Get Mystery Box with random crypto!

⚘  РУЗИ ҶУМЪА⚘ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نُو | 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

⚘  РУЗИ ҶУМЪА⚘

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوْمِ ٱلْجُمُعَةِ فَٱسْعَوْا۟ إِلَىٰ ذِكْرِ ٱللَّهِ وَذَرُوا۟ ٱلْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌۭ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

ЭЙ МӮЪМИНОН, ЧУН ДАР РӮЗИ ҶУМЪА АЗОН БАРОИ НАМОЗ ДОДА ШАВАД, ПАС, БА СӮИ ЁД КАРДАНИ АЛЛОҲ САЪЙ КУНЕД ВА ХАРИДУ ФУРӮШРО БИГУЗОРЕД; АГАР МЕДОНЕД, ИН БАРОИ ШУМО БЕҲТАР АСТ

Дар як ҳафта рӯзи бофазилат ин рӯзи Ҷумъа аст. Сухани Расули Аллоҳ ﷺ аст: "Дар рӯзҳое, ки Офтоб мебарояд, беҳтарини рӯзҳо рӯзи Ҷумъа аст Инчунин Аллоҳтаъоло Одам (а)-ро дар ҳамин рӯз халқ карда, дар ҳамин рӯз дохили Ҷаннат гардонид ва дар ҳамин рӯз ӯро аз он берун овардааст Дар замони Пайғамбар (с), ва Абӯбакр (р) ва Умар (р) азони намози ҷумъа як дафъа буд. Чун ҳазрати Усмон (р) халифа шуданд, шаҳр калон шудан гирифт, мардум низ бисёр шуданд. Мардум машғули тиҷорат буданд Ба хотири он ки мардум дар ғафлат намонанд, ҳазрати Усмон (р) аз ҳавлии худ, ки Завро ном дошту баландтарин мавзеи Мадина буд, пеш аз намози ҷумъа азони иловагиро ташкил намуданд. Одамон азонро шунида рӯ ба масҷид меоварданд. Чун имом ба минбар мебаромад, азони дувум, ки азони аслӣ буд, гуфта мешуд. Ҳукми оя вобаста ба азони дуюм аст. Ба мазмуни ин оя 2-ракаъат намози бо ҷамоъат, яъне намози Ҷумъа бар муъминон фарз шуд. Вақти намози Ҷумъа вақти намози пешин аст ва вай ба ҷойи пешин хонда мешавад. Аз ин рӯ Аллоҳ фармудааст ки эй муъминон чун бонги азонро шунидед, аз шуғли худ фориғ гардед ва барои шунидани вазъу насиҳату хутба ва барои ибодати Аллоҳ ба намози ҷумъа бишитобед Агар шумо аҳли фаҳм бошед, бояд бидонед, ки ин тиҷорат барои шумо нисбат ба он тиҷорати молие, ки доред манфиъати бештаре дорад. Фазилатҳои судбахш барои касоне, ки дар он рӯз барои адои намоз бо ҳам ҷамъ омаданд ин аст: Якум дар дуои ҷамоат хайру баракат мешавад.Дувум яке аз фазилатҳои рӯзи ҷумъа мавҷудияти лаҳзаи қабули дуои бандагон дар давоми рӯз аст

    ( Ал-Ҷумъа  : оят 9 )
                       
                        ⚘ САЛАВОТ БИФИРИСТ⚘

*Дар шаб ва рӯзи ҷумъа салавотро фаромӯш накунед*
*Аз фазоили салавот*
*Ҳар кас як салавот бар расулуллоҳ ﷺ бифиристад *
*10 некӣ ва ҳасанот барояш навишта мешавад.*
*10 гуноҳон пок мешавад.*
*10 дараҷа ҳам мақоми инсон назди Аллоҳ болотар меравад
*Ва Аллоҳ ﷻ  даҳ салавот бар ӯ мефиристад
*Пас мутаваҷҷеҳ бош, ки ғофил намонӣ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّد، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيْمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد
اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّد، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيْمَ وَعَلَى آل إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد،
  
     ⚘ВАҚТИ ИҶОБАТИ ДУО ДАР           РУЗИ ҶУМЪА⚘
Дуо карданро фаромӯш накунед...
Барои муслимин
Барои муҷоҳидин
Барои асирон
Барои мустазафин(заъифон)
Барои тамоми диёри муслимин, ки имрӯз дар ишғоли куффоранд

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд

Абу Довуд ва Насои ва Ҳокам онро ривоят кардаанд.
Рӯзи ҷумъа дувоздаҳ соат аст(дар ин байн соате аст, ки) ҳар бандаи мусалмоне дар он соат аз Аллоҳи мутаол чизе бихоҳад ҳатман ба ӯ медиҳад, онро дар охирин соати рӯзи ҷумъа баъд аз намози аср ҷустуҷӯ кунед

Аҳмад ибн Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ гуфтааст:
Аксар аҳодисе ки дар бораи он лаҳзаи мубораки рӯзи ҷумъа, ки дуо дар он мустаҷоб мешавад ривоят шудааст, мегӯяд
Он соат баъд аз аср ва шояд баъд аз заволи офтоб бошад

Имом ибн Қаййим раҳимаҳуллоҳ
"Баъд аз намози аср қабул шудани дуо шурӯъ мешавад”.

Имом Товус ибни Қайсон баъд аз намози аср ба тарафи қибла менишаст ва то мағриб ибодат мекард ва бо касе гап намезад

               ⚘СУННАТҲОИ РУЗИ ҶУМЪА⚘
1.Атр задан
2.Пушидани беҳтарин либос
3.Мисвок задан
4.Пойи пиёда рафтан ба масҷид
5.Гусл
6.Дуо
7.Салавот зиёд фиристодан
8.Гуш додан ба хутба
9.Барвақт рафтан ба масҷид