Get Mystery Box with random crypto!

ҲУҚУҚИ  ШАВҲАР  ДАР  НАЗДИ ЗАН Бисмиллаҳ Алҳамду лиллаҳ ва | 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

ҲУҚУҚИ  ШАВҲАР  ДАР  НАЗДИ ЗАН

Бисмиллаҳ Алҳамду лиллаҳ ва салату ва салламу ъала Расулиллаҳ

Аммо баъд:

وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

* Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест.Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст!*
Сураи Бақара Ояти 228

        Зане назди Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омад ва пурсид:
Ё Расулиллаҳ, ҳаққи шавҳар бар зан чист?
 
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бо меҳрубонӣ ва лабханд фармуданд:
*«• Зан бояд аз шавҳараш итоъат кунад.*

*• Дар муқобили у саркаш ва нофармон набошад.*
 
* Бидуни иҷоза аз амволаш садақа надиҳад.*
 
*Агар чунин кунад, савобаш ба шавҳар мерасад ва гуноҳаш барои зан мемонад.*
 
*• Бидуни иҷозааш аз хона набарояд.*
 
* Агар зане бидуни иҷозаи шавҳар аз хона барояд, тамоми фариштагон лаънат мегуянд, то замоне, ки ба хонаи шавҳар баргардад.*
 
*• Ба беҳтарин атрҳо худро бар шавҳараш хушбу кунад.*
 
* • Зеботарин либосҳояшро барои шавҳараш бар тан кунад.*
 
* • Ба беҳтарин шакл худро барои шавҳараш ороиш ва зиннат кунад.*
 
* • Ҳар замон, ки шавҳар хост, ҳамбистари у шавад. Ҳатто дар пушти уштур (киноя аз шароити сахт) ва агар зане, ки шавҳар уро барои наздикӣ даъват карда ин амалро ба таъхир биандозад ва агар Намоз бихонад, то шавҳар ба хоб равад, пайваста малоикаҳо уро лаънат мекунанд, то шавҳар бедор шавад.*

*• Агар шавҳар аз у нороҳат аст, бояд шавҳарро розӣ кунад».*

Зан пурсид:
Ҳатто кутоҳӣ аз шавҳар бошад?  Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
*«Бале!».*
*«Зан набояд дар муқобили шавҳар руйтурушӣ кунад ва бо у бадахлоқӣ намояд».*
 
Зан дубора пурсид:
Ё Расулуллоҳ, чи касе бештарин ҳақро бар мардон дорад?

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Падар!».

Зан бори дигар пурсид:
Чи касе бештарин ҳақро бар занон дорад?

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Шавҳар!»

Зан дубора пурсид:
Ҳуқуқи шавҳар бисёр бештар аз ҳаққи зан аст?

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Аз сад, то яке на!»
*(Киноя аз инки ҳуқуқи мардон бар занон бисёр бештар аст).*
 
Сипас Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
*«Ҷиҳоди мардон он аст, ки амвол ва ҷони худро дар роҳи Аллоҳ сарф кунанд, то ба шаҳодат бирасанд, вале ҷиҳоди занони уммати ман, хуб шавҳардорӣ кардан ва сабр бар сахтии зиндагӣ ва ахлоқи мардон аст».
 
Ва Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) боз фармуданд:
*«Зане, ки ба шавҳараш бигуяд: "ҳаргиз аз ту хайре надидаам" савоби ҳамаи корҳои неки у аз байн меравад».
 
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
*«Агар қарор буд, дастур диҳам касе дар баробари касе саҷда кунад, ҳатман ба зан дастур медодам, ки шавҳарашро саҷда кунад».*
  
Валлоҳу аълам

Салавоту дуруд бар Набии мо ва Олу Асҳобаш бод.