Get Mystery Box with random crypto!

МУШТАРИЁНИ БЕҲТАРИНИ 'ДУРДОНАИ ШАРҚ' Дар соли 2022 муштариён | Медони ё не?

МУШТАРИЁНИ БЕҲТАРИНИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ"

Дар соли 2022 муштариёни беҳтарини "Дурдонаи Шарқ"-ро дар байни мактабиён ва калонсолон муайян намуданро ваъда дода будед. Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки донишомӯзони синфи 2 "А"-и мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо роҳбарии Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Латофат Исматова дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон синфи аз ҳама фаъоли мутолиакунандаи маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" дониста шуд.
Доншомӯзони ин синф аз ҳар шумораи он 20-25 адад харидорӣ намуда, бо падару модарашон мутолиа мекунанд.
Синфи ғолиб бо Ташаккурнома ва 20 адад китоби бадеии тоҷикӣ мукофонида мешавад. Акнун мактаби беҳтарини муштарии "Дурдонаи Шарқ" дар ҷумҳуриамонро муайян менамоем.
Бо мо бошед. Дар муайян кардани ғолибон ёрмандӣ намоед.
"Дурдонаи Шарқ" маҷаллаи мову Шумост!

Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик