Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 19

2023-04-04 05:16:51
САЛОМ ЭЙ СУБҲ, ЭЙ ОЛАМИ ҲАСТӢ

Шукрона ба хоку нону оби Ту кунам,
Шукрона ба лутфи беҳисоби Ту кунам.
Аз давлати зиндагӣ, ҳамин бахшӣ, маро,
То он, ки амали мустаҷоби Ту кунам.

Ш. Муҳаммадсаид.


Салом эй субҳ ,
Салом эй олами ҳастӣ ,
Салом эй тулуъи офтоб ,
Салом эй зиндагӣ!
Саломи самимона бар якояки шумо дӯстони азиз!
Шукри ҳадяи Худованд, ки чашми ҳастӣ кушодем.
Ва тулуъи офтоб пайке аз рӯзи нав меорад.
Як субҳи атрогин ва як рӯзи беҳтаринро бароятон ба хайру хушӣ мегӯем.
Имрӯз бароятон бобарору баракатафзо  ва пур аз нишоту фараҳ бошад.

СУБҲИ РАМАЗОНИТОН БА ХАЙР БОШАД  !
203 views02:16
Ochish/sharhlash
2023-04-03 20:11:51 ҚИССАИ ҶОЛИБ

Дар яке аз мактабҳо муаллимае хост, ки ҳавасмандии шогирдонашро нисбат ба инсонгарӣ ва фазилати инсонӣ зиёд кунад. Назди худ қарор кард, ки барои онҳо имтиҳоне ташкил месозад ва ҳар касе, ки бехато ва зебо иҷро кунад баҳои аъло мегирад. Имтиҳон чунин буд шогирдон (кудакон) бояд, аз руи инсонӣ як дона пойафзоли зебо ва рамзӣ, ки дар назди муаллима буд, барои ба даст оварданаш матни зебо бе хатогӣ бинависанд.
Кудакон аз ин имтиҳон ва ё бозӣ лаззат мебурданд. Ҳама ба навиштан шуруъ карданд. Пас аз ҷамъоварии коғазҳо, муаллима бидид, ки кулли кудакон матни зебо навиштаанд, муаллима маҷбур шуд, ба ҳама баҳои аъло гузорад.
Бозӣ ба анҷом расид, ҳамма баҳои аъло гирифтанд, аммо бояд ин туҳфаро як нафар ба даст орад. Аз ин рӯ муаллима роҳи ҳаллро пайдо кард. Бояд кудакон дар варақи хурд номи худро бинависанд ва онро ба қуттӣ пинҳони партоянд. Мувофиқи гуфтаи муаллима кудакони синфи ибтидоӣ ҳар яке, номи худро дар варақи хурд менавишт ва онро қат карда ба дохили қуттӣ мепартофт. Муаллима бояд аз дохили қуттӣ бе интихоб, як дона варақчаро бикашад, номи ҳар нафаре хонда шавад ҳамон ғолиб аст. Пас аз анҷоми бозӣ. Дар ҳақиқат, муаллима, беинтихоб як варақро дар назди кудакон аз қуттӣ баровард ва номи навишта шударо хонд:
- Сумая Абдул Карим, барандаи ҷоизаи имрузаи мо аст.
Духтарчаи хурд Сумая дар зери кафкубии муаллима ва ҳамаи ҳамсинфонаш бо ашки шашқатор пеш омад.
Духтарча ба ҳама ташаккур гуфт, ва муаллимаашро барои ин туҳфаи олӣ, ки барои ӯ, ба ҷойгоҳ ва вақти лозима омад сипос гуфт, аммо дар дили худ Худоро ҳазор маротиба сипос мегуфт.
Сумая аз пушидани пойафзоли куҳна ва дарида безор шуда буд, аз камбағалии шадид волидонаш наметавонистанд пойафзоли нав бихаранд.
Муаллима он руз бо хушнудӣ ба хона баргашт. Аммо шаб ба назди шавҳараш бо ашку гиря омада нишаст.
Шавҳараш аз ҳодиса пурсид, зан аз ҳодисаи имруза дар мактаб ба шавҳараш гирякунон қисса кард. Шавҳар ин ҳикояро аз забони занаш шунида хурсанд шуд, аммо аз ашки занаш ҳайрон шуд ва пурсид:
- Пас чаро гиря мекунӣ?
Зан гуфт:
- Вақте ки ман баргаштам, аз қуттие ки бо худ оварда будам боқимондаи коғазҳоро баровардам фаҳмидам, ки ҳама толибилмон номи он духтаракро Сумая Абдул Каримро навишта будаанд. Кудакон ба ин хурдии худ нигоҳ нокарда аз аҳволи ӯ хабар доштаанд. Имруз даст ба дасти ҳам доданд то ӯро хуш созанд...

