Get Mystery Box with random crypto!

БА МУАЛЛИМ... Нахустин бор андар дарс, устод, Ба дастам рост | Медони ё не?

БА МУАЛЛИМ...

Нахустин бор андар дарс, устод,
Ба дастам рост бинмудӣ қаламро,
Ту гӯё бо қалам дар роҳи умрам,
Яқинан рост кардиам қадамро.

Чу барги бед меларзид дастам,
Ва аз тарсу ҳарос овози пастам.
Вале бо кӯмаки ту, эй муаллим,
Зи банди тарсҳо он вақт растам.

Зи рӯят нур борад, эй муаллим,
Ҳамон нуре ки рафт аз дидагонат.
Ҳамон нуре ки чун хуршед афрӯхт,
Раҳи умри ҳама хонандагонат.

Худованди бузурги ҳолгардон,
Кунун он нурҳоро бозгардонд.
Гирифт аз чашмат онро гар замоне,
Зи нав инак варо бар рӯят афшонд.

Зикруллои Зубайдулло.

           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM