Get Mystery Box with random crypto!

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор, Ки доим дар амон бошад камозор. | Медони ё не?

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,
Ки доим дар амон бошад камозор.

Ба ёди Ҳақ таъоло бош хушнуд,
Ки хушнудӣ ризо ҳосил кунад зуд.

Мабар бар кас ҳасад, гар молдор аст,
Ки ту дар ранҷию ӯ шодкор аст.

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯш, он гаҳ дар амон бош.

Чу бад хоҳӣ ба кас, аз ғам бикоҳӣ,
Набинӣ ҳеч бад, гар некхоҳӣ.

Дилатро бо мурувват муттафиқ кун,
В-агар хайре кунӣ, бо мустаҳиқ кун.

Мадад кун, то ки Ҳақ ёри ту бошад,
Ҳама олам мададгори ту бошад.

Мурувват нест, ар афтода бинӣ,
Ба раҳ бинию худ маркаб¹ биронӣ.

Ба некон бошу андар некуӣ куш,
Макун некии кас аз дил фаромӯш.

Ба некон умр созу барг хоҳад,
Бадонро халқи олам марг хоҳад.

Аз "Саодатнома"-и Носири Хусрав

https://t.me/Xirad