Get Mystery Box with random crypto!

Рӯзе духтарак аз падараш пурсид: — Падарҷон, агар ман нафар | Медони ё не?

Рӯзе духтарак аз падараш пурсид:
— Падарҷон, агар ман нафареро хеле дӯст бидорам, аммо ӯ пайваста як кори баде анҷом диҳад, ман бояд чи кор кунам?
Падар ҷавоб дод:
— Бояд ба у бигуӣ, ки ин кори хубе нест, ин корро накун.
Боз пурсид:
— Агар гуфта натавонам чи?
Падар гуфт:
— Хуб, дар як порча коғаз бинавис ва дар ҷайбаш гузор.

Субҳ, ки мард барои рафтан ба кор омода мешуд, аз ҷайбаш порчаи коғазе ёфт, ки дар он чунин навиштае буд " Салом падарҷон. Сигор кашидан кори хубе нест, лутфан ин корро накунед."

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya