Get Mystery Box with random crypto!

ЧАНД МАСЛИҲАТ АЗ БУЗУРГОН Шахсе, ки айбҳоямро дар рӯям мегӯяд | Медони ё не?

ЧАНД МАСЛИҲАТ АЗ БУЗУРГОН

Шахсе, ки айбҳоямро дар рӯям мегӯяд, раҳмати Офаридгор бар ӯ бод. Хоҳӣ, ки айбат пушидаю танат саломат бошад, кам бигӯй ва бисёр гӯш кун. Шахсе ки айби худро намебинад, айби дигаронро бузург мебинад. Барои баъзеҳо ёфтани айби дигарон ба мисли хазина аст ва барои ёфтани он ҳама гуна роҳро паси сар мекунанд, то ба он бирасанд.

Айбҳои дӯстатро дар танҳоӣ ба рӯяш бигӯ, дар назди дигарон бошад, таърифаш кун, то ин ки сарддил нашуда, худро аз дигарон канор нагирад.