Get Mystery Box with random crypto!

Раҳбарони Ғарб табаддулоти артиш дар Мянмар алайҳи ҳукумати Ау | 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон

Раҳбарони Ғарб табаддулоти артиш дар Мянмар алайҳи ҳукумати Аунг Сан Сучиро маҳкум карданд ва садҳо ҳазор нафар аз тарафдорони вай низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми худро нисбат ба ин иқдоми низомиёни Мянмар иброз доштанд.


Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал дар ин кишвар даст ба табаддулот зад ва Аунг Сан Сучи ва дигар мақомоти баландпояи ин кишварро боздошт кард. Артиши Мянмар ба мудати як сол вазъияти фавқулодда эълон кард ва ин амали худро вокуниш ба "тақаллуби интихоботӣ" номид.


Ин таҳаввулоти ногаҳонӣ ҳама талошҳои солҳои ахир барои барқарории демократия дар Мянмарро зери суол бурдааст ва ҳамчунин сарнавишти паноҳандагони ақалияти мусалмони Роҳинҷаро, ки ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд, ба норушанӣ рӯбарӯ кардааст.


Қарор аст Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар ин робита нишасте доир кунад.


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ин табаддулотро зарбае ба демократия хонд ва раҳбарони артиши ин кишварро ба таҳрим таҳдид кардааст. Дар баёнияи раиси ҷумҳури Амрико омадааст, "ҳар ҷо ки демократия ҳадафи ҳамла қарор гирад, Амрико ба дифоъ аз он бархоҳад хост".


Як генерали бознишаста, ки дар Мянмар қудратро ба даст гирифтааст, ваъда дод, ки интихоботи шаффоф ва одилона баргузор карда, қудратро ба барандаи интихобот интиқол хоҳад дод. Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки интихобот кай баргузор мешавад.


Созмони Милали Муттаҳид табаддулоти низомӣ дар Мянмарро маҳкум кард ва хостори барқарории демократия дар ин кишвар шуд. Бритониё, Австралия, Ҳинд, Ҷопон, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико низ табадуллоти артиш дар Мянмарро маҳкум кардаанд.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news