Get Mystery Box with random crypto!

🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон

Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон А
Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон
Kanal manzili: @tojikiston_news
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 6.40K
Kanalning ta’rifi

💵 Reklama: @Texno_TJ
🔸Бо ёрии ин канал шумо метавонед хабарҳои навтарини Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз ҳама тезтар дастрас намоед.
31.05.2018

Ratings & Reviews

3.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar

2022-09-01 17:12:13
Президенти Қазоқистон гуфт, иштирокдорони ҳодисаҳои январро афв мекунад

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки гуфт, тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад, барои иштирокдорони ҳодисаҳои моҳи январ афви якдафъаина ваъда кард.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
171 views14:12
Ochish/sharhlash
2022-09-01 16:45:15
Омбудсмени тоҷик хоҳони ёрӣ ба муҳоҷирон дар боздоштгоҳ шудааст

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамтои худ дар Русия хостааст, ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии “Красное Село”-и Санкт-Петербург расидагӣ кунад.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
267 views13:45
Ochish/sharhlash
2022-09-01 16:17:14
Раиси шӯрои мудирони "Лукойл" аз тирезаи бемористон афтодааст

Раиси шӯрои мудирони ширкати нафтии "Лукойл" Равил Маганов дар натиҷаи сарозер шудан аз тирезаи бемористони марказии клиникии Москва ҷон бохтааст.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
350 views13:17
Ochish/sharhlash
2022-09-01 15:07:35
HRW рафтори Русия ва ҳампаймонҳояшро танқид кард

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) нерӯҳои Русия ва ҳампаймонҳояшро танқид кард, ки шаҳрвандони украинӣ, аз ҷумла фирориёнро “маҷбурӣ” ба Русия ва ё минтақаҳои зери назораташ дар Украина мефиристанд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
488 views12:07
Ochish/sharhlash
2022-09-01 14:12:15
Жапаров гуфт, барои бунёди нерӯгоҳу роҳи оҳан чӣ қадар пул лозим аст

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 1-уми сентябр дар ҷаласаи нахустини порлумони ин кишвар баъди таътили тобистона гуфт, бояд беш аз 120 лоиҳаи қонун баррасӣ карда шавад.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
566 views11:12
Ochish/sharhlash
2022-09-01 13:44:14
Тоқаев аз интихоботи пеш аз муҳлат гуфт. Сабаби "шитобкорӣ" чист?

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд, аммо сабаби шитобкориро нагуфт. Танҳо ишора кард, ки "барои таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳ доштани суръати ислоҳот чораҳо заруранд."


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
604 views10:44
Ochish/sharhlash
2022-09-01 13:31:40
Бо вуҷуди тирпарронӣ, нозирон ба нерӯгоҳи ҳастаии Украина мераванд

Бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи тирпарронии шадид, ҳайати коршиносони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ рӯзи 1-уми сентябр аз шаҳри Запорожйеи Украина ба сӯйи нерӯгоҳи атомии ҳамномаш дар шаҳраки Энерходар рафтанд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
606 views10:31
Ochish/sharhlash
2022-09-01 12:48:41
Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 1-уми сентябр дар паёми навбатии худ хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
659 views09:48
Ochish/sharhlash
2022-09-01 12:05:13
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 600 000 рубл дар Челябинск

Дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба кӯшиши бесабти эъломияи гумрукӣ берун кардани 600 ҳазор рубли русӣ, ки ҳудуди 10 ҳазор доллар мешавад, боздошт кардаанд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
716 views09:05
Ochish/sharhlash
2022-09-01 11:37:39
Соҳиби саҳифаи “Вип ҷавонони Норак” дар Инстаграм дастгир шуд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки соҳиби саҳифаи “Вип ҷавонони Норак”-ро дар Инстаграм боздошт кардаанд. Дар саҳифа мансабдорони Норак танқид шуда, аз камбудҳои ин шаҳри Тоҷикистон навор пахш мешуд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
738 views08:37
Ochish/sharhlash