Get Mystery Box with random crypto!

ТОҶИКАМ Эй нишони ҷовидон аз оли Сомон тоҷикам, Зодаи Машриқза | Медони ё не?

ТОҶИКАМ
Эй нишони ҷовидон аз оли Сомон тоҷикам,
Зодаи Машриқзамин аз хоки хоки Хатлон тоҷикам.
Оташи толеъи манро Суғд афрӯхт аз азал,
Зулмати дунёи дунро шамъи тобон тоҷикам.
Хонаи ман кӯҳ гашту санги хоро бистарам,
Қуллаҳо гаҳвораам тифли куҳистон тоҷикам.
Аз забонам шеър резад аз қудумам барги гул,
Хок гирам ганҷ гардад чун Зарафшон тоҷикам.
Рӯдакӣ Фирдавсӣ Ҷомӣ кохи назм афрӯхтанд,
Осмони назмро ганҷи дурахшон тоҷикам.
Кард чора дардро Сино ба ҷуз дарди аҷал,
Дардмандони ҷаҳонро гашта Луқмон тоҷикам.
Нам-нами савту суруд хуш ояд аз лабҳои ман,
Саъдию Соиб Ҳилолии ғазалхон тоҷикам.
Бо ҳамин лафзи дарӣ Бедил дили дунё гирифт,
Ҳамчу Ҳофиз дар каломи хеш султон тоҷикам.
Ман ба хони ҳеҷ кас дасти тамаъ нагзоштам,
Дар қаноат Хизраму бо пораи нон тоҷикам.
Ҳамчу Восеъ ҳақпарасту ҳамчу Айнӣ ҳақназар,
Гарчӣ сар дар зери дору банди зиндон тоҷикам.
Дӯстиро месароем ҳамчу Мирзо бошараф,
Осиёро бо сурудам карда бӯстон тоҷикам.
Ҳарзагӯйро таърихам бо нони ҳақ кӯраш кунад,
Гарчи сад иғво фурӯшад ғайри имкон тоҷикам.
Сарбаландиам бувад чун кӯҳи Помир то абад,
Хонадони Шарқро нури чароғон тоҷикам.

Изатуллоҳи Кенҷа

http/t.me/tjmyallim