Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 10

2023-04-30 18:18:08
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.

Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара,
Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ
Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад.

Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале
Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан.
161 views15:18
Ochish/sharhlash
2023-04-30 18:17:42
БУХОРО - МЕҲВАРИ ДУРДОНАИ ШАРҚ

Бухоро - меҳвари дурдонаи Шарқ,
Бухоро - гавҳари афсонаи Шарқ.
Бухоро - бурҷи қутби рӯйи дунёст,
Бухоро - кишвари якдонаи Шарқ.

Бухоро зевари тоҷи ҷаҳонӣ,
Зӣ таърих баҳри мардум армуғонӣ!


Ту будӣ асли лафзи модариям,
Ту будӣ мабдаи шеъри дариям.
Ту будӣ номаи таъриху фарҳанг,
Ту будӣ шаъну тахти афсариям.


Бухоро шаҳри ишқу ормонӣ,
Ки гултоҷи зарини ҳамзабонӣ!


Туӣ гулшираи лафзу садоям,
Туӣ анвори ҳар ҳарфу ҳиҷоям.
Туӣ гавҳораҷунбони забонам,
Туӣ модарзамин баҳри Синоям.

Бухоро шаҳри ҳам пиру ҷавонӣ,
Ки рамзи Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнӣ!

Бухоро сарпаноҳи шони миллат,
Бухоро минбари виҷдони миллат.
Ки то дам номи ӯ шӯҳрат биёрад,
Бухоро обу хоку  нони миллат.

Сароғози макони ҳамзабонӣ,
Замини поки халқи ҳамзамонӣ!

ОЗАРМЕҲР


https://t.me/Xirad
218 views15:17
Ochish/sharhlash
2023-04-29 14:24:24 ПАНҶ АМАЛЕ, КИ ШАХСИЯТИ КӮДАКРО БАРБОД МЕДИҲАД...

Яке аз олимони замони мо мегӯяд: "Панҷ иллате ҳаст, ки шахсияти кӯдакро вайрон мекунанд.

1. Дашноми қабеҳе, ки аз ҷониби волидайн садо медиҳад.

2. Муқоиса. Масалан: Бародарат аз ту дида беҳтар аст. Муқоиса барои кӯдакон бисёр таъсири бад дорад ва дар хотираи онҳо доғи сиёҳ мегузорад.

3. Муҳаббати шартӣ: Масалан: Ту агар ин ё он амалро анҷом диҳӣ, ман туро дӯст медорам вагарна НЕ. Бояд ҳамеша байни ахлоқ ва шахсият сарҳад дошта бошад. Дар чунин сурат кӯдакон эҳсос менамоянд, ки онҳоро касе ҳамин тавр дӯст дошта наметавонад ва рӯҳан шикаста мешаванд. Ба ҷои ин бояд гуфт: "Бачам, ман туро дӯстмедорам, аммо ин амали туро на.

4. Хабари дурӯғ. "Гиря макун, мардҳо гиря намекунанд." Кӣ ба шумо инро гуфт? Бо ин ҷумла шумо фарзандатонро пурзӯр намекунед, баръакс шахсияти ӯро вайрон хоҳед кард. Бо ин ҷумла шумо фарзандатонро дилсахт мекунед.

5. Ҳеҷ гоҳ фарзанди худро масхара макун. Ту бекора, ту танбал, нагӯ. Бо ин гуфтаҳо натанҳо фарзандатонро мекушед, балки худатонро ҳам, охир он бачаи шумост. Падаре, ки фарзандашро дӯст медорад чунин рафтор намекунад .

