Get Mystery Box with random crypto!

АСОСИ САОДАТИ ДУҶАҲОНӢ Подшоҳ бо хидматгузорони худ дар чанд | Медони ё не?

АСОСИ САОДАТИ ДУҶАҲОНӢ

Подшоҳ бо хидматгузорони худ дар чанд қаиқ ба сайри баҳр баромаданд. Ногоҳ тӯфон бархоста, яке аз заврақҳоро чаппа кард. Ду навраси даруни он шино карда наметавонистанд ва бо доду фарёд кӯмак хостанд. Шоҳ аз ин ҳол ба изтироб афтод.
Дарҳол ба яке аз ғаввосҳо амр дод, ки наврасонро наҷот диҳад. Ғаввос худро ба об зад. Як наврасро наҷот дода, фавран барои халос кардани ҷавони дуюм шитофт. Подшоҳ ҳар як амали ғаввосро бо тарсу хавотир мушоҳида мекард. Ғаввос навраси дуюмро берун овард. Аммо ӯ вафот карда буд. Подшоҳ ба ғаввос гуфт:
- Чаро аввал ҷавонеро, ки дуртар аз заврақ буд наҷот додӣ?
Ғаввос:
- Шоҳам, ман аз ин ҷавоне, ки наҷот додам, меҳрубонии зиёд дида будам ва барои ҳамин аввал ба ӯ ёрӣ расондам.
Подшоҳ аз ин сухани ғаввос сахт мутаассир шуд...

Ҳисса аз қисса, ягона чизе, ки моро ба саодати дуҷаҳонӣ мерасонад, накӯкориҳои мост. Одам танҳо бо некӣ ба саодат ва фароғат мерасад...

МУҲАББАТ ВА САМИМИЯТРО НИСБАТИ АТРОФИЁН ДАРЕҒ НАДОРЕМ ДӮСТОН.