Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar

2023-06-08 06:20:17
СИТОИШНОМАИ ОМӮЗГОР

Омӯзгорон аз волидон афзалтаранд: волидон ба мо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон - ҳаёти хушбахтона.
АРАСТУ
*****
Оне, ки ба оянда аз даричаи дирӯзу имрӯз менигарад, омӯзгори ҳақиқист.
КОНФУТСИЙ
*****
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Камолиддин БИНОӢ
*****
Дареғи шогирде, ки аз устоди хеш қадаме пеш намегузорад.
Леонардо да ВИНЧӢ
*****
Устодам сабаби ҳаёти ҷовидонаам шуд.
Искандари МАҚДУНӢ
*****
Омӯзгор худ он гуна бояд бошад, ки шогирдонашро дидан мехоҳад.
В. ДАЛ
*****
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Назирии НИШОПУРӢ
*****
Ибрати шахсии муаллим, шахсияти ӯ барои шогирдон муҳимтар аз он чизест, ки ба онҳо меомӯзад.
Карл МЕННИНГЕР
Гирдоваранда ИҚБОЛ

https://t.me/Xirad
60 views03:20
Ochish/sharhlash
2023-06-08 06:19:08
Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем,
Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем.
Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд,
Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad
59 views03:19
Ochish/sharhlash
2023-06-08 06:18:20 ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шуълаи нигоҳи толеънамои модар.

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.

Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

[1984]

https://t.me/Xirad
57 views03:18
Ochish/sharhlash
2023-06-07 15:59:09 ПАНҶ АМАЛЕ, КИ ШАХСИЯТИ КӮДАКРО БАРБОД МЕДИҲАД...

Яке аз олимони замони мо мегӯяд: "Панҷ иллате ҳаст, ки шахсияти кӯдакро вайрон мекунанд.

1. Дашноми қабеҳе, ки аз ҷониби волидайн садо медиҳад.

2. Муқоиса. Масалан: Бародарат аз ту дида беҳтар аст. Муқоиса барои кӯдакон бисёр таъсири бад дорад ва дар хотираи онҳо доғи сиёҳ мегузорад.

3. Муҳаббати шартӣ: Масалан: Ту агар ин ё он амалро анҷом диҳӣ, ман туро дӯст медорам вагарна НЕ. Бояд ҳамеша байни ахлоқ ва шахсият сарҳад дошта бошад. Дар чунин сурат кӯдакон эҳсос менамоянд, ки онҳоро касе ҳамин тавр дӯст дошта наметавонад ва рӯҳан шикаста мешаванд. Ба ҷои ин бояд гуфт: "Бачам, ман туро дӯстмедорам, аммо ин амали туро на.

4. Хабари дурӯғ. "Гиря макун, мардҳо гиря намекунанд." Кӣ ба шумо инро гуфт? Бо ин ҷумла шумо фарзандатонро пурзӯр намекунед, баръакс шахсияти ӯро вайрон хоҳед кард. Бо ин ҷумла шумо фарзандатонро дилсахт мекунед.

5. Ҳеҷ гоҳ фарзанди худро масхара макун. Ту бекора, ту танбал, нагӯ. Бо ин гуфтаҳо натанҳо фарзандатонро мекушед, балки худатонро ҳам, охир он бачаи шумост. Падаре, ки фарзандашро дӯст медорад чунин рафтор намекунад .

ТАРҶУМОН: ОЗОД ҲОДИЗОДА

#ПАНДИ_БУЗУРГОН
БА ДӮСТОН ИРСОЛ НАМО:

@TAFAKKUR_TJK
275 views12:59
Ochish/sharhlash
2023-06-07 15:48:33
301 views12:48
Ochish/sharhlash
2023-06-07 11:13:01 Падар розӣ - Худо розӣ !


Қиссаи ҷавони донишҷуе аз Донишгоҳи дар Ҷидда будаи шоҳ Абдулазиз барои шумо

Дар шабурузи наздикшави имтиҳоноти Донишгоҳро су пориданам падарам бемори вазнин шуда монданд. Дар наздашон беморбонӣ карда ба имтиҳонҳо хуб тайёрӣ дида натавонистам. Акнун ба имтиҳон як руз монда буд ки аҳволашон боз ҳам вазнин шуду ба беморхона бурда хобондам .Дар он шаб духтурҳо табобатро бо уколҳои оромкунанда
ва рафъкунандаи дард
давом дода ҳолаташонро каме беҳтар намуданд
Барои тайёрӣ ба имтиҳонсупорӣ дафтари хулосаи имтиҳонсупориро гирифтам то ки ҷавобҳоро омода намоям ва дар хоти раам дониши зарурӣ ҷой гиронда тавонам. Ба ин мақсад пеши падари беморам нишаста ҳануз ба омухтан сар накарда ду чашмонамро хоб рабуд.. Пагоҳӣ вақти намоз аз хобам бедор шудам, бинам
ҳолати падарам хело беҳбудӣ дорад. Ба он кас:
_ Падар, ҳоло барои иитиҳонсупорӣ бояд
равам вақт ҳам кам мондааст , дуъо кунед
, _ гуфтам
Падарам дастҳои
худро боло бардошта дуъоям доданд ,
Ба донишгоҳ базудӣ рафта расидам ва ба утоқи имтиҳонсупорӣ даромада варақаи имтиҳонсупориро дида саволҳоро хондаму тарбузам аз багалам афтид
Дар рузҳои охир ба дарсҳо дароям ҳам аз бемории падарам сарам гиҷу хеле асабӣ будам ва дониши омухтаамро ҳам мисле ки фаромуш карда будам. Бо ду даст сарамро панҷа карда кушиш мекардам ба саволҳо ҷавоб диҳам . Аз шиддати воҳима ҷавобҳои донистаамро ҳам гуфтан мушкил гардид . Гӯё аз шиддати ҳолатам ҳама ҷавобҳо ба ҳам омехта аз сарам берун мерафт.Ба 60 саволи варақаи имтиҳонот базур ва бо кушиши зиёд ва хатои бисёре ҷавобҳоро ҷо
додаму баромадам. Ва аз китоб баъдан муқоиса кардаму тамоман ноумед шудам аз посухҳои мондаи худам. Аз имтиҳон акнун нагузаштанам аниқ буд.
Пас аз як ду рӯз натиҷаи имтиҳонотро эълон карданд
Ҳама ба назди когазҳои ба танаи деворҳо овезон бошитоб давиданд то аз натиҷаи додашуда огоҳ шаванд . Бо нобоварию дили нохоҳам ман ҳам
суи ҷавобҳо равона гардидам . Исми худро меҷустаму онро дар он
ҷо дар ҷои фарқкунанда
дидам. Ба ман баҳои кофӣ гузошта шуда буд .Ман бо чашмони худ бовар накар дам Чашмонамро молиш
дода боз нигаристам. Баҳо пурра гузошта шуда буд.
Акнун ба майнаам дигар шубҳа омад.,, Устод саҳв карда баҳои дигар касро
ба ман гузоштааст" Барои донистани ҳақиқати ҳол
назди устод даромадам
_ Биё , чӣ хизмат ? , гуфт устод ба ман.
_ Устод ! Барои донис тани натиҷаи аниқи баҳо наздатон омадам, _ гуфтам.
Ба ман баҳои ҳақиқии чанд гузошта шудааст ?
_ Исмат чист ? пурсид устод
_ Файсал .
_ Хӯӯш! Ту баҳои пурраи баланд гирифтаӣ, хотирҷамъ бош . Ҷавоб дод боз устод.
_ Варақи имтиҳонсупории худро метавонам бинам ?
Муроҷиат кардам ба устод.
_ Медонӣ , гуфт устод пешонии худро молиш
дода , _ Варақаҳои имти_ ҳонҳоро дар балкон сан ҷида истода будам ки
ногоҳ шамол шуду бо ҳаракати шамол яке аз варақаҳои дастам парида рафт . Бо фарзандон он
ҷоро чи қадар кофтем лек
он варақро ҳеҷ пайдо накардем.Варақи номи
рӯйхати донишҷуёнро
кофта дидам ки он ба
номи ту ва будааст. Ба ту
ҷавр нашавад гуён
баҳои баландтаринро
гузоштам
Ман ба устод ҳама
воқеаи аз сар гузарон
даамро гуфта додам.
_ Пас ин ба ивази
некиҳои барои падари
худат ба ҷо овардаат .
Инро инъоми Худо дон.
Ба ин тарз барои падар
хизмататро давом деҳ ҳеҷ гоҳ
кам намешавӣ , гуфт_ устод.

Сайфуллоҳи Носир

Тарҷима аз шабакаи
,, Вақт қадри "


Тарҷума ва таҳияи Маъсума Насруллоева.

T.me/pandhoi_buzurgon
324 views08:13
Ochish/sharhlash
2023-06-07 03:56:21
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист.

То пир нагардем, нафаҳмем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.

То ташна намонем, наҷӯем раҳи об,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист...

То боре насӯзем, надонем, ки хомем,
То барг нарезем, надонем хазон чист.

Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст,
То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист...


ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

[1982]

https://t.me/Xirad
341 views00:56
Ochish/sharhlash
2023-06-07 03:55:50
Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст,
Аз хеш мабол, душманат дар пеш аст.
Эй дӯст, хасе ҳам агарат душман нест,
Як дӯст зиёда кун, ки душман беш аст.

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad
331 views00:55
Ochish/sharhlash
2023-06-07 03:55:33
Ман мондаму як дили пур аз дарду алам,
Ман мондаму як коғазу як неши қалам.
Ман бо қаламу қалам ба ман мегӯем:
Эй вой танам, вой сарам, вой дилам!

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad
334 views00:55
Ochish/sharhlash
2023-06-05 12:21:37
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.

Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.

Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.


https://t.me/Xirad
418 views09:21
Ochish/sharhlash