Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 17

2023-04-09 16:49:58
МОДАР

Дар шаби пур ситора,
Модар пеши гаҳвора.

Алла гӯянд биншаста,
Баҳри кӯдак пайваста.

Гӯянд: Навниҳоли ман,
Кавкабу ҳилоли ман.

Хобакат чу хирс шавад,
Умракат чун бурс шавад.

Тезтар ту калон шавӣ,
Яктои замон шавӣ.

Ғайрати Панҷизод.

           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
273 views13:49
Ochish/sharhlash
2023-04-09 16:49:31
Рӯзе духтарак аз падараш пурсид:
— Падарҷон, агар ман нафареро хеле дӯст бидорам, аммо ӯ пайваста як кори баде анҷом диҳад, ман бояд чи кор кунам?
Падар ҷавоб дод:
— Бояд ба у бигуӣ, ки ин кори хубе нест, ин корро накун.
Боз пурсид:
— Агар гуфта натавонам чи?
Падар гуфт:
— Хуб, дар як порча коғаз бинавис ва дар ҷайбаш гузор.

Субҳ, ки мард барои рафтан ба кор омода мешуд, аз ҷайбаш порчаи коғазе ёфт, ки дар он чунин навиштае буд " Салом падарҷон. Сигор кашидан кори хубе нест, лутфан ин корро накунед."

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya
285 views13:49
Ochish/sharhlash
2023-04-09 16:36:50
336 views13:36
Ochish/sharhlash
2023-04-09 14:36:59 Зане ба ҳузури Довуд (а) омад ва гуфт: Эй пайғамбар, Худои ту золим аст, ё одил?
Довуд (а) фармуд: Худованд одиле аст, ки ҳаргиз зулм намекунад. Сипас фармуд: Магар чӣ ҳодисае ба ту рух додааст, ки ин саволро мекунӣ?
Зан гуфт: Ман бевазан ҳастам ва се духтар дорам, бо дастам ресандагӣ мекунам, дирӯз шоли бофтаи худро дар миёни порчае гузошта будам ва ба тарафи бозор мебурдам, то бифурӯшам ва бо пули он ғизои кӯдаконамро таҳия созам. Ногаҳон паррандае омад ва он порчаро аз дастам рабуд ва дасти холӣ мондам ва чизе надорам, ки маоши кӯдаконамро таъмин намоям.
Ҳанӯз сухани зан тамом нашуда буд, ки дари хонаи Довуд(а)-ро заданд, ҳазрат иҷозати ворид шудан ба хонаро дод. Ногаҳон даҳ нафар тоҷир ба ҳузури Довуд (а) омаданд ва ҳар кадом сад динор (ҷамъан ҳазор динор) назди он ҳазрат гузоштанд ва арз карданд: Ин пулхоро ба мустаҳакаш бидиҳед.
Ҳазрати Довуд (а) аз онҳо пурсид: Иллати ин ки Шумо дастаҷамъона ин маблағро ба ин ҷо овардаед, чист?
Арз карданд: Мо савори киштӣ будем, тӯфоне бархост, киштӣ осеб дид ва наздик буд ғарк гардад ва ҳамаи мо ба ҳалокат бирасем, ногаҳон паррандаеро дидем, ки порчаи сурхбастае ба сӯи мо андохт, онро кушодем, дар он шоли бофта дидем, ба василаи он мавриди осебдидаи киштиро маҳкам бастем ва киштӣ бехатар гардид ва сипас тӯфон ором шуд ва ба соҳил расидем ва мо ҳангоми хатар назр кардем, ки агар наҷот ёбем ҳар кадом сад динор бипардозем ва акнун ин маблағро, ки ҳазор динор аз даҳ нафари мост ба ҳазрат овардаем то ҳар киро бихоҳӣ ба у садақа бидиҳӣ.
Ҳазарти Довуд(а) ба зан мутавваҷеҳ шуд ва ба ӯ фармуд: Парвардигори ту дар дарё барои ту ҳадя мефиристад, вале ту ӯро золим мехонӣ? Сипас ҳазор динорро ба он зан дод ва фармуд: Ин пулро дар таъмини маоши кӯдаконат масраф кун, Худованд аз ҳол ва рӯзгори ту, огохтар аз дигарон аст. Худо ҳофиз...
(?)
447 views11:36
Ochish/sharhlash
2023-04-06 05:36:16
Қиссаи таъсирбахш.
Рузе ҳазрати Сулаймон (а) аз назди як хона мегузашт, дид , ки он хона оташ гирифтааст ва ҳама кушиш доштанд оташро хомуш кунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳазрати Сулаймон (а) забони ҳашаротхо, ҳайвонҳоро медонист ва ногаҳон як мурчаеро дид, ки дар пушташ қатрае обро ба тарафи хона мебурд.
Ба мурча гуфт:
--Ин обро чикор мекунӣ ?
Мурча гуфт:
--Сухторро хомуш мекунам,
Сулаймон (а) гуфт:
--Бо ҳамин як катра об!
Мурча гуфт:
--Ман ин обро ба онҷо мебарам то ки Худованд дар рузи қиёмат маро напурсад, ки чаро аз назди он хона мегузаштӣ , он хона месухт кумак накардӣ !!!
169 views02:36
Ochish/sharhlash
2023-04-06 05:35:40
АСОСИ САОДАТИ ДУҶАҲОНӢ

Подшоҳ бо хидматгузорони худ дар чанд қаиқ ба сайри баҳр баромаданд. Ногоҳ тӯфон бархоста, яке аз заврақҳоро чаппа кард. Ду навраси даруни он шино карда наметавонистанд ва бо доду фарёд кӯмак хостанд. Шоҳ аз ин ҳол ба изтироб афтод.
Дарҳол ба яке аз ғаввосҳо амр дод, ки наврасонро наҷот диҳад. Ғаввос худро ба об зад. Як наврасро наҷот дода, фавран барои халос кардани ҷавони дуюм шитофт. Подшоҳ ҳар як амали ғаввосро бо тарсу хавотир мушоҳида мекард. Ғаввос навраси дуюмро берун овард. Аммо ӯ вафот карда буд. Подшоҳ ба ғаввос гуфт:
- Чаро аввал ҷавонеро, ки дуртар аз заврақ буд наҷот додӣ?
Ғаввос:
- Шоҳам, ман аз ин ҷавоне, ки наҷот додам, меҳрубонии зиёд дида будам ва барои ҳамин аввал ба ӯ ёрӣ расондам.
Подшоҳ аз ин сухани ғаввос сахт мутаассир шуд...

Ҳисса аз қисса, ягона чизе, ки моро ба саодати дуҷаҳонӣ мерасонад, накӯкориҳои мост. Одам танҳо бо некӣ ба саодат ва фароғат мерасад...

МУҲАББАТ ВА САМИМИЯТРО НИСБАТИ АТРОФИЁН ДАРЕҒ НАДОРЕМ ДӮСТОН.
169 views02:35
Ochish/sharhlash
2023-04-06 05:31:05
. Се чиз ҳаргиз барнаме- гардад:
Вақт.
Сухан.
Имконият

. Се чизро аз даст додан мумкин нест:
Сулҳ,
Умед,
Ҳақиқат.

. Се чиз қимат аст:
Муҳаббат.
Боварӣ.
Ростқавлӣ

. Се чиз муваққатист:
Касб.
Омад.
Мансаб.

. Се чизро гуфтан душвор аст:
Дӯстат медорам.
Мебахшӣ.
Лутфан кумак кунед.

https://t.me/Xirad
128 views02:31
Ochish/sharhlash
2023-04-06 05:20:23 Панду андарзҳои Анӯшервони Одил

1. Бо мардуми беҳунар дӯстӣ макун, ки мардуми беҳунар на дӯстиро шояд ва на душманиро.

2. Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумурад.

3. Дод аз худ бидеҳ, то аз довар мустағнӣ бошӣ.

4.Агарчи ҳақ талх бошад,бибояд шунид.

5.Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, бо дӯст магуй.

6. Хурднигариши бузургиён мабош.

7. Беқадр мардумро зинда машумор.

8. Агар хоҳӣ, ки бе ганҷ тавонгар бошӣ, писандкор бош.

9. Ба газоф(беҳуда) махар, то ба газоф набояд фурӯхт.

10. Марг беҳ аз он, ки ниёз ба ҳамчун худӣ бароштан.

11. Аз гуруснагӣ мурдан беҳ аз он, ки аз нони сифла сер шудан.

12. Ба ҳар тахайюле, ки туро сурат бандад, бар номуътамадон эътимод макун ва аз муътаадон эътимод мабар.

13. Ба кам зи худӣ мӯҳтоҷ будан азим мусибате бошад, агарчи хуш бувад, ки андар об мурдан беҳ, ки аз ҳақир зинҳор хостан.

14. Фосиқи мутавозеи инҷаҳонҷӯи беҳтар азобиди мутаккабири он ҷаҳонҷӯй.

15. Нодонтар аз он мардум набошад, ки яке аз кеҳтарӣ ба меҳтарӣ бирасида бошад, ҳамчунон ба сӯи ӯ ба чашми кеҳтарӣ нигаранд.

16. Шарме набувад бузургтар аз он, ки ба чизе даъво кунад, ки надонад ва он гоҳ дуруғгӯй бошад.

17. Фирефтатар аз он кас набувад, ки ёфта ба ноёфта бидиҳад.

18. Фурӯмоятар аз он касе набошад, ки касе бад-ӯ ҳоҷате бошад ва тавонад, ки раво кунад ва накунад.

19. Агар хоҳӣ, ки аз шумори додгарон бошӣ, зердастони удро ба тоқати хеш накӯ дор.

20. Агар хоҳӣ, ки аз шумори озодон бошӣ, тамаъро ба худ роҳ мадеҳ ва дар дил ҷой мадеҳ.

┄┄┅┅✿ ❀ ❀ ✿┅┅┄┄    

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
132 views02:20
Ochish/sharhlash
2023-04-06 05:11:52
САХОВАТ

- Саховатро аз кӣ омӯхтӣ?- пурсиданд аз Ҳотами Той.

— Аз хишт ёд гирифтам, — ҷавоб дод ӯ.

- Оё ягон бор аз хишт чизе омӯхта мешавад? - ҳайрон шуданд.

—   Боре дар ҳашари хонасозӣ, яъне ғиштдиҳӣ ширкат карда будам. Мо ба якдигар ғишт медодем. Якбора худам ба хулосае омадам: хишти дар даст доштаро додам, ба ман хишт доданд.  Вақте ки дароз накарда дар даст дошта истодам, хишт аз омадан бозистод.

  - Пас, чаҳони саховат ҳам ҳамин аст.  Агар садақа диҳӣ, давлат ҳам ба дастат меояд, агар бахил бошӣ, баракат намеёбӣ, - гуфт.

Сахӣ бошем.

https://t.me/Xirad
165 views02:11
Ochish/sharhlash
2023-04-05 20:14:30 Ба ҳар як овоз 10 ҳазор мегиред.
391 views17:14
Ochish/sharhlash