Манбаъ: http://T.me/pandhoi_buzurgon

https://t.me/Xirad
358 views17:11
Ochish/sharhlash
2023-04-03 10:35:38
533 views07:35
Ochish/sharhlash
2023-04-03 10:12:40
Тақдимоти иштирокчиёни озмуни
"Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"
хонандагони синфи 3 в мактаби миёнаи рақами 57-уми ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.
Роҳбари синф:
Сафаров Шодмон
Мудири қисми илмӣ :
Норов Рӯзиқул
558 viewsedited  07:12
Ochish/sharhlash
2023-04-03 02:12:43
685 views23:12
Ochish/sharhlash
2023-04-02 05:24:36 Дўстони азиз имрўз шоири номдор , устод Асад Гулзодаи Бухорои ба синни мубораки 90 расиданд .Маросими ч,ашн дар Бухоро бо донишжўёни гурўҳи точ,ики гузаронида шуд .Мо устодро табрик намуда ,умри дарози Саьдиёна орзумандем !
Зодрўз муборак устоди азиз ва олиқадр !
277 views02:24
Ochish/sharhlash
2023-04-02 05:24:36
277 views02:24
Ochish/sharhlash
2023-04-02 05:06:52
Сабру тоқат меваи имон бувад,
Зикри у дар ояти Қуръон бувад.
Ҳар ки бар худ сабр дорад бе ғалад,
Бандаи озодаи Раҳмон бувад.
Сабр кун ҷоно, Худо ҳамроҳи туст,
Вар-на андар қалби ту шайтон бувад.
Ҳарфи Аллоҳро шунав бо гуши ҷон,
Ҳар киро сабр аст, Ҳақ бо он бувад.
309 views02:06
Ochish/sharhlash
2023-04-02 05:02:22 Айбҳои якдигарро хуш бипазиред, то дӯстию муҳаббат идома ёбад.

Агар ақлатро дуруст кор нафармоӣ, пас тамоми вуҷудат аз ту шикоят мекунад.

Ақл фиреб кунад ҳам, виҷдон фиреб намекунад, зеро виҷдони пок тамоми зоҳиру ботини шахсро намудор месозад.

Бисёриҳо ба насиҳат гӯш мекунанд, аммо оқилон аз он истифода мебаранд.

Оқил ақлашро истифода мебарад, оқилтар аз ақлҳои дигарон истифода мебарад.

Ақлу рӯҳ чӣ қадар аз китоб таъсир гирад, инсон ҳамон қадар ғанӣ мегардад.

Ақл низ ба мисли замин аст, эҳтиёҷ ба коштан ва нигоҳу бин дорад.

Нуқсони ақл ду навъ аст, яке девонагӣ дигаре ҷоҳилӣ, ақл омода набошад, чашм намебинад.

Зебогии ақл дар забон, зебогии забон дар сухан, зебогии сухан дар шахс, зебогии шахс дар чеҳра, зебогии чеҳра дар чашм аст.

Се нишонаи боақлӣ фикри хуб, сухани хуб, амали хуб кардан аст.

Ақлу илм се душман дорад: бадӣ, нодонӣ ва танбалӣ.

Барои хизмат ба ақли хеш ҷасур бош, зеро ақли ҳама ба мисли рӯяш гуногун аст, дар дунё ягон ақл бе вуҷуди ақли дигар ба миён намеояд.

Шукронаи ШИРИН


https://t.me/Xirad
216 views02:02
Ochish/sharhlash
2023-04-02 05:02:22
ЧАНД МАСЛИҲАТ АЗ БУЗУРГОН

Шахсе, ки айбҳоямро дар рӯям мегӯяд, раҳмати Офаридгор бар ӯ бод. Хоҳӣ, ки айбат пушидаю танат саломат бошад, кам бигӯй ва бисёр гӯш кун. Шахсе ки айби худро намебинад, айби дигаронро бузург мебинад. Барои баъзеҳо ёфтани айби дигарон ба мисли хазина аст ва барои ёфтани он ҳама гуна роҳро паси сар мекунанд, то ба он бирасанд.

Айбҳои дӯстатро дар танҳоӣ ба рӯяш бигӯ, дар назди дигарон бошад, таърифаш кун, то ин ки сарддил нашуда, худро аз дигарон канор нагирад.
234 views02:02
Ochish/sharhlash