Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 12

2023-04-24 08:00:26
226 views05:00
Ochish/sharhlash
2023-04-24 07:59:49
275 views04:59
Ochish/sharhlash
2023-04-24 07:59:34 Панду андарзҳои Нӯшервони Одил

1. Агар хоҳӣ, ки мардумон туро накӯгӯй бошанд, накӯгӯи мардумон бош.

2. Агар хоҳӣ, ки ранҷи ту зоеъ набошад ба ҷои мардумон, ранҷи мардумон ба ҷои хеш зоеъ макун.

3. Агар хоҳӣ, ки камдӯст набошӣ, кина мадор.

4. Агар хоҳӣ, ки беандоза андӯҳгин набошӣ, ҳасуд мабош.

5. Агар хоҳӣ, ки аз ранҷидагӣ дур бошӣ, он чӣ наравад, марон.

6. Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузорӣ, равиши худро ба рӯи кор дор.

7. Агар хоҳӣ, ки туро девонасор нашумуранд, он чӣ ноёфтанӣ бувад, маҷӯй.

8. Агар хоҳӣ, ки боозарм бибошӣ ва бообрӯй, озори кас маҷӯй.

9. Агар хоҳӣ, ки фирефта набошӣ, кори накардаро карда мапиндор.

10. Агар хоҳӣ, ки пардаи ту дарида нашавад, пардаи кас мадар.

11. Агар хоҳӣ, ки бар қафои ту наханданд, зер дастонро пок дор.

12. Агар хоҳӣ, ки аз пушаймонии дароз эмин гардӣ, ба ҳавои дил кор макун.

13. Агар хоҳӣ, ки зирак бошӣ, рӯи хеш дар оинаи касон бин.

14. Агар хоҳӣ, ки бебим бошӣ, беозор бош.

15. Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумон бишинос.

16. Агар хоҳӣ, ки ба қавли ту кор кунанд, ба қавли худ кор кун.

17. Агар хоҳӣ,ки писандидаи мардумон бошӣ, бар он кас, ки хирад аз ӯ ниҳон бошад, рози хеш ошкор макун.

18. Агар хоҳӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош.

19. Чаро душман нахонӣ касеро, ки ҷавонмардии хеш дар озори мардумон донад?

20. Чаро дӯст хонӣ касеро, ки душмани дӯстони ту бувад? 

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
278 views04:59
Ochish/sharhlash
2023-04-24 05:04:10
Салом!
Субҳи зебоятон ба хайр.
ИншоАллоҳ ҷисму
ҷонатон саломат;
Лабатон хандон;
Хубиҳоятон пойдор;
Лаҳзаҳоятон пур аз
хайру баракот;
Ва зиндагиатон пур аз
шодӣ ва оромиш бошад,
Дӯстони азизу гиромӣ!

@pandhoi_buzurgon
343 views02:04
Ochish/sharhlash
2023-04-23 18:34:47 ТОҶИКАМ
Эй нишони ҷовидон аз оли Сомон тоҷикам,
Зодаи Машриқзамин аз хоки хоки Хатлон тоҷикам.
Оташи толеъи манро Суғд афрӯхт аз азал,
Зулмати дунёи дунро шамъи тобон тоҷикам.
Хонаи ман кӯҳ гашту санги хоро бистарам,
Қуллаҳо гаҳвораам тифли куҳистон тоҷикам.
Аз забонам шеър резад аз қудумам барги гул,
Хок гирам ганҷ гардад чун Зарафшон тоҷикам.
Рӯдакӣ Фирдавсӣ Ҷомӣ кохи назм афрӯхтанд,
Осмони назмро ганҷи дурахшон тоҷикам.
Кард чора дардро Сино ба ҷуз дарди аҷал,
Дардмандони ҷаҳонро гашта Луқмон тоҷикам.
Нам-нами савту суруд хуш ояд аз лабҳои ман,
Саъдию Соиб Ҳилолии ғазалхон тоҷикам.
Бо ҳамин лафзи дарӣ Бедил дили дунё гирифт,
Ҳамчу Ҳофиз дар каломи хеш султон тоҷикам.
Ман ба хони ҳеҷ кас дасти тамаъ нагзоштам,
Дар қаноат Хизраму бо пораи нон тоҷикам.
Ҳамчу Восеъ ҳақпарасту ҳамчу Айнӣ ҳақназар,
Гарчӣ сар дар зери дору банди зиндон тоҷикам.
Дӯстиро месароем ҳамчу Мирзо бошараф,
Осиёро бо сурудам карда бӯстон тоҷикам.
Ҳарзагӯйро таърихам бо нони ҳақ кӯраш кунад,
Гарчи сад иғво фурӯшад ғайри имкон тоҷикам.
Сарбаландиам бувад чун кӯҳи Помир то абад,
Хонадони Шарқро нури чароғон тоҷикам.

