Get Mystery Box with random crypto!

🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

Telegram kanalining logotibi dusti_man — 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹 С
Telegram kanalining logotibi dusti_man — 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹
Kanal manzili: @dusti_man
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.81K
Kanalning ta’rifi

🌙🌹Дарс аз китоби қоидаи Бағдодӣ 🌹🌙
🌙🌹Саволу чавобхои исломи 🌹🌙
🌙🌹Суҳбатҳои ҷолиб 🌹🌙
🌙🌹Видео ҳои исломи 🌹🌙
🌙🌹АЗОБИ ҚАБР.🌹🌙
🌙🌹РОҲАТҲОИ БИҲИШТ.🌹🌙

Ratings & Reviews

5.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

2

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

0


Oxirgi xabar 2

2023-03-10 08:22:36 قَدْ أَفْلَحَ مَن تَزَكَّىٰ
Ҳар оина ҳар ки пок шуд, растагор шуд;

وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّىٰ
ва номи Парвардигори худро ёд кард, пас, намоз гузорид.

بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
Балки зиндагонии инҷаҳониро ихтиёр мекунед,

وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ
Ва охират беҳтар ва пояндатар астаст.

إِنَّ هَٰذَا لَفِي الصُّحُفِ الْأُولَىٰ
Ба дурустӣ ки ин сухан дар саҳифаҳои нахустин мазкур буд:
صُحُفِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَىٰ
Саҳифаҳои Иброҳим ва Мӯсо.

Сураи Аъло (87) 14/19



ИН ҲАМОН БАРОДАР АСТ КИ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ИН ША АЛЛОҲ ХАТМИ ҚУРЪОН МЕГЗАРОНА.
323 viewsedited  05:22
Ochish/sharhlash
2023-03-10 07:28:09 Live stream finished (26 minutes)
04:28
Ochish/sharhlash
2023-03-10 07:18:14 Давомаш

Ҳафтум: Хоҳари азизам

Кушиш кун сатрро ба ҷо ори, ҳангоми аз хона берун омадан худро бипушон, кушиш кун ки аз сар то по худро бипушони, ва аз ҳаргуна сатрҳое ки бо ном сатр ҳастанду дар ҳақиқат барои зиннат ҳастанд дур бош, ва кушиш кун ҳатто руятро чуноне бипушони ки туро набинанду ту дигаронро бубини, зеро Паёмбари Акрам(с) фармуданд: ”Ҳангоме, ки зан аз хона берун шавад шайтон уро дар чашми мардони бегона зиннат медиҳад
Бидон хоҳарам ҳарки аз Худованд битарсад уро дар ин амал кумак хоҳад кард

Ва шимҳои тангу кутоҳро ба бар накун, аз ташбеҳ бо мардону занҳои кофира дар ҳазар бош, шарму ҳае‌ро аз даст надеҳ Пае‌мбар (с) дар шарму ҳае‌ аз боҳае‌тарин духтари пушти пардааш бо ҳае‌тар буд

Ин чунин ту эи‌ модари азиз! Аз баромадани духтарҳоят бо шимҳои тангу кутоҳ дар назди Худо масъул ҳасти, кушиш кун ки онҳоро аз хурди аз пушидани чунин либосҳо дур нигоҳ дори, то ки бар чунин либосҳо одат накунанд, чунки агар онҳо дар хурди бо ин гуна либосҳо одат кунанд, дар бузурги бисе‌р мушкил мегардад ки аз ин гуна либосҳо даст кашанд

Ҳаштум: Хоҳари азизам!

Ҳангоми берун рафтан аз атр задани либосҳову баданат бар ҳазар бош, чуноне ки Пае‌мбар (с) мефармояд: "Ҳар як зане ки атрзада аз хонааш берун мешавад ва аз назди мардон мегузарад малоикаҳо уро лаънат хоҳанд кард" ва дар ривояти дигар чунин занро зинокор гуфтааст, пас аз Худо битарс, Худованд туро мувафақ гардонад

Нуҳум: Хоҳари азизам!

Аз шунидани мусиқи дар ҳазар бош, ва ин одатро дар зеҳни фарзандонат нашинон, азобаш бисе‌р шадиду сахт аст, дар дили банда ҳеҷгоҳ муҳабати Қуръону мусиқи якҷоя нахоҳад шуд, мусиқи аз шаи‌тон аст ва Қуръон аз Худованд, аз Пае‌мбар (с) ривоят шудааст ки ҳангоми рафтан ба исро ва меъроҷаш мардумеро диданд ки дар гушҳояшон сурб мерезанд, пурсиданд ки онҳо чи карданд ки чунин азоб мешаванд? Гуфтанд: онҳо касоне буданд ки ба мизмор гуш медоданд (мизмор навъе аз олатҳои мусиқи мебошад) яъне ба мусиқи гуш медоданд

Ва инро бидон, ки ҳарки чизеро ба хотири Худо тарк намояд, Худованд дар ивазаш барои у аз он беҳтарашро насиб мегардонад

Даҳум: Хоҳари азизам!

