Get Mystery Box with random crypto!

Айбҳои якдигарро хуш бипазиред, то дӯстию муҳаббат идома ёбад. | Медони ё не?

Айбҳои якдигарро хуш бипазиред, то дӯстию муҳаббат идома ёбад.

Агар ақлатро дуруст кор нафармоӣ, пас тамоми вуҷудат аз ту шикоят мекунад.

Ақл фиреб кунад ҳам, виҷдон фиреб намекунад, зеро виҷдони пок тамоми зоҳиру ботини шахсро намудор месозад.

Бисёриҳо ба насиҳат гӯш мекунанд, аммо оқилон аз он истифода мебаранд.

Оқил ақлашро истифода мебарад, оқилтар аз ақлҳои дигарон истифода мебарад.

Ақлу рӯҳ чӣ қадар аз китоб таъсир гирад, инсон ҳамон қадар ғанӣ мегардад.

Ақл низ ба мисли замин аст, эҳтиёҷ ба коштан ва нигоҳу бин дорад.

Нуқсони ақл ду навъ аст, яке девонагӣ дигаре ҷоҳилӣ, ақл омода набошад, чашм намебинад.

Зебогии ақл дар забон, зебогии забон дар сухан, зебогии сухан дар шахс, зебогии шахс дар чеҳра, зебогии чеҳра дар чашм аст.

Се нишонаи боақлӣ фикри хуб, сухани хуб, амали хуб кардан аст.

Ақлу илм се душман дорад: бадӣ, нодонӣ ва танбалӣ.

Барои хизмат ба ақли хеш ҷасур бош, зеро ақли ҳама ба мисли рӯяш гуногун аст, дар дунё ягон ақл бе вуҷуди ақли дигар ба миён намеояд.

Шукронаи ШИРИН


https://t.me/Xirad