Get Mystery Box with random crypto!

🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон

Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон А
Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон
Kanal manzili: @tojikiston_news
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 6.40K
Kanalning ta’rifi

💵 Reklama: @Texno_TJ
🔸Бо ёрии ин канал шумо метавонед хабарҳои навтарини Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз ҳама тезтар дастрас намоед.
31.05.2018

Ratings & Reviews

3.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 4

2022-08-31 12:35:13
WHO хост, кӯдаконро зидди фалаҷ эм кунанд

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) аз волидон хостааст, фарзандони эмнашудаашонро зидди фалаҷи атфол ё полиомиелит ҳарчи зудтар эм кунанд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
908 views09:35
Ochish/sharhlash
2022-08-31 11:26:13
Паёмҳо аз саросари ҷаҳон дар пайванд ба даргузашти Горбачев

Раҳбарону сиёсатмадорон аз саросари ҷаҳон дар пайванд ба даргузашти раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев, ки ислоҳоти ӯ боиси пошхӯрии ин давлат шуд, изҳори ҳамдардӣ карданд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
948 views08:26
Ochish/sharhlash
2022-08-31 11:12:14
Қирғизистон 31-солагии истиқлоли худро ҷашн мегирад

Қирғизистон 31-уми август 31-умин солгарди истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад. Чорабиниҳои идона дар ноҳияи Аламудини вилояти Чуйи он кишвар баргузор хоҳанд шуд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
950 views08:12
Ochish/sharhlash
2022-08-31 10:57:14
Номаи эътирозии Ҷейми Флай ба президент Эмомалӣ Раҳмон

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО), дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “аз мавҷи нави озору азият ва талошҳо барои монеагузорӣ ба кори хабарнигорони Радиои Озодӣ” эътироз баён кардааст.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
951 views07:57
Ochish/sharhlash
2022-08-31 10:28:39
Лаҳзаҳои кору зиндагии Горбачёв дар аксҳо

Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
951 views07:28
Ochish/sharhlash
2022-08-31 08:08:22 Ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Ҷозеп Боррел гуфт, кишварҳои ИА ба созиш расиданд, ки барои омӯзиши низомиёни Украина як маъмурияти вижа таъсис диҳанд.


"Сухан на танҳо дар бораи амалиёти ҷангӣ, балки дар маҷмӯъ дар бораи чӣ гуна ҷараён гирифтани ҷанг меравад ва кормандони низомӣ маҳз барои иҷрои ин кор таълим дода мешаванд", изҳор дошт Боррел дар нишасти ғайрирасмии вазирони дифои ИА, ки дар Прага ҷараён дорад.


Ба гуфтаи вай, бисёре аз кишварҳои ИА аз ҳоло ба Украина дар омӯзиш ё бозомӯзии сарбозон кумак мекунанд ва бинобар ин, зарурати муттаҳид кардани талошҳо барои ҳамоҳангсозии беҳтари онҳо вуҷуд дорад.


Ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии ИМА дақиқ нагуфт, ки маъмурияти мазкур чи куна фаъолият хоҳад кард. Аммо тахмин меравад, ки низомиёни украинӣ дар кишварҳои ҳамсоя – аъзои ИА тамрин дода шаванд.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
1.0K views05:08
Ochish/sharhlash
2022-08-31 08:08:21
Кишварҳои Аврупо низомиёни Украинаро омӯзиш медиҳанд


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
973 views05:08
Ochish/sharhlash
2022-08-31 07:41:14 Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 30-юми август дар робита ба парвандаи пурсарусадои таҷовуз ба номуси як духтари 13-сола ҳукми худро эълом кард.


Вакили дифои ҷабрдида Тимур Султонов гуфт, додгоҳ ду корманди пулисро 15-солӣ ва корманди "Дордой"-ро 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин айбдоршудаҳо вазифадор шудаанд, ки 100-ҳазорсомӣ ҷуброн пардозанд.


Ба гуфтаи вакил, волидони наврас аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд.


Расонаҳои Қирғизистон қаблан навишта буданд, ки айбдоршавандаҳо духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба бор овард. Фаъолон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
994 views04:41
Ochish/sharhlash
2022-08-31 07:41:14
Ду пулиси қирғиз барои таҷовузи духтари 13-сола зиндонӣ шуданд


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
946 views04:41
Ochish/sharhlash
2022-08-31 07:27:13 Намояндагони Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хостанд, чархболҳоеро баргардонанд, ки моҳи августи соли 2021 ба ин ду кишвар бурда шудаанд. Ба иттилои “TOLO news”, Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, cарпарасти вазифаи вазири дифоъ дар ҳукумати Толибон рӯзи 29-уми август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул аз бурда шудани чархболҳои МИ-17 ба ду кишвар ёдовар шудааст. Ба гуфтаи Муҷоҳид, чархболу ҳавопаймоҳои бурдашуда "моли мардуми Афғонистон ҳастанд".


"Мегӯянд, амрикоиҳо иҷозат намедиҳанд, ки чархболҳоро ба Афғонистон баргардонанд. Мо дар ин бора бо амрикоиҳо сӯҳбат кардем ва ба онҳо гуфтем, ки чархболҳо ба мардуми Афғонистон тааллуқ доранд ва моли шахсии касе нестанд. Дар ниҳоят, ин амвол бояд ба Афғонистон баргардонида шавад”,-изҳор доштааст ӯ.


Низомиҳои афғонистонӣ бо ин чархболҳо моҳи августи соли 2021 замоне фирор карданд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" Кобулро ғасб карданд.


Моҳи январи соли ҷорӣ низ "Толибон" аз Тоҷикистону Узбекистон хоста буданд, чархболҳоро баргардонанд.



Мақомоти Узбекистон гуфтанд, чархболҳоро ба мақомоти Амрико бармегардонанд. Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд".


Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем", гуфт генерали амрикоӣ.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
975 views04:27
Ochish/sharhlash