Get Mystery Box with random crypto!

Зане ба ҳузури Довуд (а) омад ва гуфт: Эй пайғамбар, Худои ту | Медони ё не?

Зане ба ҳузури Довуд (а) омад ва гуфт: Эй пайғамбар, Худои ту золим аст, ё одил?
Довуд (а) фармуд: Худованд одиле аст, ки ҳаргиз зулм намекунад. Сипас фармуд: Магар чӣ ҳодисае ба ту рух додааст, ки ин саволро мекунӣ?
Зан гуфт: Ман бевазан ҳастам ва се духтар дорам, бо дастам ресандагӣ мекунам, дирӯз шоли бофтаи худро дар миёни порчае гузошта будам ва ба тарафи бозор мебурдам, то бифурӯшам ва бо пули он ғизои кӯдаконамро таҳия созам. Ногаҳон паррандае омад ва он порчаро аз дастам рабуд ва дасти холӣ мондам ва чизе надорам, ки маоши кӯдаконамро таъмин намоям.
Ҳанӯз сухани зан тамом нашуда буд, ки дари хонаи Довуд(а)-ро заданд, ҳазрат иҷозати ворид шудан ба хонаро дод. Ногаҳон даҳ нафар тоҷир ба ҳузури Довуд (а) омаданд ва ҳар кадом сад динор (ҷамъан ҳазор динор) назди он ҳазрат гузоштанд ва арз карданд: Ин пулхоро ба мустаҳакаш бидиҳед.
Ҳазрати Довуд (а) аз онҳо пурсид: Иллати ин ки Шумо дастаҷамъона ин маблағро ба ин ҷо овардаед, чист?
Арз карданд: Мо савори киштӣ будем, тӯфоне бархост, киштӣ осеб дид ва наздик буд ғарк гардад ва ҳамаи мо ба ҳалокат бирасем, ногаҳон паррандаеро дидем, ки порчаи сурхбастае ба сӯи мо андохт, онро кушодем, дар он шоли бофта дидем, ба василаи он мавриди осебдидаи киштиро маҳкам бастем ва киштӣ бехатар гардид ва сипас тӯфон ором шуд ва ба соҳил расидем ва мо ҳангоми хатар назр кардем, ки агар наҷот ёбем ҳар кадом сад динор бипардозем ва акнун ин маблағро, ки ҳазор динор аз даҳ нафари мост ба ҳазрат овардаем то ҳар киро бихоҳӣ ба у садақа бидиҳӣ.
Ҳазарти Довуд(а) ба зан мутавваҷеҳ шуд ва ба ӯ фармуд: Парвардигори ту дар дарё барои ту ҳадя мефиристад, вале ту ӯро золим мехонӣ? Сипас ҳазор динорро ба он зан дод ва фармуд: Ин пулро дар таъмини маоши кӯдаконат масраф кун, Худованд аз ҳол ва рӯзгори ту, огохтар аз дигарон аст. Худо ҳофиз...
(?)