Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 18

2023-04-05 20:13:47 Касе ба опен БЮДЖЕТ овоз надода бошад ба +998942172386 занг занед ва овоз дода соҳиби 10 ҳазор шавед.
391 views17:13
Ochish/sharhlash
2023-04-05 15:49:05
493 views12:49
Ochish/sharhlash
2023-04-05 13:47:23
Тақдимоти иштирокчиёни озмуни
"Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"
хонандагони синфи 3 а мактаби миёнаи рақами 57-уми ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.
Роҳбари синф:
Чоршанбиев Шароф
506 views10:47
Ochish/sharhlash
2023-04-04 08:50:53
Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,
Ки доим дар амон бошад камозор.

Ба ёди Ҳақ таъоло бош хушнуд,
Ки хушнудӣ ризо ҳосил кунад зуд.

Мабар бар кас ҳасад, гар молдор аст,
Ки ту дар ранҷию ӯ шодкор аст.

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯш, он гаҳ дар амон бош.

Чу бад хоҳӣ ба кас, аз ғам бикоҳӣ,
Набинӣ ҳеч бад, гар некхоҳӣ.

Дилатро бо мурувват муттафиқ кун,
В-агар хайре кунӣ, бо мустаҳиқ кун.

Мадад кун, то ки Ҳақ ёри ту бошад,
Ҳама олам мададгори ту бошад.

Мурувват нест, ар афтода бинӣ,
Ба раҳ бинию худ маркаб¹ биронӣ.

Ба некон бошу андар некуӣ куш,
Макун некии кас аз дил фаромӯш.

Ба некон умр созу барг хоҳад,
Бадонро халқи олам марг хоҳад.

Аз "Саодатнома"-и Носири Хусрав

https://t.me/Xirad

180 views05:50
Ochish/sharhlash
2023-04-04 08:50:22
Дурӯғу каҷ магӯ дар ҳеҷ роҳе,
Ки набвад з-ин бадтар ҳаргиз гуноҳе.

Макун ғайбат, мадеҳ беҳуда дашном,
Ки дар ҳасрат фурӯ монӣ саранҷом.

Накӯбин бош агар ақлат ба ҷой аст,
Агар беайб меҷӯӣ, Худой аст.

Аз "Панднома"-и Фаридуддини Аттор

https://t.me/Xirad

172 views05:50
Ochish/sharhlash
2023-04-04 08:49:50
Аз ин ҷаҳони бебақо, хоҳӣ- нахоҳӣ меравӣ,
Аз байни хешу ақрабо, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Суде надорад симу зар, аз роҳи шайтон кун ҳазар,
Шоҳзода бошӣ ҳам агар, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Мағрур мабош аз давлатат, суде надорад савлатат,
Рузе, ки ояд навбатат, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Ҳаргиз набошӣ кинагир, дасти ятимонро бигир,
Барнодилӣ ё ин ки пир, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Дунёст чун дарё равон, монанди он дарёдилон,
Аз ин замин, аз ин макон, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Хайру сахо пеша кун, аз роҳи бад андеша кун,
Некӣ бимонад ҷовидон, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Ин панди Мавлоно шунав, аз пушти ризқ ҳаргиз мадав,
Бою бадавлат ё гадо, хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ.

Ҷалолиддини Румӣ

https://t.me/Xirad

157 views05:49
Ochish/sharhlash
2023-04-04 05:29:20
322 views02:29
Ochish/sharhlash
2023-04-04 05:19:20 Дар бобати ҳамин мавзӯъ мехостам фикру андешаи худро баён созам. Дар зиндагӣ аз некӣ ва накӯкорӣ дида, дигар илтифоти беҳтаре нест. Фикр мекунам, ки амали нек ин ба ёру дӯстон ва рафиқону бародарон кӯмак ва дастгирӣ намудан аст, ғамхору мададгори падару модар будан, эҳтироми устоду калонсолонро ба ҷо овардан аст. Аслан инсон ба корҳои нек офарида шудааст. Одам, ки табиатан накӯкор аст, ба корҳои нек одат карданаш осонтар аст. Дар ҳадисе омадааст:
-Ба беморон ғамхорӣ кардан, ташнаро об додан, ба калонсолон хизмат кардан, ҳурмати падару модарро ба ҷо овардан, ба ятимон дилсӯзу меҳрубон будан кори неку савоб аст.

Он ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дар бастаро.

Одами накӯкор чун дарахти мевадор ҳамеша азизи ҳамагон аст. Касе, ки некию накӯкориро пешаи кори худ мекунад, вай беҳтарин инсон буда, гули сари сабади ҷамъият мегардад. Ӯро ҳама дӯст медоранду эҳтиромаш мекунанд. Ҳамнишини накӯкор мисли аттор аст, ки агарчӣ аз атраш ба ту чизе надиҳад аз бӯи хушаш туро баҳра бирасонад.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нашавад?
Гуфт : -Номи нек.
Гуфтанд: -Аз зиндагӣ кадом соат зоеътар аст?
Гуфт : -Он соат, ки накӯӣ дар ҳаққи касе тавонад кард, вале накунад. Дар ҳақиқат накӯкорӣ беҳтарин хислати инсонӣ аст. Ифодаи ахлоқи поки инсонӣ дар некӣ кардан аст. Бинобар ин ҳамеша нафърасони одамон бошем. Чунон ки гуфтаанд:

Рав некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некӯвон настонад.
Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ, ки ба ҷои мол некӣ монад.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадам, ки ростгӯӣ, ироданокӣ, хайрхоҳӣ, одилӣ, боодобӣ, забони хуш – ҳамаи инҳо одати нек ва ҳусни инсонанд. Ман ба ҳамсолони худ муроҷиат карда мегӯям, ки ҷавонтро ғанимат дониста, бештар некӣ кунанд, зеро танҳо номи неку кори нек аз инсон боқӣ хоҳад монд.

https://t.me/Xirad
221 views02:19
Ochish/sharhlash
2023-04-04 05:19:20
НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН...

Некӣ кардан ва накӯкор будан яке аз сифатҳои беҳтарини одамӣ мебошад. 
Падару бобоёни мо некию накӯкориро писандидаанду дар васфи он бисёр суханони нек гуфтаанд. Чӣ хеле ки шоире гуфтааст:

Пушаймон нагардад кас аз кори нек,
Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?
178 views02:19
Ochish/sharhlash
2023-04-04 05:18:52
СУРУДИ НЕКӢ

Дунёи савдо бигзарад,
Андӯҳи дилҳо бигзарад,
Ҳам навбати мо бигзарад,
Аммо ба зери осмон
Ҳамчун замини бекарон
Некӣ бимонад ҷовидон.

Сад баҳр хушкад дар назар,
Сад боғ гардад бесамар,
Сад роҳ монад беасар,
Аммо ба сад рамзу нишон
Чун офтоби дурфишон
Некӣ бимонад ҷовидон...

Чандин макон дигар шавад,
Чандин замон дигар шавад,
Чандин ҷаҳон дигар шавад,
Аммо ба ёди одамон
Чун қуллаи Боми Ҷаҳон
Некӣ бимонад ҷовидон.

[1984]

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

https://t.me/Xirad
178 views02:18
Ochish/sharhlash