ТАРҶУМОН: ОЗОД ҲОДИЗОДА

#ПАНДИ_БУЗУРГОН
БА ДӮСТОН ИРСОЛ НАМО:

@TAFAKKUR_TJK
329 views11:24
Ochish/sharhlash
2023-04-28 06:00:11
181 views03:00
Ochish/sharhlash
2023-04-27 21:41:05 https://t.me/ochiqbudjetbot?start=00259362014
565 views18:41
Ochish/sharhlash
2023-04-27 20:59:00
184 views17:59
Ochish/sharhlash
2023-04-27 20:58:59
138 views17:58
Ochish/sharhlash
2023-04-26 05:22:40
Одоб ҳусни инсон аст

Одоб бештар дар хислатҳо - рафтор, гуфтор ва тарбияи шахс намоён мешавад. Аз худдорию гуфтугӯяш мо то чи андоза будани ӯро баръало мефаҳмем. Инчунин, инсон дар ҳама вазъият - рӯзҳои равшану ториктари зиндагӣ дуруст хулоса бароварда тавонистанаш даркор.
Ҳар як шахс бо одоби хубаш дар ҳама ҷо намуна ва соҳиби ҳурмати воло мегардад. Ба қадре беодобӣ ҳамроҳ бошад, обрӯйи вай паст мегардад. Ин ҳамааш ба ояндаи инсон рафта мерасад ва албатта, бетаъсир намемонад. Агар дар қалби инсон имон, эътиқоди баланд, садоқату вафо ва меҳр ҷой гирифта бошад, ба атрофиёнаш муомилаи хуб мекунад, ки ба натиҷаи хубу фараҳбахш оварда мерасонад.

Пурсиданд:
- Мӯъҷизаи дунё чист?

Посух шуд:
-Мӯъҷизаи дунё, қалби инсон!

   Оллоҳ - имон, меҳру мурувват, виҷдон, бовариро чун донаҳои анор дар қалби мо ҷо кардааст.
Аз ин рӯ, бояд эҳтиёткорона рафтор кунем, то ки ин неъматҳо зарар набинанд.

Бо эҳтиром Саодат Ӯктамова, аъзои маҳфили "Навқаламон", донишомӯзи синфи 10-и мактаби рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд
139 views02:22
Ochish/sharhlash
2023-04-26 05:22:28
ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ САЪЙ МЕБОЯД!

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

* * *

Ба ҳангоми барноиву кӯдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ. 

Абӯшакури Балхӣ

* * *

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
Киро ганҷи дониш бувад, подшост!

Асадии Тӯсӣ

* * *

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.

Абулқосими Фирдавсӣ

* * *

Биомӯз, агарчанд душворат ояд,
Ки душвор аз омӯхтан гашт осон.

Носири Хусрав

* * *

Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
То маънии он тамом донӣ.

Низомии Ганҷавӣ

* * *
Бе азми дурусту саъйи комил, Касро нашавад мурод ҳосил.

Саъдии Шерозӣ

* * *

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ

https://t.me/Xirad
127 views02:22
Ochish/sharhlash
2023-04-25 18:29:47 Саге аз канори шер мегузашт, чун уро хуфта дид, ресмоне овард ва шерро маҳкам ба дарахт баст. Шер бедор шуд ва талош кард то

ресмонро боз кунад, аммо натавонист. Дар ҳамон ҳангом харе дар ҳоли гузар буд.
Шер ба у гуфт:
"Агар маро аз банд раҳо сози, ниме аз ҷангалро ба ту медиҳам".
Хар аввал шак кард, аммо баъд ресмонро аз даври шер боз кард. Шер чун аз банд раҳо шуд, худро аз хоку ғубор таконид ва ба хар гуфт:
"Ман ба ту ниме аз ҷангалро намедиҳам".
Хар бо тааҷуб гуфт:
"Аммо ту ба ман қавл доди".
Шер гуфт:
"Ман ба ту ҷангалро медиҳам, зеро дар ҷангале, ки шеронро сагон бибанданд ва харҳо озод кунанд, дигар арзиши зиндаги кардан надорад.

"КАЛИЛА ВА ДИМНА"
324 views15:29
Ochish/sharhlash