Get Mystery Box with random crypto!

Дар хонаам,эй дӯст биё,хона биё Ҳоло ки баҳор аст,баҳорона би | Медони ё не?

Дар хонаам,эй дӯст биё,хона биё
Ҳоло ки баҳор аст,баҳорона биё
Сӣ рӯзи Рамазон рафт афсус
Ид аст,саид аст ба идона биё

Ҳамаи шуморо ба фарорасии иди саиди Фитр аз самими дил муборак гуфта бароятон дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятҳои неки дӯстонаро аз даргоҳи Яздони пок таманно дорам. Бигзор Худованд аз меҳрубониҳояш сарфароз гардонад, бароятон хушбахтии ҳарду оламро насибатон гардонад.
Идатон муборак.