Get Mystery Box with random crypto!

Панду андарзҳои Нӯшервони Одил 1. Агар хоҳӣ, ки мардумон туро | Медони ё не?

Панду андарзҳои Нӯшервони Одил

1. Агар хоҳӣ, ки мардумон туро накӯгӯй бошанд, накӯгӯи мардумон бош.

2. Агар хоҳӣ, ки ранҷи ту зоеъ набошад ба ҷои мардумон, ранҷи мардумон ба ҷои хеш зоеъ макун.

3. Агар хоҳӣ, ки камдӯст набошӣ, кина мадор.

4. Агар хоҳӣ, ки беандоза андӯҳгин набошӣ, ҳасуд мабош.

5. Агар хоҳӣ, ки аз ранҷидагӣ дур бошӣ, он чӣ наравад, марон.

6. Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузорӣ, равиши худро ба рӯи кор дор.

7. Агар хоҳӣ, ки туро девонасор нашумуранд, он чӣ ноёфтанӣ бувад, маҷӯй.

8. Агар хоҳӣ, ки боозарм бибошӣ ва бообрӯй, озори кас маҷӯй.

9. Агар хоҳӣ, ки фирефта набошӣ, кори накардаро карда мапиндор.

10. Агар хоҳӣ, ки пардаи ту дарида нашавад, пардаи кас мадар.

11. Агар хоҳӣ, ки бар қафои ту наханданд, зер дастонро пок дор.

12. Агар хоҳӣ, ки аз пушаймонии дароз эмин гардӣ, ба ҳавои дил кор макун.

13. Агар хоҳӣ, ки зирак бошӣ, рӯи хеш дар оинаи касон бин.

14. Агар хоҳӣ, ки бебим бошӣ, беозор бош.

15. Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумон бишинос.

16. Агар хоҳӣ, ки ба қавли ту кор кунанд, ба қавли худ кор кун.

17. Агар хоҳӣ,ки писандидаи мардумон бошӣ, бар он кас, ки хирад аз ӯ ниҳон бошад, рози хеш ошкор макун.

18. Агар хоҳӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош.

19. Чаро душман нахонӣ касеро, ки ҷавонмардии хеш дар озори мардумон донад?

20. Чаро дӯст хонӣ касеро, ки душмани дӯстони ту бувад? 

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM