Get Mystery Box with random crypto!

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН (99) - عَنْ أَََبِي أَيُّوبَ الْأََنْصَ | 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

(99) - عَنْ أَََبِي أَيُّوبَ الْأََنْصَارِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أ: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ.
(مسلم - 1164).

Хадис!
Абу - Айюуби Ансори, разияллоҳу ъанҳу, мегӯяд!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Ҳар касе, ки моҳи рамазонро рузаҳ бигирад.
Ва баъд аз он шаш рӯзи моҳи шаволро низ рузаҳ бигирад, ин ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

(Муслим - 1164).


Шарх!
Ва маъной - (кона ка сиёми даҳр)

(كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ)

Яъне - ҳар касе, ки моҳи рамазонро ба пурраги рузаҳ, бигирад, ва баъд аз моҳи рамазон шаш рӯзи моҳи шавволро низ рузаҳ бигирад, аз ҷиҳати ҳисоби аҷрҳо ба монанди оне аст, ки гуё як соли пурраҳро рузаҳ гирифтааст.
Яъне, ки савоби рузаҳ гирифтани - 36, рӯз, баробар ба - 360, рӯз мешавад.
Чунки дар ҳар як рӯзе аз рӯзҳой моҳи рамазон, 10 - савоб мегирад, ва дар си рӯзи моҳи рамазон 300 - савоб мегирад, ва дар 6 - рӯзи моҳи шаввол, шаст савоб мегирад, ин баробар мешавад ба ъададҳой рӯзҳой сол.
Пас рузаҳ гирифтани моҳи рамазон, ва рузаҳ гирифтани шаш рӯз, аз моҳи шаввол, ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

Аллоҳи мутаъаал фармудааст!

(مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشْرُ أَمْثَالِهَا).
Ҳар касе, ки ъамале анҷом диҳад, аҷраш даҳ баробар мебошад
Аллоҳу аълам.
Ҳадисҳо Давом Доранд Ин Ша Аллоҳ