Get Mystery Box with random crypto!

🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон

Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон А
Telegram kanalining logotibi tojikiston_news — 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон
Kanal manzili: @tojikiston_news
Toifalar: Yangiliklar
Til: Oʻzbek tili
Mamlakat: Oʻzbekiston
Obunachilar: 6.40K
Kanalning ta’rifi

💵 Reklama: @Texno_TJ
🔸Бо ёрии ин канал шумо метавонед хабарҳои навтарини Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз ҳама тезтар дастрас намоед.
31.05.2018

Ratings & Reviews

3.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

0


Oxirgi xabar 2

2022-09-01 11:24:15 Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ, ки рӯзҳои 10-18-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.



Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), барои ширкат дар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона беш аз 800 нафар аз 73 кишвар номнавис шудаанд.



Тоҷикистонро дар гуштии озод се нафар - Муҳаммад Икромов (-57 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61 кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг) – намояндагӣ хоҳанд кард.



Рӯзҳои 10-11-уми сентябр мусобиқа оид ба гуштии юнонию румӣ аз рӯи даҳ вазн сурат мегирад. Рӯзҳои 12-14-уми сентябр занон дар даҳ вазн рақобат мекунанд. Мусобиқаи гуштии озод низ аз рӯи даҳ вазн рӯзҳои 15-17-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.


Зимнан, Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (United World Wrestling) радабандии нави гуштигирони озод ва юнонию румиро, ки ба он намояндагони Тоҷикистон низ дохил шудаанд, нашр кард.


Ба ин феҳрист панҷ варзишгари тоҷик оид ба гуштии озод шомиланд: Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57 кг (ҷойи 40-ум), Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кг (ҷойи 44-ум), Мустафо Аҳмадов дар вазни 70 кг (ҷойи 48-ум), Муборакшо Қурбонбеков дар вазни 70 кг (ҷойи 72-юм) ва Шуҳрат Бозоров дар вазни 79 кг (ҷойи 62-юм).


Дар феҳристи ҷаҳонии беҳтарин гуштигирони юнонию румӣ мавқеи варзишгарони тоҷик чунин аст: Асламҷон Азизов дар вазни 55 кг дар ҷойи 25-ум, Далер Ризозода дар вазни 77 кг дар ҷойи 30-юм ва Сӯҳроб Абдулҳаев дар вазни то 82 кг дар ҷойи 62-юм.


Бояд гуфт, ки Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) барои варзишгароне, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта дар феҳрист ба сегонаи беҳтарин шомил шуданд, ҷоизаҳои молӣ таъсис дод. Барои ҷойи аввал дар ҳар вазн 10 ҳазор доллари ИМА, ҷои дуюм — 7 ҳазор ва сеюм — 3 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар шудааст.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
755 views08:24
Ochish/sharhlash
2022-09-01 10:57:16
Раҳмон гуфт, "давраи хатарбори таърихӣ" фаро расидааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш бахшида ба оғози соли нави таҳсил вазъи ҷаҳонро "ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда" номид. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр гуфт, истиқлоли баъзе аз кишварҳо зери "хатари ҷиддӣ" аст, аммо аз ҳеч кишваре ном нагирифт.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
760 views07:57
Ochish/sharhlash
2022-09-01 10:43:14
Муҳоҷирон гуфтанд, баъди як ҳафта сарсонӣ ба Маскав расиданд. ВИДЕО

Беш аз 50 муҳоҷире, ки аз кори як ширкати мусофирбарӣ шикоят доштанд, пас аз як ҳафта аз Душанбе ба Маскав расиданд. Ширкат ба онҳо ваъда дода буд, ки бо нархи арзон давоми се рӯз то Русия мерасонад, вале мусофирбари ширкат дар роҳ борҳо вайрон шуд ва муҳоҷирон саргардон шуданд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
790 views07:43
Ochish/sharhlash
2022-09-01 09:59:14
Боздошти рӯзноманигор барои наворгирии корвони сарвазир

Рӯзноманигор Ардак Ерубоева рӯзи 31-уми август ҳангоми кӯшиши сабти корвони сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов дар шаҳри Оқтеппа боздошт шуд.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
824 views06:59
Ochish/sharhlash
2022-09-01 07:54:12
СММ: Чин мумкин аст дар Шинҷон даст ба ҷиноят алайҳи башарият зада бошад

Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми август дар гузорише эълон кард, ки ҳукумати Чин дар ҷараёни иқдомҳои худ алайҳи мусалмонони ӯйғур ва дигар ақалиятҳои қавмӣ дар Шинҷон, мумкин аст даст ба "ҷиноятҳо алайҳи башарият" зада бошад.


