Get Mystery Box with random crypto!

Медони ё не?

Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не? М
Telegram kanalining logotibi medoni_yone — Медони ё не?
Kanal manzili: @medoni_yone
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.35K

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 11

2023-04-25 08:25:12 https://t.me/tojikoni_uzbekistan
376 views05:25
Ochish/sharhlash
2023-04-24 17:58:32
БА МУАЛЛИМ...

Нахустин бор андар дарс, устод,
Ба дастам рост бинмудӣ қаламро,
Ту гӯё бо қалам дар роҳи умрам,
Яқинан рост кардиам қадамро.

Чу барги бед меларзид дастам,
Ва аз тарсу ҳарос овози пастам.
Вале бо кӯмаки ту, эй муаллим,
Зи банди тарсҳо он вақт растам.

Зи рӯят нур борад, эй муаллим,
Ҳамон нуре ки рафт аз дидагонат.
Ҳамон нуре ки чун хуршед афрӯхт,
Раҳи умри ҳама хонандагонат.

Худованди бузурги ҳолгардон,
Кунун он нурҳоро бозгардонд.
Гирифт аз чашмат онро гар замоне,
Зи нав инак варо бар рӯят афшонд.

Зикруллои Зубайдулло.

           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
344 views14:58
Ochish/sharhlash
2023-04-24 15:32:11
1.3K views12:32
Ochish/sharhlash
2023-04-24 09:34:25
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош.
Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
То маънии он тамом донӣ.

Низоми Ганҷавӣ

https://t.me/Xirad
353 views06:34
Ochish/sharhlash
2023-04-24 09:31:59
Эй писар, бояд, ки мардум сухандону сухангуй бувад ва аз бадон сухан нигоҳ дорад. Аммо ту, эй писар, сухан рост гуй ва дурӯғгӯй мабош ва хештан ба рост гуфтан маъруф кун, то агар ба зарурат дурӯғе аз ту бишнаванд, бипазиранд. Ва ҳар чӣ гуӣ, рост гуй. Валекин рост ба дурӯғ монанда магӯй, ки дурӯғи ба рост монанда беҳ, ки рости ба дурӯғ монанда.

Унсурмаолии Кайковус



https://t.me/Xirad
316 views06:31
Ochish/sharhlash
2023-04-24 08:04:06
300 views05:04
Ochish/sharhlash
2023-04-24 08:03:25
283 views05:03
Ochish/sharhlash
2023-04-24 08:02:53
269 views05:02
Ochish/sharhlash
2023-04-24 08:02:29
253 views05:02
Ochish/sharhlash
2023-04-24 08:01:45
Ихлос...

Аҳли қишлоқ бо мақсади пурсиши борон ба масҷид баромаданд. Фақат як кӯдак дар даст соябон дошт...

Боварӣ...

Кӯдакро ба осмон бо дастонатон бардоред, механдад.Чунки боз дошта мегирифтанатонро медонад.

Умед...

Пагоҳ аз субҳ бедор шудану намешуданамонро намедонем, барои намози бомдод соати зангдор (будильник) мемонем.

Таваккал...

Баъди як сония чӣ шуданашро намедонем, лекин барои оянда нақшаҳои калон месозем.

Қатъият...

Дар ҳаёт барои мушкилиҳо сабр мекунем.Таслим намешавем ва барои ҳалли он ҳаракат мекунем
.

Хислатҳои хуби инсонӣ бо Шумо бошанд, Худо нигаҳбонатон!

Тарҷумаи Саодат Ӯктамова, аъзои маҳфили "Навқаламон", донишомӯзи синфи 10-и мактаби рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд

https://t.me/Xirad
226 views05:01
Ochish/sharhlash