Get Mystery Box with random crypto!

❤ Шерҳои тожики ❤

Telegram kanalining logotibi sherhoi_tj — ❤ Шерҳои тожики ❤ Ш
Telegram kanalining logotibi sherhoi_tj — ❤ Шерҳои тожики ❤
Kanal manzili: @sherhoi_tj
Toifalar: Din
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.16K
Kanalning ta’rifi

💕Омаден хуш омаден🤗
💕Ба канал мепартоем👍
💌Шерхой ошики👍
🎵Музика👍
📸Суратхо👍
📽Видие👍
Фаолияти канал 🇹🇯🇹🇷🇺🇿🇷🇺
┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄┄
🖤 @Sherhoi_TJ 🖤
┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄
Админ @Inoyatulayev

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

1


Oxirgi xabar 6

2021-03-30 01:59:40 * * *
Чу моҳӣ меравам дарё ба дарё,
Чу оҳу меравам саҳро ба саҳро,
Замину осмонро мезанам пай,
Ки боре ёбамат танҳо ба танҳо.


#резаборон #рубоиёт
240 views22:59
Ochish/sharhlash
2021-03-30 01:59:40 * * *
Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ?
Куҷоӣ, Моҳу Парвинам, куҷоӣ?
Туро гум карда будам рӯзи равшан,
Кунун дар хоб мебинам, куҷоӣ?


#резаборон #рубоиёт
239 views22:59
Ochish/sharhlash
2021-03-30 01:59:39 * * *
Агар, эй ёр, бе ту зор мирам,
Бад-ин зорӣ маро магзор, мирам.
Чу дарёвор буд ошӯби ҷонам,
Дуоям кун, ки дарёвор мирам.


#резаборон #рубоиёт
237 views22:59
Ochish/sharhlash
2021-03-30 01:59:39 * * *
Ҷаҳон паҳновар аст, аммо чи танг аст,
Куҷо санге фитад, бар пои ланг аст.
Зи кӯҳистони сангафкан чӣ нолам,
Ки дар пироманам дилҳои санг аст.


#резаборон #рубоиёт
240 views22:59
Ochish/sharhlash
2021-03-30 01:59:39 * * *
Мо бар онем, ки дар мулк адолат бошад,
Мо бар онем, ки ҳам оя, ҳам оят бошад.

Кори мо нест фақат сохтани хомаи гил,
Кори мо ин, ки дар он хома муҳаббат бошад.

Кори мо нест фақат коштани тухме чанд,
Кори мо ин, ки дар он кишт садоқат бошад.

Кори мо нест фақат сохтани ҷодаи рост,
Кори мо ин, ки дар он ҷода ҳақиқат бошад.

Кори мо нест фақат сохтани пайкарае,
Кори мо ин, ки дар он пайкара миллат бошад.

Кори мо нест фақат тантанаи Сомонӣ,
Кори мо ин, ки дар он тантана тинат бошад.

Кори мо нест фақат лофу газоф аз ваҳдат,
Кори мо ин, ки ба ваҳдат абадият бошад.

Кори мо нест фақат ёди Бухорои Шариф,
Кори мо ин, ки зи мо низ шарофат бошад.

Кори мо нест фақат ёди Самарқанди чу қанд,
Кори мо ин, ки Самарқанд асолат бошад.

На бар инем, ки ислом нишинад бар тахт,
Мо бар онем, ки ислом саломат бошад!


[14.03.1998]
#ғазалҳо
249 views22:59
Ochish/sharhlash
2021-03-30 01:59:34
ЭЙ ДИЛИ ПУРОРЗУ, ҒАМГИН МАШАВ
Ба дӯстам Дӯст¹


Эй дили пурорзу, ғамгин машав,
Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ
Гоҳ гумроҳему гоҳо сарварем,
Кӯҳнааслу ранг меҷӯем нав,
Лек онро ҳам на бо худ мебарем.

Орзу чун ғӯраи сармозада
Норасида, мефитад аз шохсор.
Бачагӣ дур аст аз макру фиреб,
Ишқи аввал ҳаст доим бебарор, –
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.

Дар сухан, дар дил ҳама дурангаем,
Бохудему бехудему мутлақем.
Як нигаҳ озод дорему тамом,
Тобеи озодием, беравнақем.
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.

Гул кунад ҳам, бор н-орад мисли бед
Хоҳиши марди ҳақиқатҷӯ мудом.
Чун тарона ҳам бузургу сода аст
Заҳрханди ӯ ба ҳар «дасти тамом».
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.

Дар дили бедил як олам дил бувад,
Гарчи бошад хонаи ӯ бепалос.
Ҳар кӣ ҳам бошем, мо мардум ҳама
Ҳокими яклаҳзагиему халос.
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.


[07.12.1964]
¹. Манзур дӯсти шоир – Доро Дӯст
(шарҳи мураттиб).

Дар акс: Лоиқ Шералӣ ва Дорои Дӯст (ҳамсабақ)
#шеърҳо #аксҳо
412 views22:59
Ochish/sharhlash
2021-03-27 07:30:50
#аксҳо
220 views04:30
Ochish/sharhlash
2021-03-27 07:30:50
Имрӯзхо бархе аз «доно»ҳои дур аз фаҳмишу адаб бо овардани банди сеюму чорум рӯҳи пурфутӯҳи Устоди бузургро ноором месозанд, ки гуиё фоли Лоиқ гуфта. Дар саҳифаҳои хеш коридаанд:

- Ҳазорон Нораку Роғун бисозем,
Бимонад Точикистон торикистон.


Вале бояд гуфт ки Устод ҳақ мегуфтанду ҳамеша чанд мансабдори худхоҳро тунд мегуфтанд. Ояндаи Ватану миллатро мехостанд доим дурахшон бошад.
Инак ба таври пурра панди нигоштаи Устоди зиндаёдро меорам то аҳли фаҳм ба маънои аслиаш бифаҳмад. Боқи худ қазоват намоед, азизони дил!!!


Бидон, бе машъали ақли дурахшон,
Бидуни офтоби илму ирфон.
Ҳазорон Нораку Роғун бисозем,
Бимонад Тоҷикистон торикистон.


#аксҳо
225 views04:30
Ochish/sharhlash
2021-03-27 07:30:50
«Мӯъмин Қаноат дар шеър парастиши миллат, ҳақиқати миллат ва таърихи миллатро замина гузошт ва "мактаби миллат"-ро созмон дод, ки пайравони он Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигар аз шоирони миллисарои солҳои 80-ум ба ин тараф буданд.»

#аксҳо
201 views04:30
Ochish/sharhlash
2021-03-26 12:50:16
Аз Лоиқ Шералӣ чӣ медонед? Суоли мо - ҷавоби роҳгузарон.

Инак касоне, ки аз осори Устод гон мисраъ байт медонанд, хохиш мекунем, дар комментария ба ин запись нависед.

#наворҳо
300 views09:50
Ochish/sharhlash