Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 14

2023-04-21 03:27:48
Дар хонаам,эй дӯст биё,хона биё
Ҳоло ки баҳор аст,баҳорона биё
Сӣ рӯзи Рамазон рафт афсус
Ид аст,саид аст ба идона биё

Ҳамаи шуморо ба фарорасии иди саиди Фитр аз самими дил муборак гуфта бароятон дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятҳои неки дӯстонаро аз даргоҳи Яздони пок таманно дорам. Бигзор Худованд аз меҳрубониҳояш сарфароз гардонад, бароятон хушбахтии ҳарду оламро насибатон гардонад.
Идатон муборак.
2.6K views00:27
Ochish/sharhlash
2023-04-21 02:50:21
832 views23:50
Ochish/sharhlash
2023-04-20 20:39:54
Иштирокчиёни гурӯҳ!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик ва муборакбод гуфта, ба Шумо зиндагии босаодат, файзу баракати рӯзгор, хушбахтиву некрӯзӣ ва хони пур аз неъмат таманно дорад!

Бигзор ҳама дуову орзуҳои неки мо амалӣ гарданд, ваҳдати мардум боз ҳам мустаҳкамтар гашта, осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор бошад!

Иди саиди Фитр муборак!
384 views17:39
Ochish/sharhlash
2023-04-20 18:31:56
524 views15:31
Ochish/sharhlash
2023-04-20 18:30:16
Тақдимоти ғолибон ва иштирокчиёни озмуни
"Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"
хонандагони синфи 1 мактаби миёнаи рақами 52-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.
Роҳбари синф:
Маҳмудова Насиба
467 viewsedited  15:30
Ochish/sharhlash
2023-04-13 12:32:05
362 views09:32
Ochish/sharhlash
2023-04-13 11:55:45
Тақдими иштирокчиёни озмуни" Наврӯз ҷаҳонӣ шуд"хонандагони синфи 5-и мактаби миёнаи рақами 17 ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона
Роҳбари синф:Мадумарова Зӯҳро
371 views08:55
Ochish/sharhlash
2023-04-13 08:00:58
ЧАРОҒАК

Ба мактаб равем доим,
Дар кӯчаҳо намоён.
Чароғаки раҳнамо,
Диҳад кӯмак ба моён.

Донем қоидаи роҳ,
Гузарем аз гузаргоҳ.
Ҳамеша хурду калон,
Ҳушёр бошем дар ҷаҳон.

Доно, зукко шавем мо,
Вақти кӯчагузарӣ.
Фаромӯш накунем мо,
Қоидаи роҳгардӣ.

Аз эҷоди Шаҳинабону Амонова, донишомӯзи синфи 7 "А", аъзои маҳфили "Навқаламон"-и мактаби миёнаи рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд


https://t.me/Xirad
302 views05:00
Ochish/sharhlash
2023-04-13 07:34:27 Шукруллоҳ Сироҷ

МОДАРАМ

Модарам, тоҷи сарам, бо ту ҷаҳонам зебост,
Ҳар дами зиндагиву бахти ҷавонам зебост.
Мекунам васфи ту аз васфи ҷаҳон волотар,
Офаринанда ҷаҳон, бо ту лиҳонам зебост!

Модарам, дар ду ҷаҳон мунису ғамхори манӣ,
Дар вафо беҳ зи ҳама ёри вафодори манӣ!
Лутфи шоҳонаи ту аз карами Шоҳи ҷаҳон,
Бо дуо лутфу карамсозу мададгори манӣ!

Модарам, меҳри туро ман ба дигар нафрӯшам,
Ҳар сари мӯи сафеди ту ба зар нафрӯшам.
Оташин меҳри ту аз меҳри фалак пурнур аст,
Меҳри ту тира кунад, шамсу қамар нафрӯшам.

Модарам, номи ту ҳар лаҳза бувад вирди забон,
Баъд аз он Холиқи яктову Расули Қуръон!
Ту бузургиву бузургони ҷаҳон бандаи ту,
Нақши поят шавам, эй кош мани бе сомон.

Модарам, аз нигаҳат меҳру вафо меборад,
Аз ду рухсори гулат нуру сафо меборад.
Лафзи ширини ту дар Ҷаннату ман садқаи он,
К-аз забонат ба ҷаҳон лутфи Худо меборад.

Модарам, умри маро фасли муҳаббат туӣ, ту,
Каъбаи қалби маро ҷои ибодат туӣ, ту!
Шири покизаи ту Кавсари дунё бошад,
Ҷаннати рӯи замин, ганҷи саодат туӣ, ту!

Модарам, васфи туро гуфтаму бозат гӯям,
Меҳри ҷонсӯзи ту бо сӯзу гудозат гӯям.
Беҳтарин олиҳаӣ Шукрихудоӣ, модар,
Рӯи хоки қадамат хонда намозат, гӯям...

           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
261 views04:34
Ochish/sharhlash
2023-04-13 07:34:17
205 views04:34
Ochish/sharhlash