Get Mystery Box with random crypto!

❤ Шерҳои тожики ❤

Telegram kanalining logotibi sherhoi_tj — ❤ Шерҳои тожики ❤ Ш
Telegram kanalining logotibi sherhoi_tj — ❤ Шерҳои тожики ❤
Kanal manzili: @sherhoi_tj
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.16K
Kanalning ta’rifi

💕Омаден хуш омаден🤗
💕Ба канал мепартоем👍
💌Шерхой ошики👍
🎵Музика👍
📸Суратхо👍
📽Видие👍
Фаолияти канал 🇹🇯🇹🇷🇺🇿🇷🇺
┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄┄
🖤 @Sherhoi_TJ 🖤
┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄
Админ @Inoyatulayev

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar 8

2021-03-24 23:47:26
Боре ба кӯрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност»!»
— Лоиқ Шералӣ дар пешгуфтори китоби «Хуросон аст инҷо»-и Муҳаммадҷон Шукурии Бухороӣ


#аксҳо
393 views20:47
Ochish/sharhlash
2021-03-24 23:47:23 * * *
Дареғу дард, ки ёрон зи мо ба дур шуданд,
Чунин зи кӯрии хешу зи бахти шӯр шуданд.

Чу иттиҳод набуда миёнашон чун мушт,
Ба сухра дастхуши чанд муштзӯр шуданд.

Ситорасӯхтагони диёри хуршедӣ
Ба ҳукми чанд камондори бешуур шуданд.

Ду чашм мунтазири илтифоти ёру диёр
Ба ёди хоки Ватан хун гириста кӯр шуданд.

Зи мавҷкӯҳаи Ому паи мадад аз мӯ
Убур карда бад-он сӯ, таҳи қубур шуданд.

Ба хоки ғайр надиданд хайру хайрият,
Ба хоки ғайр ғунуда ғарибгӯр шуданд.

[05.02.1994] - Бемористон
#ғазалҳо
348 views20:47
Ochish/sharhlash
2021-03-24 23:47:23 * * *
Миёни мо ҳар он чӣ буд, чашмони ту медонад,
Гар оташ буд ё ҳам дуд, чашмони ту медонад.

Дили шаб буду ҷоми бодаву дилҳои мо ташна,
Муҳаббат ҳар чӣ мефармуд, чашмони ту медонад.

Дили ман рӯи дастат метапид аз шодии оғӯш,
Зи ту осуд ё фарсуд, чашмони ту медонад.

Чи хориҳои ашколуд кардам пеши дидорат
Чи зориҳои меҳролуд, чашмони ту медонад.

Ба кӯят як қадам раҳ буд, аммо бо ҳазорон бим
Чи раҳҳое дилам паймуд, чашмони ту медонад.

Ба дидорат агар дер омадам, тақсири тақдир аст
Валекин аз чӣ рафтам зуд, чашмони ту медонад.


[1982]
#ғазалҳо
319 views20:47
Ochish/sharhlash
2021-03-24 15:27:09 Гуед, дигар номи Худоро нафурӯшанд,
Гӯед, ки виҷдону сафоро нафурӯшанд.
Эй он, ки таманнои ту дар ҷони малакҳост,
Ман ошиқи ту, гӯй, ки моро нафурӯшанд.
Донишгаҳи мо, мӯъҷизаи илму амал шав,
Бар пири хирад гӯ, ки баҳоро нафурӯшанд.
Адвор тамаддуни фиреб асту фиребо,
Эй кош, ба бозор риёро нафурӯшанд.
Ман омадам аз дуртарин уфқи забарҷад,
Он ҷо, ки ба зар ишқу вафоро нафурӯшанд.
Ин аҳли тиҷорат, ки фурушанд ҳама чиз,
Аз баҳри Худо, гӯ, ки ҳаворо нафӯрӯшанд.
Қонуни заминро ҳама бишкаста чу савганд.
Гӯед, ки қонуни саморо нафурӯшанд.
Аз гумшудаҳо, кош шуниданд табибон,
"Гӯед дилу гурдаи моро нафурӯшанд".
Дар тоқи фалак шамс диҳад дарси накӯӣ,
- Ин аҳли фалак нуру зиёро нафурӯшанд.
Бар дилсияҳоне, ки фурӯшанд ҳама кас,
Гӯед, ки имони шуморо нафӯрӯшанд.

Адиба Хуҷанди
414 views12:27
Ochish/sharhlash
2021-03-24 15:27:09 ЗАБОНИ МОДАРӢ

Бихоҳам мисли булбул дар бари гул,
Нишаста бо забони он сароям.
Биомӯзам, ки рози поки онро,
Занам ранге ба оҳанги садоям.

Забони булбуле омӯзам аз нав,
Ки тоза он чу гул пок асту борик.
Биомезам садою атри ҳар ду,
Бигирад шира боз ҳам лафзи тоҷик.

Аё, эй модари мушфиқи миллат,
Нигар бо тарзи лафзи баччагонат.
Надонанду намехонанд тоза,
Суруди “алла”-ат бо хуш забонат.

Маро маъзур доред ҳамзабонҳо,
Ба ҳаққи эҳтироми шири модар.
Бисохта пок, забону хуш сароем,
Ба шаъни модари хеш шеъри модар.

ОЗАРМЕҲР
519 views12:27
Ochish/sharhlash
2021-03-24 00:15:29 Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам.

Агар бо ман гули рӯят набошад, хор хоҳам шуд,
Марав аз ман, ки бо ту меравад айёми гулчинам.

Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад меҳроби оинам.

Чӣ оромист оромии оби мурдаи соҳил?
Марав аз ман, ки бо ту меравад орому таскинам.

Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махур аз ишқ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад тӯмори зарринам.

Ту, эй дилхоҳи деринам, ту, эй тадбиру тамкинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад табрику таҳсинам.

Ту бо ман то ҷавонастӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ишқи нахустинам.

Лоиқ Шералӣ
370 viewsedited  21:15
Ochish/sharhlash
2021-03-23 10:01:25 * * *
Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.

Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.

Дилам хоҳад дуоятро –
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,

Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гирйистаӣ дар худ фурӯ монда...

Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.

Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хурд...

[1980]
#модарнома
86 views07:01
Ochish/sharhlash
2021-03-23 10:01:24 * * *
​Дидори ту барои ман дидори зиндагист, 
Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист.

Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам, 
Ёдат чу ёди бахт мададгори зиндагист.

Ду чашми ту бас аст, ки як умр бедареғ 
Донам, ки ишқ нашъаи саршори зиндагист.

Аммо дареғи дигаре дурии мову туст,
 – Дурии мову туст ё асрори зиндагист.

Мо як ниҳоли дутана-ҳамреша, дар ду боғ, 
Ин кори мову туст ва ё кори зиндагист?

Аз рахнае ба ҳамдигар наззора мекунем, 
Зеро ки дар миёни мо девори зиндагист.

[1986]
#ғазалҳо
74 views07:01
Ochish/sharhlash
2021-03-23 10:01:24 * * *
Намеарзад барои молу мансаб,
Бародарзода бифребад бародар.
Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад, бародар
73 views07:01
Ochish/sharhlash