Get Mystery Box with random crypto!

БЕҲТАРИН ҲАДИС. 308- عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضى الله عنه | 🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

БЕҲТАРИН ҲАДИС.

308- عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضى الله عنه قَالَ: قَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَسَمِعْنَاهُ يَقُولُ: أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنْكَ، ثُمَّ قَالَ: أَلْعَنُكَ بِلَعْنَة اللَّهِ، ثَلاَثًا، وَبَسَطَ يَدَهُ كَأَنَّهُ يَتَنَاوَلُ شَيْئًا، فَلَمَّا فَرَغَ مِنَ الصَّلاَةِ، قُلْنَا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، قَدْ سَمِعْنَاكَ تَقُولُ فِي الصَّلاَةِ شَيْئًا لَمْ نَسْمَعْكَ تَقُولُهُ قَبْلَ ذَلِكَ؟ وَرَأَيْنَاكَ بَسَطْتَ يَدَكَ، قَالَ: إِنَّ عَدُوَّ اللَّهِ إِبْلِيسَ جَاءَ بِشِهَابٍ مِنْ نَارٍ لِيَجْعَلَهُ فِي وَجْهِي، فَقُلْتُ: أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنْكَ، ثَلاَثَ مَرَّاتٍ، ثُمَّ قُلْتُ: أَلْعَنُكَ بِلَعْنَةِ اللَّهِ التَّامَّة،ِ فَلَمْ يَسْتَأْخِرْ، ثَلاَثَ مَرَّاتٍ، ثُمَّ أَرَدْتُ أَخْذَهُ، وَاللَّهِ لَوْلاَ دَعْوَةُ أَخِينَا سُلَيْمَانَ لأََصْبَحَ مُوثَقًا يَلْعَبُ بِهِ وِلْدَانُ أَهْلِ الْمَدِينَةِ. (مسلم - 542)


Хадис!
Абудардо разияллоҳу ъанҳу ривоят мекунад, ки!
Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, (дар намоз) истод ва шунидам, ки мегуфт!
Аз ту ба Аллоҳ, паноҳ мебарам.
Баъд аз он се бори дигар гуфт!
Лаънати Аллоҳ, бар ту бод, (сипас), дасташро дароз кард ба гунае, ки мехост чизеро бигирад.
Ҳангоме, ки Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, намозашро ба охир расонд, мо гуфтем!
Ё Расулаллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам!
Дар намоз аз шумо суханоне шунидем, ки қаблан онҳоро нашунида будем?
Ҳамчунин дидем, ки дастатро дароз мекарди?
Паёмбари Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, гуфт!
Душмани Аллоҳ, Иблис, (ъалайҳи лаънаҳ), шуълай оташеро овард, ва хост (он оташро) дар рӯям бигзорад.
Ба ҳамин сабаб, ман се бор гуфтам!
Аз ту ба Аллоҳ, паноҳ мебарам.
Сипас се бори дигар гуфтам!
Лаънати Аллоҳ, бар ту бод.
Бо вуҷуди ин Иблис ъақиб нишини накард.
Дар охир, тасмим гирифтам то ӯро дастгир намоям.
Савганд ба Аллоҳ, агар дуъой бародарам Сулаймон, ъалайҳи салом намебуд, Шайтон, ба банд кашидаҳ мешуд, ва бачаҳой Мадинаҳ, бо он (Шайтон), бозӣ мекарданд.
(Муслим - 542).

Шарх!
Сулаймон ъалайҳи салом, назди Аллоҳ, дуъо намуд, ки!

( رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَهَبۡ لِي مُلۡكٗا لَّا يَنۢبَغِي لِأَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِيٓۖ).

Яъне - Парвардигорро!
Маро мағфират кун, ва чунон подшоҳие ба ман ъиноят кун, ки шоистай ҳеҷ касе баъд аз ман набошад.
Аллоҳ, ҳам дуъой ӯро иҷобат намуд, ва ҳам ба ӯ қудрат ва подшоҳии бузурге ъиноят фармуд, то ҷое, ки шамол дар ихтиёри ӯ қарор гирифт, ва шайотинҳоро мебаст, ва ба ғул, ва занҷир мекашид, ва онҳоро кор мефармонд.