наст.

https://t.me/Xirad
250 views01:31
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:31:15
Бувад фарзанд нахли боғи ваҳдат,
К-аз ӯ равшан шавад базми саодат.
Вуҷудаш он замон гардад гиромӣ,
 Ки афрӯзад чароғи некномӣ.

https://t.me/Xirad
259 views01:31
Ochish/sharhlash
2023-06-05 04:30:41
249 views01:30
Ochish/sharhlash
2023-05-16 04:48:29
Озмуни шеърхонӣ бахшида ба рӯзи 82-солагии устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба охир расид.
Маъмурияти гурӯҳи
"Медонӣ ё не?"
Бa ҳамаи иштирокчиён, устодон ва падару модарони азиз барои эътибор сипосгузории худро мерасонад.

Ғолибони озмунро пас аз чанд рӯз муайян менамоем.

Ташаккур ба ҳамаатон.
1.3K viewsedited  01:48
Ochish/sharhlash
2023-05-15 21:38:51
#Иштирокчии_517_уми
Озмуни
"Лоиқ видоят карду рафт"
Муҳаммадҷонова Рухшона
хонандаи синфи 7 мактаби миёнаи рақами 7-уми шаҳри Ангрен вилояти Тошканд.
1.3K views18:38
Ochish/sharhlash