Изатуллоҳи Кенҷа

http/t.me/tjmyallim
482 views15:34
Ochish/sharhlash
2023-04-23 18:34:27
Шеъри Лоиқ Шералӣ
Ровӣ: Меҳровар
495 views15:34
Ochish/sharhlash
2023-04-22 09:50:38 БОАДАБ БОШ...

1. Бе бисмиллоҳ хӯрок махӯр.
2. Агар сир дошта бошӣ ба касе магӯ.
3. Дар ҳолати ҷанобат хӯрок махӯр.
4. Либосатро дар баданат мадӯз.
5. Рафторе макун, ки сабаби бадном шуданат гардад.
6. Бо бадон рафиқӣ макун, пӯшаймон хоҳӣ шуд.
7. Доимо ҳадафҳо дошта бошӣ, бар гузашта банд машав.
8. Фикри ҳаромиро макун.
9. Ба моли касе чашм мадӯз.
10. Дар маконе мол нагузошта бошӣ, даст дароз макун.
11. Суханронии ду нафарро гӯш макун.
12. Ҳақи нону намакро пос дор.
13. Ба номаҳрам назар макун. Хиёнат макун.
14. Бе даъват ба маконе марав. Агар нафареро ҳамроҳӣ бикунӣ, пас нафари бономусро ҳамроҳӣ бикун.
15. Суханҳои дар маҷлис бударо дар ақлат нигоҳ дор.
16. Аз як хона ба хонаи дигар сухан мабар.
17. Аз бадӣ кардан дур бош.
18. Боадаб бош.
19. Бо ҳама рафтори накӯ бикун.
20. Якрав ва бадсухан мабош.
21. Пеш- пеши бузургон роҳ марав.
22. Бузургонро эҳтиром бикун.
23. Доимо тоза бош.
24. Ба ҳаром ва чизҳои манъшуда наздик машав.
25. Панҷ вақт намозро дар вактҳояш адо бикун. Худатро бо илму фазилат машғул бикун.
26. Имконҳои дар даст будаатро исроф макун.
27. Боқаноат бош. Қаноат хазинаи тамомнашаванда аст.


Беҳтарин канал
Сухани Руз |Suhani Ruz Обуна шавед
154 views06:50
Ochish/sharhlash
2023-04-22 03:23:23
#ҲИКМАТИ_РӮЗ!



Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст?
Ман муттақидам, ки андар он сирре ҳаст!!!

Як даст ба кори хештан пардозӣ,
Бо дасти дигар, зи дигарон гирӣ даст!!!



@pandhoi_buzurgon
https://t.me/pandhoi_buzurgon
238 views00:23
Ochish/sharhlash
2023-04-22 03:22:53
Зиндагӣ китобест пурмоҷаро. Ҳеҷ гоҳ онро ба
хотири як варақаш дур маяндоз. Зиндагӣ
тафсири се калима аст:
хандидан,
бахшидан,
__ ва фаромӯш кардан...
Пас биханд, бубахш ва фаромӯш бикун!

@pandhoi_buzurgon
https://t.me/pandhoi_buzurgon
227 views00:22
Ochish/sharhlash
2023-04-22 03:20:15
168 views00:20
Ochish/sharhlash