Get Mystery Box with random crypto!

🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

Telegram kanalining logotibi dusti_man — 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹 С
Telegram kanalining logotibi dusti_man — 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹
Kanal manzili: @dusti_man
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.81K
Kanalning ta’rifi

🌙🌹Дарс аз китоби қоидаи Бағдодӣ 🌹🌙
🌙🌹Саволу чавобхои исломи 🌹🌙
🌙🌹Суҳбатҳои ҷолиб 🌹🌙
🌙🌹Видео ҳои исломи 🌹🌙
🌙🌹АЗОБИ ҚАБР.🌹🌙
🌙🌹РОҲАТҲОИ БИҲИШТ.🌹🌙

Ratings & Reviews

5.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

2

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar

2023-03-13 08:11:01 : БЕҲТАРИН ҚИСА. ДАР БОРАИ ГУРУСНАГИ. МА ША АЛЛОҲ
6452)
Хадис!
Абӯҳурайра разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Савганд ба Аллоҳ, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз ӯ вуҷуд надорад, гоҳе аз шиддати гуруснагӣ, бар шикам рӯй замин мехобидам.
Ва гоҳе,ҳам аз шиддати гуруснагӣ санг бар шикамам мебастам. Рӯзе канори роҳе, ки мардум аз онҷо мегузаранд, нишастам. Нахустин Абубакр разияллоҳу ъанҳу аз онҷо гузашт . Ман дониста ба хотири ин, ки хӯроке ба ман бидиҳад, ва гуруснагиямро бар тараф намояд, аз эшон дар борай яке аз ояти қуроони карим пурсидам. Аммо ӯ ба роҳаш идома дод , бидуни оне, ки коре бароям анҷом бидиҳад. Сипас Ъумар аз канорам гузашт. Боз ҳам ман дониста ба хотире, ки хурокам бидиҳад , ва гуруснагиямро бар тараф намояд, аз эшон ҳам дар борай яке аз ояти қуроони карим пурсидам. У ҳам ба роҳаш идома дод , бидуни ин, ки коре бароям анҷом бидиҳад. Саранҷом. Абулқосим Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз канорам гузашт эшон ҳангоме, ки маро медид, ва аз чеҳраам ба ончи, ки дар қалбам мегузашт пай бурд. Сипас фармуд!
Эй Абӯҳурайра ! Гуфтам омодай хидматам эй Расули Аллоҳ.
Фармуд!
Бо ман биё ! Ва роҳрафтан гирифт . Манҳам ба дунболаш ба роҳ рафтам, то ин, ки вориди манзилаш шуд, ва иҷозаҳ хост. Онгоҳ ба ман низ иҷозати даромаданро дод . Ҳангоме, ки вориди хона шуд, зарфи шире дар онҷо дид . Пурсид!

Ин шир аз куҷост! Гуфтанд! Фалон мард ё фалон зан онро ба шумо ҳадя карда аст. Фармуд!
Абӯҳурайра! Гуфтам! Эй расули Аллоҳ омодай хидматам! Фармуд! Худатро ба аҳли суффа бирасон ва онҳоро низ наздам биёр!
Қобили ёдовари аст, ки Аҳли суффа , меҳмонони Ислом буданду. онон хонаву дар ва моле надоштанд ва хонавода надоштанд. Ва назди касе,ҳам намерафтанд. Ҳаргоҳ закоте ба Набии Акрам Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам медоданд, онро барой Аҳли суффа мефиристод. Ва худаш аз он истифода намекард. Ва ҳаргоҳ ҳадяе ба эшон медоданд, Аҳли суффаро бо он ҳадя шарик мегардонд. Яъне худаш аз он истифода мекард, ва миқдори азонро ҳам барой онҳо мефиристод.

Ба ҳар хол ин сухани Расули Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам маро андуҳгин сохт, ва бо худ гуфтам!
Магар ин шир чиқадар аст, ки Аҳли суффароҳам биёварам ?
Бояд ин ширро ба ман медоданд, то ниме аз он бинушам ва қуват гирам. Агар онҳо биёянд, хатман расули Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ба ман дастур медиҳад, то бар онҳо шир бидиҳам , ва чибасо , ки ба ман чизе нарасад.

Аммо чорае чуз итоъат аз Аллоҳ ва расулашро надоштам . Лиҳозо назди онон рафтам ва ононро даъват намудам . Омаданд ва иҷозати вуруд хостанд. Расули Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ба онҳо иҷозат дод. Ва онҳо ҳама дохили хона шуданд,ва нишастанд. Пайғамбари Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд! Эй Абоҳир! Гуфтам омодай хидматам эй Расули Аллоҳ! Фармуд! Ширро бардор ва ба онҳо бидеҳ! Ман зарфро бардоштам ва шурӯъ ба ширдодан намудам.ҳангоме , ки зарфи ширро ба яке аз онҳо медодам , ӯ он қадар менушид, ки сероб мешуд. Ва хурмай ширро ба ман бармегардонд . Сипас ба дигаре медодам , ӯ низ онқадар менушид, ки сероб мекард. Ва хурмаро ба ман боз мегардонд. Ман ин корро ҳамчунон идома додам , то ин, ки дар холе ба Набии Акрам Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам расид, ки ҳамай онҳо сероб шуда буданд. Онгоҳ пайғамбари Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам хурмаро аз ман гирифт, ва рӯй дасташ гузошт.Ва бо табассум ба ман нигоҳ кард ва фармуд! Абоҳир! Гуфтам омодай хидматам эй Расули Аллоҳ! Фармуд! Фақат ман ва ту мондаем! Гуфтам дуруст аст, эй расули Аллоҳ, фармуд! Бинишин ва бмнуш! Манҳам нишастам ва нушидам. Дубора фармуд бинӯш! Ва онқадар ин калимаро такрор намуд, ки гуфтам! На Савганд ба зоте, ки туро ба ҳақ фиристода аст. Ҷое барой нӯшидан надорам. Фармуд! Пас хурмаро ба ман бидеҳ! Хурмаро ба эшон додам. Он Хазрат саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам баъд аз хамду сано бисмиллоҳ гуфтанд ва боқимондаи он ширро нӯшид.
Бухори-6452.
91 views05:11
Ochish/sharhlash
2023-03-13 07:59:35 САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ. pinned a photo
04:59
Ochish/sharhlash
2023-03-12 20:47:45 БЕҲТАРИН ҲАДИС.

308- عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضى الله عنه قَالَ: قَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَسَمِعْنَاهُ يَقُولُ: أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنْكَ، ثُمَّ قَالَ: أَلْعَنُكَ بِلَعْنَة اللَّهِ، ثَلاَثًا، وَبَسَطَ يَدَهُ كَأَنَّهُ يَتَنَاوَلُ شَيْئًا، فَلَمَّا فَرَغَ مِنَ الصَّلاَةِ، قُلْنَا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، قَدْ سَمِعْنَاكَ تَقُولُ فِي الصَّلاَةِ شَيْئًا لَمْ نَسْمَعْكَ تَقُولُهُ قَبْلَ ذَلِكَ؟ وَرَأَيْنَاكَ بَسَطْتَ يَدَكَ، قَالَ: إِنَّ عَدُوَّ اللَّهِ إِبْلِيسَ جَاءَ بِشِهَابٍ مِنْ نَارٍ لِيَجْعَلَهُ فِي وَجْهِي، فَقُلْتُ: أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنْكَ، ثَلاَثَ مَرَّاتٍ، ثُمَّ قُلْتُ: أَلْعَنُكَ بِلَعْنَةِ اللَّهِ التَّامَّة،ِ فَلَمْ يَسْتَأْخِرْ، ثَلاَثَ مَرَّاتٍ، ثُمَّ أَرَدْتُ أَخْذَهُ، وَاللَّهِ لَوْلاَ دَعْوَةُ أَخِينَا سُلَيْمَانَ لأََصْبَحَ مُوثَقًا يَلْعَبُ بِهِ وِلْدَانُ أَهْلِ الْمَدِينَةِ. (مسلم - 542)


Хадис!
Абудардо разияллоҳу ъанҳу ривоят мекунад, ки!
Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, (дар намоз) истод ва шунидам, ки мегуфт!
Аз ту ба Аллоҳ, паноҳ мебарам.
Баъд аз он се бори дигар гуфт!
Лаънати Аллоҳ, бар ту бод, (сипас), дасташро дароз кард ба гунае, ки мехост чизеро бигирад.
Ҳангоме, ки Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, намозашро ба охир расонд, мо гуфтем!
Ё Расулаллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам!
Дар намоз аз шумо суханоне шунидем, ки қаблан онҳоро нашунида будем?
Ҳамчунин дидем, ки дастатро дароз мекарди?
Паёмбари Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, гуфт!
Душмани Аллоҳ, Иблис, (ъалайҳи лаънаҳ), шуълай оташеро овард, ва хост (он оташро) дар рӯям бигзорад.
Ба ҳамин сабаб, ман се бор гуфтам!
Аз ту ба Аллоҳ, паноҳ мебарам.
Сипас се бори дигар гуфтам!
Лаънати Аллоҳ, бар ту бод.
Бо вуҷуди ин Иблис ъақиб нишини накард.
Дар охир, тасмим гирифтам то ӯро дастгир намоям.
Савганд ба Аллоҳ, агар дуъой бародарам Сулаймон, ъалайҳи салом намебуд, Шайтон, ба банд кашидаҳ мешуд, ва бачаҳой Мадинаҳ, бо он (Шайтон), бозӣ мекарданд.
(Муслим - 542).

Шарх!
Сулаймон ъалайҳи салом, назди Аллоҳ, дуъо намуд, ки!

( رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَهَبۡ لِي مُلۡكٗا لَّا يَنۢبَغِي لِأَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِيٓۖ).

Яъне - Парвардигорро!
Маро мағфират кун, ва чунон подшоҳие ба ман ъиноят кун, ки шоистай ҳеҷ касе баъд аз ман набошад.
Аллоҳ, ҳам дуъой ӯро иҷобат намуд, ва ҳам ба ӯ қудрат ва подшоҳии бузурге ъиноят фармуд, то ҷое, ки шамол дар ихтиёри ӯ қарор гирифт, ва шайотинҳоро мебаст, ва ба ғул, ва занҷир мекашид, ва онҳоро кор мефармонд.
218 views17:47
Ochish/sharhlash
2023-03-12 16:04:56
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ВА БАРАКАТУҲУ БАРОДАР ВА ХОҲАРОНИ АҲЛИ ИСЛОМ АГАР ШУМО КАНАЛҲОИ ИСЛОМИИ БЕҲТАРИН КОФТА ИСТОДА БОШЕД МАРҲАМАТ ИНА КАНАЛҲОИ ИСЛОМИ.

ПАЙВАСТИ КАНАЛ

https://t.me/POST_MEGAI_ISLOMI
295 views13:04
Ochish/sharhlash
2023-03-11 17:08:49 ҲУҚУҚИ  ШАВҲАР  ДАР  НАЗДИ ЗАН

Бисмиллаҳ Алҳамду лиллаҳ ва салату ва салламу ъала Расулиллаҳ

Аммо баъд:

وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

* Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест.Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст!*
Сураи Бақара Ояти 228

        Зане назди Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омад ва пурсид:
Ё Расулиллаҳ, ҳаққи шавҳар бар зан чист?
 
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бо меҳрубонӣ ва лабханд фармуданд:
*«• Зан бояд аз шавҳараш итоъат кунад.*

*• Дар муқобили у саркаш ва нофармон набошад.*
 
* Бидуни иҷоза аз амволаш садақа надиҳад.*
 
*Агар чунин кунад, савобаш ба шавҳар мерасад ва гуноҳаш барои зан мемонад.*
 
*• Бидуни иҷозааш аз хона набарояд.*
 
* Агар зане бидуни иҷозаи шавҳар аз хона барояд, тамоми фариштагон лаънат мегуянд, то замоне, ки ба хонаи шавҳар баргардад.*
 
*• Ба беҳтарин атрҳо худро бар шавҳараш хушбу кунад.*
 
* • Зеботарин либосҳояшро барои шавҳараш бар тан кунад.*
 
* • Ба беҳтарин шакл худро барои шавҳараш ороиш ва зиннат кунад.*
 
* • Ҳар замон, ки шавҳар хост, ҳамбистари у шавад. Ҳатто дар пушти уштур (киноя аз шароити сахт) ва агар зане, ки шавҳар уро барои наздикӣ даъват карда ин амалро ба таъхир биандозад ва агар Намоз бихонад, то шавҳар ба хоб равад, пайваста малоикаҳо уро лаънат мекунанд, то шавҳар бедор шавад.*

*• Агар шавҳар аз у нороҳат аст, бояд шавҳарро розӣ кунад».*

Зан пурсид:
Ҳатто кутоҳӣ аз шавҳар бошад?  Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
*«Бале!».*
*«Зан набояд дар муқобили шавҳар руйтурушӣ кунад ва бо у бадахлоқӣ намояд».*
 
Зан дубора пурсид:
Ё Расулуллоҳ, чи касе бештарин ҳақро бар мардон дорад?

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Падар!».

Зан бори дигар пурсид:
Чи касе бештарин ҳақро бар занон дорад?

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Шавҳар!»

Зан дубора пурсид:
Ҳуқуқи шавҳар бисёр бештар аз ҳаққи зан аст?

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Аз сад, то яке на!»
*(Киноя аз инки ҳуқуқи мардон бар занон бисёр бештар аст).*
 
Сипас Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
*«Ҷиҳоди мардон он аст, ки амвол ва ҷони худро дар роҳи Аллоҳ сарф кунанд, то ба шаҳодат бирасанд, вале ҷиҳоди занони уммати ман, хуб шавҳардорӣ кардан ва сабр бар сахтии зиндагӣ ва ахлоқи мардон аст».
 
Ва Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) боз фармуданд:
*«Зане, ки ба шавҳараш бигуяд: "ҳаргиз аз ту хайре надидаам" савоби ҳамаи корҳои неки у аз байн меравад».
 
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
*«Агар қарор буд, дастур диҳам касе дар баробари касе саҷда кунад, ҳатман ба зан дастур медодам, ки шавҳарашро саҷда кунад».*
  
Валлоҳу аълам

Салавоту дуруд бар Набии мо ва Олу Асҳобаш бод.
390 views14:08
Ochish/sharhlash
2023-03-11 12:19:15 МАВЛАВИ АҲМАД ФИРӮЗЙ
ПАДАР ВА МОДАР ВАҚТЕ КИ ПИР МЕШАВАН ОНҲО ЗИЙЁДТАР ҲАРФ МЕЗАНАН АММО АЗИЗИ ҶОНИ МО ҲАСТАН ОНҲО. БОЙЯД МО ОНҲОРО ҲУРМАТУ НИГОҲ БИН КНЕМ ТИБҚИ ФАРМУДАИ ҚУРЪОН БИСЁР ҚИСАИ ТАКОНДИҲАНДАЕ ҲАМАРО БА ГИРЯ ОВАРД.

@DUSTI_MABOT

.
@Dusti_Mobot

339 viewsedited  09:19
Ochish/sharhlash
2023-03-11 10:30:17 МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

(99) - عَنْ أَََبِي أَيُّوبَ الْأََنْصَارِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أ: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ.
(مسلم - 1164).

Хадис!
Абу - Айюуби Ансори, разияллоҳу ъанҳу, мегӯяд!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Ҳар касе, ки моҳи рамазонро рузаҳ бигирад.
Ва баъд аз он шаш рӯзи моҳи шаволро низ рузаҳ бигирад, ин ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

(Муслим - 1164).


Шарх!
Ва маъной - (кона ка сиёми даҳр)

(كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ)

Яъне - ҳар касе, ки моҳи рамазонро ба пурраги рузаҳ, бигирад, ва баъд аз моҳи рамазон шаш рӯзи моҳи шавволро низ рузаҳ бигирад, аз ҷиҳати ҳисоби аҷрҳо ба монанди оне аст, ки гуё як соли пурраҳро рузаҳ гирифтааст.
Яъне, ки савоби рузаҳ гирифтани - 36, рӯз, баробар ба - 360, рӯз мешавад.
Чунки дар ҳар як рӯзе аз рӯзҳой моҳи рамазон, 10 - савоб мегирад, ва дар си рӯзи моҳи рамазон 300 - савоб мегирад, ва дар 6 - рӯзи моҳи шаввол, шаст савоб мегирад, ин баробар мешавад ба ъададҳой рӯзҳой сол.
Пас рузаҳ гирифтани моҳи рамазон, ва рузаҳ гирифтани шаш рӯз, аз моҳи шаввол, ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

Аллоҳи мутаъаал фармудааст!

(مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشْرُ أَمْثَالِهَا).
Ҳар касе, ки ъамале анҷом диҳад, аҷраш даҳ баробар мебошад
Аллоҳу аълам.
Ҳадисҳо Давом Доранд Ин Ша Аллоҳ
373 viewsedited  07:30
Ochish/sharhlash
2023-03-11 08:54:34 ҲУКМИ ҲИҶОБ

ДУХТАРО ХУБ ГУШ КНЕН
336 viewsedited  05:54
Ochish/sharhlash
2023-03-10 14:43:45 ХОҲАРИ АЗИЗАМ ХУБ БХОН

АСАЛОМУ ЪАЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ВА БАРАКОТУ
.
.АПАҲО ХОҲАРОНИ АЗИЗ ХОҲИШАН НОМҲОИ ЗАНОНАТОНА ВА СУРАТҲОИ ЗАНОНАТОНА ИВАЗ КНЕН.

. ШАХСИЙЯТИ ЗАН ДАР ИСЛОМ БОЙЯД ПИНҲОН БОШАД.

ШУМО ДАР ИН ГУРУҲО БА ХОТИРИ АЗ ХУД КАРДАНИ. ЯГОНЧИЗИ ДИНИ. МЕДРОЕН ҲАМИН ХЕЛ НЕ МАҚСАДАТОН ҶАЛБИ МАРДОН НЕСТ ҲАМИНХЕЛ . ?

ПАС ХОҲИШАН ШАХСИЙЯТИ ЗАН БДАНТОНА ПИНҲОН КНЕН. ТО ИН КИ. БОИСИ ҶАЛБИ МАРДОНИ ГУРГСИФАТУ ЧАШМЧАРОН НАШАВАД .

ВА КУШИШ КНЕН ХОҲАРОНУ МОДАРОНИ АЗИЗАМ БА ФИТНАИ ҲАР МАРД НАҒАЛТЕД. ВА БА ЛИЧКАҲО НАДРОЕН.БАЪЗЕ АЗ МАРДОНЕ ҲАСТАН КИ МЕГУЙЯД ХОҲАРҶОН ЯК ДАҚИҚА ЛИЧКА ДУРО ЯК ЧИРА ПРСМ Ё АПАҶОН ГУФТА АЛАКАЙ БО ҲАМИН ХОҲАРҶОНГУЙИВУ АПАҶОНГУЙИ БАЪД ФИТНААНДОЗИ САР МЕШАВАД ШУМО БА ҲАР ШАХС БОВАР НАКНЕН ОБРУТОНА ПАСТ НАКНЕН ХОҲАРИ МУСАЛМОНАМ. АЗ АЛЛОҲ БТАРС.

ҲАР ЗАНЕ КИ. ДАР ИН ГУРУҲ НОМҲОИ ЗАНОНАТОНА ИВАЗ НАМЕКНЕН ВА Ё СУРАТИ ЗАНОНА ДОРЕН АЗ ГУРУҲ ХОРИҶ ВА ЗАБЛОК КАРДА МЕШЕН.
.
ПАС ИВАЗ КНЕН СУРАТУ НОМҲОИ ЗАНОНАТОНА.
БА ХОТИРИ АЛЛОҲ

НОМҲОИ ПИСАРОНА ВА СУРАТҲОИ ПИСАРОНА МОНЕН БА ХОТИРИ АЛЛОҲ

САВОЛЕ ДОШТЕД ДАР ГУРУҲУ КАНАЛО БАРОДАР ГУФТА СУҲБАТ КНЕН ТО ИН КИ НАДОНАН ОЁ ШУМО ЗАН ҲАСТЕН Ё ИН КИ. МАРД.

ХОҲАРИ МУСАЛМОНАМ ЧУНОН ШАХСИЙЯТАТРО ПИНҲОН НИГОҲ ДОР КИ ҲАТО ЧЕҲРААТРО МАРДИ НОМАҲРАМ НАБИНАД ВА СУХАНАТРО НАШУНАВАД

ДУХТАРИ ПАЙҒАМБАРАМОНРО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛАЛЛОҲУ ЪАЛАЙҲИ ВА САЛАМ ДУХТАРАШ ҲАЗРАТИ ФОТИМА РАЗИАЛЛОҲУ АНҲУ ҲАМСАРИ ҲАЗРАТИ АЛИ РАЗИАЛЛОҲУ АНҲУ РО БА ЁД БИЙЁРЕӢ ЧИ ҚАДАР ХУДРО АЗ НОМАҲРАМОН ПИНҲОН НИГОҲ МЕДОШТ

ДАР ТУЛИ ЗИНДАГИИАШ БОРЕ РУЙИ УРО НОМАҲРАМЕ НАДИДААСТ .

ВА ҲАТО ПЕШ АЗ МАРГ БА ҲАЗРАТИ АЛИ РАЗИАЛЛОҲУ АНҲУ МЕГУЙЯД КИ МАРО ДАР ШАБ ГУРОНЕД ТО ИН КИ ҶАСАДИ МАРО МАРДОНИ БЕГОНАВУ НОМАҲРАМ НАБИНАД

ПАЙҒАМБАРАМОН ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛАЛЛОҲУ ЪАЛАЙҲИ ВА САЛАМ МЕФАРМОЙЯД
СУҲБАТ КАРДАН БО ЗАНИ НОМАҲРАМ САЛОМ КАРДАН БУСИДАН БА ОҒУШ ГИРИФТАН НИГОҲ КАРДАН АЗ НИГОҲИ ДИНИ ИСЛОМ ҲАРОМУ НОҶОИЗ МЕБОШАД

ДАР НИГОҲИ АВАЛ АГАР НОХОСТ БОШАД ИШКОЛЕ НАДОРАД АММО ДАР НИГОҲИ ДУЮМ БАРЪАКС ИН АЛАКАЙ ГУНОҲ АСТ

ПАС ХОҲАРИ АЗИЗАМ ХУДРО БО САТРУ ҲИҶОБ ГАРДОН ВА ХУДРО АЗ НОМАҲРАМУ БЕГОНАГОН ПИНҲОН НИГОҲ ДОР ТО ИН КИ МУВАФАҚ ШАВИ

АЛЛОҲ САБР КУНАНДАГОНРО ДУСТ МЕДОРАД ПАС БО САБР БОШЕД

АЛЛОҲ ҲАМААМОНРО ҲИДОЙЯТ КУНАД ВА ҶАНАТУЛ ФИРДАВСРО НАСИБИ МОВУ ШУМО АЗИЗОН ГАРДОНАД ОМИН
Ё РАБАЛ ЪОЛАМИН


@DUSTI_MABOT

.
@Dusti_Mobot

400 viewsedited  11:43
Ochish/sharhlash
2023-03-10 09:42:44 ⚘  РУЗИ ҶУМЪА⚘

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوْمِ ٱلْجُمُعَةِ فَٱسْعَوْا۟ إِلَىٰ ذِكْرِ ٱللَّهِ وَذَرُوا۟ ٱلْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌۭ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

ЭЙ МӮЪМИНОН, ЧУН ДАР РӮЗИ ҶУМЪА АЗОН БАРОИ НАМОЗ ДОДА ШАВАД, ПАС, БА СӮИ ЁД КАРДАНИ АЛЛОҲ САЪЙ КУНЕД ВА ХАРИДУ ФУРӮШРО БИГУЗОРЕД; АГАР МЕДОНЕД, ИН БАРОИ ШУМО БЕҲТАР АСТ

Дар як ҳафта рӯзи бофазилат ин рӯзи Ҷумъа аст. Сухани Расули Аллоҳ ﷺ аст: "Дар рӯзҳое, ки Офтоб мебарояд, беҳтарини рӯзҳо рӯзи Ҷумъа аст Инчунин Аллоҳтаъоло Одам (а)-ро дар ҳамин рӯз халқ карда, дар ҳамин рӯз дохили Ҷаннат гардонид ва дар ҳамин рӯз ӯро аз он берун овардааст Дар замони Пайғамбар (с), ва Абӯбакр (р) ва Умар (р) азони намози ҷумъа як дафъа буд. Чун ҳазрати Усмон (р) халифа шуданд, шаҳр калон шудан гирифт, мардум низ бисёр шуданд. Мардум машғули тиҷорат буданд Ба хотири он ки мардум дар ғафлат намонанд, ҳазрати Усмон (р) аз ҳавлии худ, ки Завро ном дошту баландтарин мавзеи Мадина буд, пеш аз намози ҷумъа азони иловагиро ташкил намуданд. Одамон азонро шунида рӯ ба масҷид меоварданд. Чун имом ба минбар мебаромад, азони дувум, ки азони аслӣ буд, гуфта мешуд. Ҳукми оя вобаста ба азони дуюм аст. Ба мазмуни ин оя 2-ракаъат намози бо ҷамоъат, яъне намози Ҷумъа бар муъминон фарз шуд. Вақти намози Ҷумъа вақти намози пешин аст ва вай ба ҷойи пешин хонда мешавад. Аз ин рӯ Аллоҳ фармудааст ки эй муъминон чун бонги азонро шунидед, аз шуғли худ фориғ гардед ва барои шунидани вазъу насиҳату хутба ва барои ибодати Аллоҳ ба намози ҷумъа бишитобед Агар шумо аҳли фаҳм бошед, бояд бидонед, ки ин тиҷорат барои шумо нисбат ба он тиҷорати молие, ки доред манфиъати бештаре дорад. Фазилатҳои судбахш барои касоне, ки дар он рӯз барои адои намоз бо ҳам ҷамъ омаданд ин аст: Якум дар дуои ҷамоат хайру баракат мешавад.Дувум яке аз фазилатҳои рӯзи ҷумъа мавҷудияти лаҳзаи қабули дуои бандагон дар давоми рӯз аст

    ( Ал-Ҷумъа  : оят 9 )
                       
                        ⚘ САЛАВОТ БИФИРИСТ⚘

*Дар шаб ва рӯзи ҷумъа салавотро фаромӯш накунед*
*Аз фазоили салавот*
*Ҳар кас як салавот бар расулуллоҳ ﷺ бифиристад *
*10 некӣ ва ҳасанот барояш навишта мешавад.*
*10 гуноҳон пок мешавад.*
*10 дараҷа ҳам мақоми инсон назди Аллоҳ болотар меравад
*Ва Аллоҳ ﷻ  даҳ салавот бар ӯ мефиристад
*Пас мутаваҷҷеҳ бош, ки ғофил намонӣ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّد، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيْمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد
اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّد، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيْمَ وَعَلَى آل إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد،
  
     ⚘ВАҚТИ ИҶОБАТИ ДУО ДАР           РУЗИ ҶУМЪА⚘
Дуо карданро фаромӯш накунед...
Барои муслимин
Барои муҷоҳидин
Барои асирон
Барои мустазафин(заъифон)
Барои тамоми диёри муслимин, ки имрӯз дар ишғоли куффоранд

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд

Абу Довуд ва Насои ва Ҳокам онро ривоят кардаанд.
Рӯзи ҷумъа дувоздаҳ соат аст(дар ин байн соате аст, ки) ҳар бандаи мусалмоне дар он соат аз Аллоҳи мутаол чизе бихоҳад ҳатман ба ӯ медиҳад, онро дар охирин соати рӯзи ҷумъа баъд аз намози аср ҷустуҷӯ кунед

Аҳмад ибн Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ гуфтааст:
Аксар аҳодисе ки дар бораи он лаҳзаи мубораки рӯзи ҷумъа, ки дуо дар он мустаҷоб мешавад ривоят шудааст, мегӯяд
Он соат баъд аз аср ва шояд баъд аз заволи офтоб бошад

Имом ибн Қаййим раҳимаҳуллоҳ
"Баъд аз намози аср қабул шудани дуо шурӯъ мешавад”.

Имом Товус ибни Қайсон баъд аз намози аср ба тарафи қибла менишаст ва то мағриб ибодат мекард ва бо касе гап намезад

               ⚘СУННАТҲОИ РУЗИ ҶУМЪА⚘
1.Атр задан
2.Пушидани беҳтарин либос
3.Мисвок задан
4.Пойи пиёда рафтан ба масҷид
5.Гусл
6.Дуо
7.Салавот зиёд фиристодан
8.Гуш додан ба хутба
9.Барвақт рафтан ба масҷид
367 views06:42
Ochish/sharhlash