Get Mystery Box with random crypto!

ҚИССАИ ҶОЛИБ Дар яке аз мактабҳо муаллимае хост, ки ҳавасманд | Медони ё не?

ҚИССАИ ҶОЛИБ

Дар яке аз мактабҳо муаллимае хост, ки ҳавасмандии шогирдонашро нисбат ба инсонгарӣ ва фазилати инсонӣ зиёд кунад. Назди худ қарор кард, ки барои онҳо имтиҳоне ташкил месозад ва ҳар касе, ки бехато ва зебо иҷро кунад баҳои аъло мегирад. Имтиҳон чунин буд шогирдон (кудакон) бояд, аз руи инсонӣ як дона пойафзоли зебо ва рамзӣ, ки дар назди муаллима буд, барои ба даст оварданаш матни зебо бе хатогӣ бинависанд.
Кудакон аз ин имтиҳон ва ё бозӣ лаззат мебурданд. Ҳама ба навиштан шуруъ карданд. Пас аз ҷамъоварии коғазҳо, муаллима бидид, ки кулли кудакон матни зебо навиштаанд, муаллима маҷбур шуд, ба ҳама баҳои аъло гузорад.
Бозӣ ба анҷом расид, ҳамма баҳои аъло гирифтанд, аммо бояд ин туҳфаро як нафар ба даст орад. Аз ин рӯ муаллима роҳи ҳаллро пайдо кард. Бояд кудакон дар варақи хурд номи худро бинависанд ва онро ба қуттӣ пинҳони партоянд. Мувофиқи гуфтаи муаллима кудакони синфи ибтидоӣ ҳар яке, номи худро дар варақи хурд менавишт ва онро қат карда ба дохили қуттӣ мепартофт. Муаллима бояд аз дохили қуттӣ бе интихоб, як дона варақчаро бикашад, номи ҳар нафаре хонда шавад ҳамон ғолиб аст. Пас аз анҷоми бозӣ. Дар ҳақиқат, муаллима, беинтихоб як варақро дар назди кудакон аз қуттӣ баровард ва номи навишта шударо хонд:
- Сумая Абдул Карим, барандаи ҷоизаи имрузаи мо аст.
Духтарчаи хурд Сумая дар зери кафкубии муаллима ва ҳамаи ҳамсинфонаш бо ашки шашқатор пеш омад.
Духтарча ба ҳама ташаккур гуфт, ва муаллимаашро барои ин туҳфаи олӣ, ки барои ӯ, ба ҷойгоҳ ва вақти лозима омад сипос гуфт, аммо дар дили худ Худоро ҳазор маротиба сипос мегуфт.
Сумая аз пушидани пойафзоли куҳна ва дарида безор шуда буд, аз камбағалии шадид волидонаш наметавонистанд пойафзоли нав бихаранд.
Муаллима он руз бо хушнудӣ ба хона баргашт. Аммо шаб ба назди шавҳараш бо ашку гиря омада нишаст.
Шавҳараш аз ҳодиса пурсид, зан аз ҳодисаи имруза дар мактаб ба шавҳараш гирякунон қисса кард. Шавҳар ин ҳикояро аз забони занаш шунида хурсанд шуд, аммо аз ашки занаш ҳайрон шуд ва пурсид:
- Пас чаро гиря мекунӣ?
Зан гуфт:
- Вақте ки ман баргаштам, аз қуттие ки бо худ оварда будам боқимондаи коғазҳоро баровардам фаҳмидам, ки ҳама толибилмон номи он духтаракро Сумая Абдул Каримро навишта будаанд. Кудакон ба ин хурдии худ нигоҳ нокарда аз аҳволи ӯ хабар доштаанд. Имруз даст ба дасти ҳам доданд то ӯро хуш созанд...

Манбаъ: http://T.me/pandhoi_buzurgon

https://t.me/Xirad