Get Mystery Box with random crypto!

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гушт | 🌐 Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ, ки рӯзҳои 10-18-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.



Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), барои ширкат дар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона беш аз 800 нафар аз 73 кишвар номнавис шудаанд.



Тоҷикистонро дар гуштии озод се нафар - Муҳаммад Икромов (-57 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61 кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг) – намояндагӣ хоҳанд кард.



Рӯзҳои 10-11-уми сентябр мусобиқа оид ба гуштии юнонию румӣ аз рӯи даҳ вазн сурат мегирад. Рӯзҳои 12-14-уми сентябр занон дар даҳ вазн рақобат мекунанд. Мусобиқаи гуштии озод низ аз рӯи даҳ вазн рӯзҳои 15-17-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.


Зимнан, Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (United World Wrestling) радабандии нави гуштигирони озод ва юнонию румиро, ки ба он намояндагони Тоҷикистон низ дохил шудаанд, нашр кард.


Ба ин феҳрист панҷ варзишгари тоҷик оид ба гуштии озод шомиланд: Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57 кг (ҷойи 40-ум), Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кг (ҷойи 44-ум), Мустафо Аҳмадов дар вазни 70 кг (ҷойи 48-ум), Муборакшо Қурбонбеков дар вазни 70 кг (ҷойи 72-юм) ва Шуҳрат Бозоров дар вазни 79 кг (ҷойи 62-юм).


Дар феҳристи ҷаҳонии беҳтарин гуштигирони юнонию румӣ мавқеи варзишгарони тоҷик чунин аст: Асламҷон Азизов дар вазни 55 кг дар ҷойи 25-ум, Далер Ризозода дар вазни 77 кг дар ҷойи 30-юм ва Сӯҳроб Абдулҳаев дар вазни то 82 кг дар ҷойи 62-юм.


Бояд гуфт, ки Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) барои варзишгароне, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта дар феҳрист ба сегонаи беҳтарин шомил шуданд, ҷоизаҳои молӣ таъсис дод. Барои ҷойи аввал дар ҳар вазн 10 ҳазор доллари ИМА, ҷои дуюм — 7 ҳазор ва сеюм — 3 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар шудааст.




Манбаъ: Ozodi.org
Канал: @tojikiston_news