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
936 views04:54
Ochish/sharhlash
2022-09-01 06:58:40 Комиссариати олии Созмони Миллал дар умури гурезагон барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 700 ҳазор доллар ёрии башардӯстона расонд.


Тибқи хабарномаи Комиссариат, аз ин маблағ 466 ҳазор доллараш барои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва боқӣ барои кӯмак ба мактабу беморхонаҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ шудааст.   


Ба иттилои манбаъ, ин маблағро ҳукумати Ҷопон буда, аз тариқи Комиссариати олии СММ дар умури гурезагон ба Тоҷикистон дода мешавад.  


"Кӯмакҳои башардӯстона хаймаҳои оилавӣ, тахтҳои хоб, асбобҳо ошхона, ва дигар чизҳои заруриро дар бар мегиранд. Тамоми лавозимоти кӯмакҳои башардӯстона ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳамчунин ба муассисаҳои таълимию тиббии маҳаллӣ дар Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Ин кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба гурезаҳо ва сокинони маҳаллӣ дар ҳолати зарурӣ кӯмаки башардӯстона расонад",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.  


Ин кӯмакҳо дар ҳоле ба Тоҷикистон дода мешаванд, ки нигаронии паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз хатари ихроҷ аз Тоҷикистон зиёд шудааст. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, давоми ду ҳафтаи ахир беш аз 10 шаҳрванди Афғонистон ба ватанашон бозпас фиристода шуданд. Ин кор нигаронии Комиссариати олии СММ дар умури гурезагонро ба миён овард, аммо мақомот то ҳол ягон шарҳе надодаанд.  




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
951 views03:58
Ochish/sharhlash
2022-09-01 06:58:40
СММ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $700 ҳазор ёрии башардӯстона расонд


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
878 views03:58
Ochish/sharhlash
2022-09-01 06:15:12 Ҳомии ҳуқуқ аз Қирғизистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли кишвараш дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навореро нашр кард, ки нишон медиҳад, ӯ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бишкек рамзҳои ҳамлаи Русия ба Украинаро пок мекунад.


Ҳомии ҳуқуқ ин амали афроди номаълумро танқид карда, як навъи иғвоангезӣ номид.


Ҳарфҳои "Z" ва "V" дар техникаҳои ҳарбии Русия, ки ба Украина ҳамла карданд, тасвир шудаанд. Мубаллиғони Кремл онҳоро рамзи "амалиёти махсус" меноманд. Кремл дар таблиғоти худ аз ин рамзҳо истифода мекунад.


Қаблан пулиси Бишкек ронандагонеро, ки дар мошинашон аломати "Z" доштанд, ҷарима карда буд.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
927 views03:15
Ochish/sharhlash
2022-09-01 06:15:12
Рамзҳои ҳамлаи Русия ба Украина дар кӯчаҳои Бишкек


Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
911 views03:15
Ochish/sharhlash
2022-09-01 06:00:16
Русия бо Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна размоиши низомӣ мегузаронад

Русия ба даври навбатии размоиши низомӣ, ки дар он тақрибан 50 ҳазор сарбоз иштирок хоҳад кард, омодагӣ мебинад.


Дар размоишҳо, ки рӯзи 1 сентябр шуруъ шуда, як ҳафта идома хоҳанд кард, сарбозони Чин, Ҳиндустон, Лаос, Муғулистон, Никарагуа, Алҷазоир, Сурия ва ҳамчунин низомиёни Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.


Намояндагони Вазорати дифои Русия гуфтанд, ки ин размоишҳо хусусияти дифоӣ доранд ва алайҳи ягон кишвари мушаххас нигаронида нашудаанд.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news
954 views03:00
Ochish/sharhlash