Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 23

2023-03-26 02:31:32
Тухмиҳои дигар ба замини санглох афтоданд, ки хок камёб буд. Тухмиҳои дар замини санглох зуд сабзида мерафтанд, аммо решаҳои онҳо ба чуқурии хок рафта наметавонистанд. Вақте ки офтоб баромад ва гарм шуд, навдаҳо хушк шуданд ва мурданд.
172 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:32
Исо ба одамоне, ки Ӯро мешунаванд, чунин ҳикоят кард: «Як деҳқон барои коштани ғалла берун рафт. Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, қисме аз тухмиҳо тасодуфан ба роҳ афтодаанд. Паррандагон омада ин тухмиҳоро хӯрданд.
182 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:32
МАСАЛ ДАР БОРАИ ДЕҲҚОН

Як рӯз Исо дар соҳили кӯл буд. Вай ба мардуми зиёде таълим медод. Бисёр одамон барои гӯш кардани Исо меомаданд ва аз ин рӯ, Ӯ ба қаиқ ки дар об буд даромад, ва каме дуртар шино кард ки Ӯро беҳтар дида ва шунида шавад. Дар қаиқ нишаста, Ӯ ба мардум таълим доданро сар кард.
195 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-25 21:08:02 Бидон, ки аз он метавонӣ дар як моҳ ҳикматҳоеро биомузӣ, ки аз даҳони олимон дар як сол ҳам ҷамъ карда натавонӣ. Китоб хидматгори беминату итоатгарест, ки шабурӯз дар хизмати туст. Ҳатто дар сафар ҳамсафар ва дар иқомат ҳамзисти туст.
 Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва муниси туст дар танҳоӣ. Китоб муаллим ва ҳамроҳи хубест, ки ҳаркуҷоравӣ аз ту чизе талаб намекунад ва чуноне, ки растаниҳо аз об сабз мешаванд, сабзидани ақли туст. Китоб роҳнамоест, ки туро аз бекориву беҳудагӯйиву суханчинӣ дур месозад.
Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону имону виҷдон мебахшад. Китоб васила аст барои дуркардани ғаму андӯҳ, аз бекорӣ ва гурӯҳи бекорон, равону ва буро шудани сухан, сабзидани ақл ва бузург шудани зеҳн, болоравии маърифат, махзани ягонаву умумии осори адибону ҳикмати ҳакимон, роҳати зеҳн аз ҳар фикру андеша ва ҳифзи вақт аз беҳуда рафтан.
Хулоса дўсти вафодору содиқу устувору ҳамдилу ҳамзабони инсон. Месазад, ки аз ў дар таҷрибаи рӯзгор новобаста аз вазъи он ҳимоят намуд.

https://t.me/Xirad
230 views18:08
Ochish/sharhlash
2023-03-25 21:07:55
КИТОБ БЕҲТАРИН ЁРИ ТАНҲОӢ...

Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонид ва аз он ғаниматҳои зиёдеро бардошт. Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ тарк ва ҳазар намекунад. Рафиқест бе малол ва муомилаест, ки фиреб намедиҳад. Китоб чизест, ки ҳар қадар назар кунӣ, малакаат зиёду табъат шод ва забонат кушода мешавад.
227 views18:07
Ochish/sharhlash
2023-03-25 21:07:40
АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳангии миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дарёи ганҷи сухан аст.

Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро ҳамчун «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг ба мамлакатҳои зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша кунем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаҳои вазнини танҳоӣ китоб дар бари мост. Воқеан дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавӣ, зиндагии рангинро тасаввур намуд.

Гул саҳар лаб во кунад аз хандаҳои офтоб,
Мекушояд саҳфаҳои фикри одамро китоб.

https://t.me/Xirad
219 views18:07
Ochish/sharhlash
2023-03-25 21:07:29 Мутаассифона, на хама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеь ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар мадди аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад.

https://t.me/Xirad
206 views18:07
Ochish/sharhlash
2023-03-25 21:07:24
АДАБ ҲУСНИ ИНСОН АСТ

Адаб ҳусни инсон аст. Оре шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунару фарханг бархӯрдор аст. Аслан ин қабила одамон фурутану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд.     
Бешубҳа, ҳар ҷо, ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумуъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки субот бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст, ки Луқмони Ҳакимро пурсидаанд, то адабро аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: “Аз беадабон. Ҳарчи аз эшон дар назарам нописанд омад, пархез кардам.” Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад.
266 views18:07
Ochish/sharhlash
2023-03-25 15:14:25 ПЕШ АЗ ИН БО МАН СУХАН КАРДА БУД...

Нақл аст ки Абӯалӣ ибни Сино вақте аз сафараш ба ҷое расид аспашро ба дарахте баст ва коҳ пеши ӯ рехт ва суфра пеши худ ниҳод то чизе бихурад. Деҳотие савори хар расид ва харашро дар паҳлӯи аспи Абӯалӣ баст то дар хӯрдани коҳ бо ӯ шарик шавад ва худ дар назди Шайх нишасту бо хӯрдан пайваст.
Шайх гуфт: Харатро паҳлӯи аспи ман набанд ки ҳамин дам лагад занад пояш бишканад. Рустои гӯё суханро нашунид ва ба нон хурдан давом дод. Ногоҳ асп лагад зад. Рустои гуфт: аспи ту хари маро лагад зад. Шайх хомӯш истод ва худро лол зоҳир намуд. Рустои ӯро кашон назди қози бурд. Қози аз моҷаро пурсон шуд ва Шайх ҳамчунон хомӯш буд чизе намегуфт. Қози гуфт: ин мард ки лол аст? Рустои гуфт: ин лол нест балки худро лол зоҳир намудааст ки товони хари маро надиҳад. Пеш аз ин бо ман сухан карда буд. Қози гуфт: чи сухан карда буд? Рустои гуфт: Харатро дар паҳлӯи аспи ман набанд ки ҳамин дам лагад мезанад. Қози хандид ва бар дониши Шайх аҳсан гуфт.
Хулоса Абӯалӣ ибни Сино посухе гуфт ки з-он пас дар забони порсӣ масал гаштааст.

https://t.me/Xirad
387 views12:14
Ochish/sharhlash
2023-03-25 15:13:05 ПАНДУ НАСИҲАТ

Панҷ савол аз Нӯшервони Одил ва ҷавоби вазир Бузургмеҳр.

1. Савол: – Бадӣ ба кӣ бояд кард?
Ҷавоб: – Ба нафси худ.

2. Савол: – Торикии дил аз чӣ чиз аст?
Ҷавоб: – Ба муҳаббати амволи дунё.

3. Савол: – Мардро аз ҷон чӣ азизтар аст?
Ҷавоб: – Диндорро дин ва бединро дирам.

4. Савол: – Он кадом кас аст, ки сад айб дошта бошад, бар вай айб нагиранд?
Ҷавоб: – Марди сахӣ.

5. Савол: – Аз неъматҳои дунё чанд чиз хуштар аст?
Ҷавоб: – Яке фарзанди солеҳ, дуввум: давлат аз касби ҳалол, саввум: зани неккирдор ва чаҳорум, соҳибҷамолӣ.

https://t.me/Xirad
336 views12:13
Ochish/sharhlash