Ба е‌д ор хоҳари мусулмонам, мо дар ин дуне‌ гузаро ҳастем, ин дуне‌, дуне‌и гузаро аст на ҷои қарор, то замоне ки инро ба е‌д дошта боши хоҳи фаҳмид ки ҳар яки мо хоҳем баргашт, ва хоҳем мурд, ва дигар роҳе вуҷуд надорад, ба е‌д ор куҷо шуданд ҳамаи он дустону хешу таборон? Онҳо рафтанд ва мо аз пушти онҳо хоҳем рафт, ин чиз туро водор месозад ки ҳар чи зие‌д аз Парвардигорат битарси ва уро итоъат намои

Аллоҳ ҳамаи гузаштагонро бо мо дар ҷаннати фирдавсаш якҷо намояд
Ин буд ончи ки бароятон пешкаш кардам ва Худованд донотар аст
Аз Худованд тамонои онро дорам ки аз ман қабул намояд
321 views04:18
Ochish/sharhlash
2023-03-09 21:56:34 Давомаш

Сеюм: Хоҳари азизам

Кушиш кун то ки суннатҳои намозҳоро бо пурраги адо намои, ва онҳам аз ту онқадар вақти зие‌дро намегирад, ва савобу аҷрашро аз Худованд интизор бош

Пеш аз фарзи Бомдод ду ракаъат намози суннат аст, ки хеле фазилати бузургро дар худ дорад. Паёмбари Акрам(с) мефармояд: ”Ду ракат суннати намози субҳ аз дунё ва он чи дар дунё аст беҳтар аст“ ва чаҳор ракаъат пеш ва ду ракаъат баъд аз фарзи Пешин, чуноне ки Пае‌мбар (с) мефармояд: Ҳарки пеш ва пас аз (фарзи) Пешин чаҳор (ракаъат) бихонад, Худованд руи уро бар оташи дузах ҳаром мегардонад
[Аҳмад ва Тирмизи].

Баъди намози Шом ду ракаъат ва баъди намози Хуфтан ду ракаъат, ҳамаи инҳоро дувоздаҳ ракаъати сунатҳои равотиб мегуянд Чуноне ки Пае‌мбар (с) мефармояд: "Ҳар як бандаи мусулмоне ки ҳар руз ба хотири Худо дувоздаҳ ракаъат ба ғаи‌ри намозҳои фарзи ба ҷо меорад, Худованд барои у дар ҷаннат хонае бино мекунад
[Муслим].

Ин чунин адои намози витр, дар он аз Худованд ҳарчи ки мехоҳи дар дуне‌ ва охират бихоҳ, ва ҳамингуна намози Зуҳо, аз ду ракаъат шуруъ мешавад то чи қадаре ки бихоҳи онро ба ҷо ор, ингуна намозҳо дараҷаатро ба боло мебарад, ва тарозуятро рузи қие‌мат вазнин месозад, ва дар рузе ки на молу на фарзанд фоида меорад ба сабаби ин гуна намозҳо гуноҳонат маҳв мегарданд

Худованд мефармояд

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ
وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ
Пас ҳар кас ба вазни заррае неки‌ карда бошад, онро мебинад, ва ҳар кас ба вазни заррае бади‌ карда бошад, онро мебинад
[Сураи Залзала 7- 8]

Суннатҳои ротиба

Вақтҳои намози суннат

2-ракат пеш аз Бомдод.
4-ракат пеш аз Пешин
2-ракат баъд аз Пешин
2-ракат баъд аз Шом
2-ракат баъд аз Хуфтан

Чаҳорум: Хоҳари азизам

Кушиш кун то зикрҳое ки аз Пае‌мбар (с) ворид шудаанд, онҳоро ба ҷо ори, ва ҳарвақто ки мушкилие ба сарат омад, махсус аз Худо мададу кумак бихоҳ, ва танҳо уро дуъо кун, на ягон махлуқеро, чунки ягона касе ки қудрати иҷобати дуъоро дорад, парвардигори махлуқон мебошад, ва кушиш кун ки вақтҳои иҷобати дуъоро даре‌фт намои, мисли се яки охири шаб, ки Худованд дар ин вақт ба осмони замин пое‌н меояд ва мегуяд: "Ое‌ ягон дуъокунандае ҳаст ки дуъои уро иҷобат намоям, ое‌ ягон суол кунандае ҳаст ки хостаи уро бидиҳам
Ин чунин хоҳари азизам! аз вақтҳои иҷобати дуъо, рузи ҷумъа мебошад ки метавони онро то ғуруби офтоб даре‌фт намои, ва ҳамчунин баъди ҳар як азон ва пеш аз ҳар як намоз

Хоҳари мусулмонам! кушиш кун то ки ин фурсатҳоро аз даст надиҳи, Худованд туро муваффақ гардонад

Панҷум: Хоҳари азизам

Кушиш кун ки руза бидори, то ки соҳиби аҷру савоб гарди, зеро Расулуллоҳ ﷺ фармуданд

Касе ки ба хотири Аллоҳ як рӯзро рӯза дорад, Аллоҳ ӯро ҳафтод сол аз Дӯзах дӯр мегардонад
[Ривояти Бухорӣ ва Муслим] ва хохарам нафсатро аз гуноҳон пок гардон, ва аз рузаи рузҳое ки рузагирияшон ҳаром аст дур бош.

РУЗВДОРИИ РУЗҲОЕ,КИ СУННАТ АСТ

1) Рузҳои душанбе ва панҷшанбе.

2) Рузҳои байни ҳармоҳ 13 ва 14 ва 15 ум.

3) Рузи Ошуро 10 уми моҳи Муҳарам.

4) Рузи Арафа 9 уми моҳи Зулҳиҷҷа барои касоне ки адои ҳаҷ намекунанд.

5) Шаш руз аз моҳи Шавол.

РУЗАДОРИИ РУЗҲОЕ, КИ ҶОИЗ НЕСТ

1) Руза гирифтани рузи ҷумъаро бо танҳои е‌ рузи шанберо бо танҳои

2) Рузадории рузи шак (пеш аз дохилшавии моҳи Рамазон)

3) Рузҳои иди Рамазон ва Қурбон

4) Рузадории ае‌ми ташриқ рузҳои 11 ва 12 ва 13 уми моҳи Зулҳича

Шашум: Хоҳари азизам

Кушиш кун ки воҷибҳоятро бо пурраги ба ҷо ори, чунки ту аз онҳо пурсида хоҳи шуд, ончизе ки бар ту воҷиб аст, мисли эҳтироми падару модар ва шавҳар ва фарзандону хонаводаат, онро ба ҷо ор, Пае‌мбар (с) мефармояд: Ҳар яки шумо масъул ҳастед ва ҳар яки шумо аз масъулиятатон пурсида хоҳед шуд
[Бухори ва Муслим]

Давом Дорад
360 views18:56
Ochish/sharhlash
2023-03-09 19:11:52 ДАҲ ФУРСАТИ ГАРОНБАҲО БАРОИ ЗАНИ МУСАЛМОН
ХОҲИШАН ТО ОХИРА БХОНЕН

Ба номи Худое ки зану мардро аз як нафс офарид!

Хоҳари мусулмонам

Аз ту мехоҳам суоле бикунам ва хоҳиш дорам ошкору равшан ҷавобам бидеҳ.

Ое‌ ҷисми ту тоқати оташро дорад

Албатта ҷавобат "не" мебошад, зеро ҳама медонанд, ки ҷисми инсон тоқати оташро надорад

Бисе‌р ҷавоби хуб доди хоҳари азизам, албатта тоқати онро надорад

Ин хел бошад барои чи аз оташе ки ҳарорату алангааш чандин баробари оташи дуне‌ аст наметарси?

Чи шудаст бар ту хоҳари азизам, ки аз оташе ки бо камтарин вақт ҷароҳаташ шифо мее‌бад метарси, ва аз оташи дузах ки гармию алангаи у бепое‌н аст наметарси

Он гунае ки ман медонам ҳарвақто ки дастатро ба суи деги тафсон дароз мекуни бо латапорае уро даст мезани то ки дастатро аз гармию ҳарораташ нигоҳ дори.
Пас агар ин хел бошад, бояд бароят ибрат бошад, ки амалҳои солеҳ бароят мисли ҳамон латапорае мебошанд ки нафси туро аз оташи дузах нигоҳ медоранд
Паноҳ ба Худо аз он ҳавлу алангаи дузах

Ҳоло хоҳари мусулмонам

Барои ту даҳ насиҳатро пешкаш менамоям, ки онро фурсатҳои гаронбаҳо номгузори кардам

ХУБ ДИҚҚАТ КУН

Агар ба ин даҳ тавсия ҳар як хоҳари мо амал кунад Ин ша Аллоҳ, ки ин амалҳо дар баробари оташи дузах ин хоҳарро ҳимоят мекунад

Аввал: Хоҳари азизам!

Кушиш кун то ки намозҳоятро дар вақташ адо намои, ва кушиш кун ки онҳоро бо тамоми пурраги адо намои, ва худро аз адои намозҳо ҳеҷгоҳ ғофил насоз

Худованд мефармояд

فَوَيْلٌ لِّلْمُصَلِّينَالَّذِينَ هُمْ عَن صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ

Пас вои‌ бар он намозгузороне, ки дар намози худ саҳл ангоранд" (дар ғафлатанд)
Сураи Моъун 4-5

Бубин хоҳари азизам! Худованд дар ин оят бенамозонро хитоб накардааст, балки касонеро хитоб кардааст, ки гоҳе намоз мехонанд ва гоҳе аз он ғофил мемонанд, ва гоҳе намозҳояшонро берун аз вақташ мехонанд, ва ин гуна одамон то ин ки аз корҳои дунявияшон фориғ нагарданд ҳаргиз дар фикри намоз намешаванд, ва онро ҳам мувофиқи ҳавову ҳавасашон “ويل" - "Вайл” адо менамоянд, ва ногуфта намонад ки маънои Ваи‌л" водие аз водиҳои дузах мебошад, ба Худо паноҳ аз ин води

Пас бидон хоҳари азизам! ки ту дар чигунаги адои намозҳоят рузи қие‌мат пурсида хоҳи шуд, агар намозҳоят солеҳона бошанд тамоми амалҳоят солеҳона мегарданд, агар намозҳоят фосид бошанд тамоми амалҳоят фосид мегарданд.

Агар чунин аст, пас чаро кушишҳоятро дар ҳаво мисли ғубор меандози?
- Хоҳари мусулмонам! Чаҳор чизро пеш аз чаҳор чиз ғанимат дон, ҳае‌тро пеш аз марг, ҷавониро пеш аз пири, дороиро пеш аз камдасти, ва фароғиро пеш аз машғули.

Пае‌мбар (с) мефармояд:
"Рузи қие‌мат пеш аз инки осори пои фарзанди одам канда шавад уро дар бораи ҷавонияш мепурсанд ки уро чигуна сипари кард, ва аз молаш ки онро аз куҷо ва чи гуна ба даст овард, ва дар чи чиз онро сарф кард, ва аз тамоми умраш ки онро дар чи чиз ва чигуна сипари кард

Дувум: Хоҳари азизам!

Кушиш кун то ки намози Бомдодро дар вақташ ба ҷо ори ва соъататро дар вақти он бигузор то ки огоҳат кунад, чи гунае ки онро дар вақтҳои корҳои дунявият муваққат месози, гирду атрофе‌натро низ бедор кун, махсус шавҳару фарзандон ва ҳамаи маҳориматро то ки аҷру савоби онҳоро низ соҳиб шави, сабр кун ва бепарво набош ва аҷру савобатро аз Худованд интизор бош

Давом дорад
332 views16:11
Ochish/sharhlash
2023-03-09 19:05:36
ДАҲ ФУРСАТИ ГАРОНБАҲО БАРОИ ЗАНИ МУСАЛМОН

МАҚОЛА ДАР МАВЗУЪИ "10 - ФУРСАТИ ГАРОНБАҲО БАРОИ ЗАНИ МУСАЛМОН"
ҲАТМАН ТО ОХИРА БХОНЕН ҲАР ЯКТАША БА НАВБАТ МЕПАРТОМ ИН ША АЛЛОҲ .
293 views16:05
Ochish/sharhlash
2023-03-09 18:19:21
‏صديقتي سأطلب من الله أن يبقيكِ لي مرتين مرةً هُنا ومرةً في الجنة

АЗИЗИ МАН
АЗ АЛЛОҲ МЕХОҲАМ ҲАМРОҲИ МАН ҚАРОР ДИҲАД ТУРО ДУ МАРТАБА ЯК МАРОТИБА ДАР ИН ҶО МАРТАБАИ ДУЮМ ДАР БИҲИШТ


.
@DUSTI_MABOT

.
@Dusti_Mobot
306 views15:19
Ochish/sharhlash