2021-03-20 05:16:42
ТУРО, ЭЙ ДУХТИ БОРОН, ДИД ХОҲАМ,
АРӮСИ НАВБАҲОРОН, ДИД ХОҲАМ!
ЗУЛОЛИ ИШҚ МЕРЕЗӢ БА ҶОМАМ,
САФОИ ЧАШМАСОРОН, ДИД ХОҲАМ!
ТАСАЛЛО КАЙ ШАВАД ДИЛ БЕ ҶАМОЛАТ,
ТУРО БО САД ҲАЗОРОН ДИД ХОҲАМ!
ЗИ ҲИҶРОНИ ТУ МЕНОЛИД САЪДӢ,
МАНАТ ЧУН БОБАРОРОН ДИД ХОҲАМ!
НОГОҲАМ СӮЙИ ТУ ОЙИНАЗОР АСТ,
БА ЧАШМИ ШОХСОРОН ДИД ХОҲАМ!
АГАР ОӢ ТУ ДАР РУЪЁИ #НАҚҚОШ,
БА ЧАШМИ ИНТИЗОРОН ДИД ХОҲАМ!
Ассалому алайкум, Қадрдонҳоям!
Субҳи баҳорон муборак бод, Дӯстони азизу гиромӣ!
Ҷашни Наврӯз пайки шодмонӣ ва шодкомӣ, рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва, муҳимтар аз ҳама, мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.
Бо камоли ифтихору самимият Шумоёнро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни зебоӣ, сарсабзӣ ва нуру зиё шодбош гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ, сарсабзию сарбаландӣ, барори кор ва ободии рўзгор таманно дорам!
Айёми Наврӯз ва Баҳори нозанин муборак бошад, Азизонам!
@Sherhoi_TJ
326 views02:16