Get Mystery Box with random crypto!

САЛОМ ЭЙ СУБҲ, ЭЙ ОЛАМИ ҲАСТӢ Шукрона ба хоку | Медони ё не?

САЛОМ ЭЙ СУБҲ, ЭЙ ОЛАМИ ҲАСТӢ

Шукрона ба хоку нону оби Ту кунам,
Шукрона ба лутфи беҳисоби Ту кунам.
Аз давлати зиндагӣ, ҳамин бахшӣ, маро,
То он, ки амали мустаҷоби Ту кунам.

Ш. Муҳаммадсаид.


Салом эй субҳ ,
Салом эй олами ҳастӣ ,
Салом эй тулуъи офтоб ,
Салом эй зиндагӣ!
Саломи самимона бар якояки шумо дӯстони азиз!
Шукри ҳадяи Худованд, ки чашми ҳастӣ кушодем.
Ва тулуъи офтоб пайке аз рӯзи нав меорад.
Як субҳи атрогин ва як рӯзи беҳтаринро бароятон ба хайру хушӣ мегӯем.
Имрӯз бароятон бобарору баракатафзо  ва пур аз нишоту фараҳ бошад.

СУБҲИ РАМАЗОНИТОН БА ХАЙР БОШАД  !