Get Mystery Box with random crypto!

Панду андарзҳои Анӯшервони Одил 1. Бо мардуми беҳунар дӯстӣ м | Медони ё не?

Панду андарзҳои Анӯшервони Одил

1. Бо мардуми беҳунар дӯстӣ макун, ки мардуми беҳунар на дӯстиро шояд ва на душманиро.

2. Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумурад.

3. Дод аз худ бидеҳ, то аз довар мустағнӣ бошӣ.

4.Агарчи ҳақ талх бошад,бибояд шунид.

5.Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, бо дӯст магуй.

6. Хурднигариши бузургиён мабош.

7. Беқадр мардумро зинда машумор.

8. Агар хоҳӣ, ки бе ганҷ тавонгар бошӣ, писандкор бош.

9. Ба газоф(беҳуда) махар, то ба газоф набояд фурӯхт.

10. Марг беҳ аз он, ки ниёз ба ҳамчун худӣ бароштан.

11. Аз гуруснагӣ мурдан беҳ аз он, ки аз нони сифла сер шудан.

12. Ба ҳар тахайюле, ки туро сурат бандад, бар номуътамадон эътимод макун ва аз муътаадон эътимод мабар.

13. Ба кам зи худӣ мӯҳтоҷ будан азим мусибате бошад, агарчи хуш бувад, ки андар об мурдан беҳ, ки аз ҳақир зинҳор хостан.

14. Фосиқи мутавозеи инҷаҳонҷӯи беҳтар азобиди мутаккабири он ҷаҳонҷӯй.

15. Нодонтар аз он мардум набошад, ки яке аз кеҳтарӣ ба меҳтарӣ бирасида бошад, ҳамчунон ба сӯи ӯ ба чашми кеҳтарӣ нигаранд.

16. Шарме набувад бузургтар аз он, ки ба чизе даъво кунад, ки надонад ва он гоҳ дуруғгӯй бошад.

17. Фирефтатар аз он кас набувад, ки ёфта ба ноёфта бидиҳад.

18. Фурӯмоятар аз он касе набошад, ки касе бад-ӯ ҳоҷате бошад ва тавонад, ки раво кунад ва накунад.

19. Агар хоҳӣ, ки аз шумори додгарон бошӣ, зердастони удро ба тоқати хеш накӯ дор.

20. Агар хоҳӣ, ки аз шумори озодон бошӣ, тамаъро ба худ роҳ мадеҳ ва дар дил ҷой мадеҳ.

┄┄┅┅✿ ❀ ❀ ✿┅┅┄┄    

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM