Get Mystery Box with random crypto!

: БЕҲТАРИН ҚИСА. ДАР БОРАИ ГУРУСНАГИ. МА ША АЛЛОҲ 6452) | 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

: БЕҲТАРИН ҚИСА. ДАР БОРАИ ГУРУСНАГИ. МА ША АЛЛОҲ
6452)
Хадис!
Абӯҳурайра разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Савганд ба Аллоҳ, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз ӯ вуҷуд надорад, гоҳе аз шиддати гуруснагӣ, бар шикам рӯй замин мехобидам.
Ва гоҳе,ҳам аз шиддати гуруснагӣ санг бар шикамам мебастам. Рӯзе канори роҳе, ки мардум аз онҷо мегузаранд, нишастам. Нахустин Абубакр разияллоҳу ъанҳу аз онҷо гузашт . Ман дониста ба хотири ин, ки хӯроке ба ман бидиҳад, ва гуруснагиямро бар тараф намояд, аз эшон дар борай яке аз ояти қуроони карим пурсидам. Аммо ӯ ба роҳаш идома дод , бидуни оне, ки коре бароям анҷом бидиҳад. Сипас Ъумар аз канорам гузашт. Боз ҳам ман дониста ба хотире, ки хурокам бидиҳад , ва гуруснагиямро бар тараф намояд, аз эшон ҳам дар борай яке аз ояти қуроони карим пурсидам. У ҳам ба роҳаш идома дод , бидуни ин, ки коре бароям анҷом бидиҳад. Саранҷом. Абулқосим Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз канорам гузашт эшон ҳангоме, ки маро медид, ва аз чеҳраам ба ончи, ки дар қалбам мегузашт пай бурд. Сипас фармуд!
Эй Абӯҳурайра ! Гуфтам омодай хидматам эй Расули Аллоҳ.
Фармуд!
Бо ман биё ! Ва роҳрафтан гирифт . Манҳам ба дунболаш ба роҳ рафтам, то ин, ки вориди манзилаш шуд, ва иҷозаҳ хост. Онгоҳ ба ман низ иҷозати даромаданро дод . Ҳангоме, ки вориди хона шуд, зарфи шире дар онҷо дид . Пурсид!

Ин шир аз куҷост! Гуфтанд! Фалон мард ё фалон зан онро ба шумо ҳадя карда аст. Фармуд!
Абӯҳурайра! Гуфтам! Эй расули Аллоҳ омодай хидматам! Фармуд! Худатро ба аҳли суффа бирасон ва онҳоро низ наздам биёр!
Қобили ёдовари аст, ки Аҳли суффа , меҳмонони Ислом буданду. онон хонаву дар ва моле надоштанд ва хонавода надоштанд. Ва назди касе,ҳам намерафтанд. Ҳаргоҳ закоте ба Набии Акрам Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам медоданд, онро барой Аҳли суффа мефиристод. Ва худаш аз он истифода намекард. Ва ҳаргоҳ ҳадяе ба эшон медоданд, Аҳли суффаро бо он ҳадя шарик мегардонд. Яъне худаш аз он истифода мекард, ва миқдори азонро ҳам барой онҳо мефиристод.

Ба ҳар хол ин сухани Расули Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам маро андуҳгин сохт, ва бо худ гуфтам!
Магар ин шир чиқадар аст, ки Аҳли суффароҳам биёварам ?
Бояд ин ширро ба ман медоданд, то ниме аз он бинушам ва қуват гирам. Агар онҳо биёянд, хатман расули Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ба ман дастур медиҳад, то бар онҳо шир бидиҳам , ва чибасо , ки ба ман чизе нарасад.

Аммо чорае чуз итоъат аз Аллоҳ ва расулашро надоштам . Лиҳозо назди онон рафтам ва ононро даъват намудам . Омаданд ва иҷозати вуруд хостанд. Расули Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ба онҳо иҷозат дод. Ва онҳо ҳама дохили хона шуданд,ва нишастанд. Пайғамбари Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд! Эй Абоҳир! Гуфтам омодай хидматам эй Расули Аллоҳ! Фармуд! Ширро бардор ва ба онҳо бидеҳ! Ман зарфро бардоштам ва шурӯъ ба ширдодан намудам.ҳангоме , ки зарфи ширро ба яке аз онҳо медодам , ӯ он қадар менушид, ки сероб мешуд. Ва хурмай ширро ба ман бармегардонд . Сипас ба дигаре медодам , ӯ низ онқадар менушид, ки сероб мекард. Ва хурмаро ба ман боз мегардонд. Ман ин корро ҳамчунон идома додам , то ин, ки дар холе ба Набии Акрам Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам расид, ки ҳамай онҳо сероб шуда буданд. Онгоҳ пайғамбари Аллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам хурмаро аз ман гирифт, ва рӯй дасташ гузошт.Ва бо табассум ба ман нигоҳ кард ва фармуд! Абоҳир! Гуфтам омодай хидматам эй Расули Аллоҳ! Фармуд! Фақат ман ва ту мондаем! Гуфтам дуруст аст, эй расули Аллоҳ, фармуд! Бинишин ва бмнуш! Манҳам нишастам ва нушидам. Дубора фармуд бинӯш! Ва онқадар ин калимаро такрор намуд, ки гуфтам! На Савганд ба зоте, ки туро ба ҳақ фиристода аст. Ҷое барой нӯшидан надорам. Фармуд! Пас хурмаро ба ман бидеҳ! Хурмаро ба эшон додам. Он Хазрат саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам баъд аз хамду сано бисмиллоҳ гуфтанд ва боқимондаи он ширро нӯшид.
Бухори-6452.