Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 22

2023-03-30 02:26:11
ФАРҲАНГИ МАЪРИФАТ

Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?

Чунин дод посух бад -ӯ раҳнамун,
Ки фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.

Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад.
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.

Маёсой зи омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфкан дил андар гумон.

Яке нағз бози кунад рӯзгор,
Ки биншояд - пеши омӯзгор.

Чунин гуфт донанда деҳқони пир,
Ки дониш бувад мардро дастгир.

Ғаму шодмонӣ бибояд кашид,
Зи ҳар шӯру талхӣ бибояд чашид.

Ҷавонони донандаи богуҳар,
Нагиранд бе озмоши ҳунар.

Падар чу ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар - ӯ бар ниҳон.

Гар ӯ бифканад фару номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.

Ту акнун ҳамекӯшу бо дод бош,
Чу дод оварӣ, аз ғам озод бош.

Хирадмандро шоду наздик дор.
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор.

Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пӯшт бар зин, гаҳе зин ба пӯшт.

Аз он пас бар он кас кунед офарин,
Ки аз додаш обод бошад замин.

Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи каҷҷӣ бадтар хеҷ андеша нест!

АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

https://t.me/Xirad
300 views23:26
Ochish/sharhlash
2023-03-30 02:26:11
Маърифат калимаи арабӣ буда, маънояш:

1. Илму дониш аст.

Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино,
Буда аз нури маърифат бино.
Анварӣ

Чашм бар нусхаҳои куҳна бидӯз,
Маърифат тоза дафтар аст пирӯз.
Бедил

2. Шинохтан, донистан аст.

Қисми аввал дар мабодӣ ва ин муштамил аст бар ҳафт фасл: фасли аввал дар маърифати мавзӯъ ва мабодӣ ...
Ахлоқи Носирӣ

3. Биниш, тамиз, фаҳм аст.

Маърифат нест дар ин қавм, худоро, мададе,
То барам гавҳари худро ба харидори дигар
Ҳофиз

4. Шиносоӣ, ошноӣ аст.

Маълумот доир ба тасаввуф, ҷаҳоншиносӣ, яке аз чор дараҷаи ирфони сӯфия: шариъат, тариқат, маърифат, ҳақиқат.

Ба нури дил кунад сайри муҳити маърифат ориф,
Чароғи роҳ бошад чашми мино нохудоёнро.
Шавкат

https://t.me/Xirad
329 views23:26
Ochish/sharhlash
2023-03-30 02:26:11
МАЪРИФАТ ЧИСТ?
328 views23:26
Ochish/sharhlash
2023-03-29 17:53:21
502 views14:53
Ochish/sharhlash
2023-03-29 17:49:46
Тақдимоти иштирокчиёни озмуни
"Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"
хонандагони синфи 2 б мактаби миёнаи рақами 57-уми ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.
Роҳбари синф:
Тилаков Мақсуд
501 viewsedited  14:49
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:33
Аммо тухмиҳо дар хоки хуб ин одаме ҳаст, ки Каломи Худоро мешунавад, ба ӯ бовар мекунад ва ба шарофати ин мева медиҳад".

https://t.me/Xirad
300 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:33
Замини хордор ин одаме аст, ки Каломи Худоро мешунавад. Аммо ӯ дар бораи чизҳои гуногун ташвиш мекашад, кӯшиш мекунад, ки пули бештар ба даст орад ва чизҳои зиёдеро харад. Пас аз муддате, ӯ дигар наметавонад Худоро дӯст дорад. Ва он чизе ки ӯ аз Каломи Худо омӯхт, дигар ба ӯ барои писанд омадан ба Худо кӯмак намекунад. Чунин одам ба пояҳои гандуми бе дона монанд аст.
304 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:33
Хоки сангдор ин одаме аст, ки каломи Худоро мешунавад ва онро бо шодӣ қабул мекунад. Аммо вақте ки ӯ душвориҳоро аз сар мегузаронад ё вақте ки дигарон ӯро азоб медиҳанд, вай Худоро тарк мекунад. Ӯ ба Худо таваккал карданро бас мекунад.
254 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:33
Шогирдон ин ҳикояро нафаҳмиданд, вале Исо маънои онро фаҳмонд вақте, ки онҳо бо Ӯ дар танҳоӣ буданд: "Тухмиҳо - ин Каломи Худо аст. Роҳ - ин одаме аст, ки Каломи Худоро мешунавад аммо онро намефаҳмад. Ва иблис каломро аз ӯ медуздад, то одам бовар накунад ва наҷот наёбад.
245 views23:31
Ochish/sharhlash
2023-03-26 02:31:32
Тухмиҳое будан, ки дар хоки хуб афтиданд. Онҳо калон шуда 30, 60 ва ҳатто 100 маротиба зиёд тухмӣ оварданд аз оне, ки кошта шуда буд. Ҳар кӣ мехоҳад ба Худо пайравӣ кунад, бигзор ба он чизе, ки Ман мегӯям таваҷҷӯҳ диҳад"!
172 views23:31
Ochish/sharhlash