Get Mystery Box with random crypto!

🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон

Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон А
Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон
Kanal manzili: @tojikiston_news
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 6.40K
Kanalning ta’rifi

💵 Reklama: @Texno_TJ
🔸Бо ёрии ин канал шумо метавонед хабарҳои навтарини Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз ҳама тезтар дастрас намоед.
31.05.2018

Ratings & Reviews

3.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 7

2021-02-02 08:15:17 Раҳбарони Ғарб табаддулоти артиш дар Мянмар алайҳи ҳукумати Аунг Сан Сучиро маҳкум карданд ва садҳо ҳазор нафар аз тарафдорони вай низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми худро нисбат ба ин иқдоми низомиёни Мянмар иброз доштанд.


Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал дар ин кишвар даст ба табаддулот зад ва Аунг Сан Сучи ва дигар мақомоти баландпояи ин кишварро боздошт кард. Артиши Мянмар ба мудати як сол вазъияти фавқулодда эълон кард ва ин амали худро вокуниш ба "тақаллуби интихоботӣ" номид.


Ин таҳаввулоти ногаҳонӣ ҳама талошҳои солҳои ахир барои барқарории демократия дар Мянмарро зери суол бурдааст ва ҳамчунин сарнавишти паноҳандагони ақалияти мусалмони Роҳинҷаро, ки ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд, ба норушанӣ рӯбарӯ кардааст.


Қарор аст Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар ин робита нишасте доир кунад.


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ин табаддулотро зарбае ба демократия хонд ва раҳбарони артиши ин кишварро ба таҳрим таҳдид кардааст. Дар баёнияи раиси ҷумҳури Амрико омадааст, "ҳар ҷо ки демократия ҳадафи ҳамла қарор гирад, Амрико ба дифоъ аз он бархоҳад хост".


Як генерали бознишаста, ки дар Мянмар қудратро ба даст гирифтааст, ваъда дод, ки интихоботи шаффоф ва одилона баргузор карда, қудратро ба барандаи интихобот интиқол хоҳад дод. Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки интихобот кай баргузор мешавад.


Созмони Милали Муттаҳид табаддулоти низомӣ дар Мянмарро маҳкум кард ва хостори барқарории демократия дар ин кишвар шуд. Бритониё, Австралия, Ҳинд, Ҷопон, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико низ табадуллоти артиш дар Мянмарро маҳкум кардаанд.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
207 views05:15
Ochish/sharhlash
2021-02-02 08:15:16
Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба табаддулот дар Мянмар. Вашинтон таҳдид ба таҳрим кард


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
175 views05:15
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:51:14
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз бо сафари корӣ озими вилояти Суғд хоҳад шуд


Манбаъ: Sputnik-tj.com
Канал: @tojikiston_news
324 views04:51
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:30:17
Раҳмон аз барқдуздии зиёд гуфт: 12 кормандони шабакаҳои барқӣ ба ҷавобгари кашида шуданд

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, соли сипаришуда алайҳи 12 корманди барқ бо иттиҳоми дуздии барқ парванда боз шуд


Манбаъ: Sputnik-tj.com
Канал: @tojikiston_news
401 views04:30
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:04:13 Дар Туркманистон маҳдудияти гашту гузори сокинон сахттар ва ваксиназании сартосарӣ шуруъ мешавад.


Дар Туркманистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.


Ин кишвар барои ваксиназании сокинон ваксинаи русии "Sputnik V"-ро харидорӣ карда, интизор меравад, 15 феврал ин раванд шуруъ шавад.


Рӯзи 18 январ Туркманистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ваксинаи русии "Sputnik V" сабт кард. Баъди 10 рӯз дувумин ваксинаи русии зидди коронавирус "ЭпиВакКорона"-ро низ нахустин шуда дар дунё, сабт кард.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
486 views04:04
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:04:12
Дар Туркманистон маҳдудиятҳо тамдид ва ваксиназанӣ шуруъ мешавад


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
1.4K views04:04
Ochish/sharhlash
2021-02-02 07:00:39
Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз дуюми феврал эълон кард


Манбаъ: Sputnik-tj.com
Канал: @tojikiston_news
472 views04:00
Ochish/sharhlash
2021-02-02 06:49:16 Покистон тасмим дорад, дар ҳафтаи ҷорӣ ваксиназании сартосариро шуруъ кунад. Бо ҳадафи ворид кардани ваксинаи чинӣ, як ҳавопаймои низомии Покистон ахиран озими Чин шуд.


Интизор меравад, ки ҳавопаймо бо 500 ҳазор вояи воаксинаи SinoPharm ба Покистон баргардад.


Ваксинаи чиниро дар Покистон дар навбати аввал кормандони соҳаи тиб мегиранд. Ҳадди ақал 400 ҳазор корманди тиб дар навбати ваксинагирӣ номнавис шудаанд.


Рӯзи 30 январ вазорати ҳифзи тандурустии Покистон эълом кард, ки ин кишвар аз ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли ширкати муштараки дорусозии Бритониёву Швейтсария 17 миллион воя дастрас хоҳад кард.


Раёсати танзими васоили табобатии Покистон истифодаи ваксинаҳои SinoPharm, AstraZeneca ва "Спутника V"-и русиро тасдиқ кардааст.


Як назарпурсии ахири маркази пажуҳишии Gallup Pakistan собит кардааст, ки эҳтимол дорад, нисфе аз покистониҳо аз гирифтани ваксина худдорӣ кунанд. Ба бовари онҳо, хатари коронавирус беш аз андоза нишон дода мешавад.


Дар он кишвар 544 ҳазору 813 ҳолати гирифторӣ ва 11 ҳазору 657 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
520 views03:49
Ochish/sharhlash
2021-02-02 06:49:15
Ҳавопаймои низомии Покистон барои ворид кардани ваксини зидди COVID-19 озими Чин шуд


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
507 views03:49
Ochish/sharhlash
2021-02-02 06:30:40
Корманди гумруку шариконаш миллионҳо сомониро рабудаанд: яке зиндону дуи дигар дар пайгард

Додгоҳи пойтах бо ҷурми азхудсозии маблағҳои давлатӣ корманди Хадамоти гумрук Нуъмонзода С. С-ро ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва ду тан шарики ӯ Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р-ро дар  кофтуков қарор додааст


Манбаъ: Sputnik-tj.com
Канал: @tojikiston_news
1.6K views03:30
Ochish/sharhlash