Get Mystery Box with random crypto!

Оромиши Қалбҳо ❤️

Telegram kanalining logotibi oromi_qalbho1 — Оромиши Қалбҳо ❤️ О
Telegram kanalining logotibi oromi_qalbho1 — Оромиши Қалбҳо ❤️
Kanal manzili: @oromi_qalbho1
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 10.73K
Kanalning ta’rifi

Аллоҳ аз асрори ниҳонӣ қалбҳо огоҳ аст.
Тарки гуноҳ ва амал кардан ба амали солеҳ сабаби поки қалб ва рӯй овардан ба Аллоҳ ва сабаби зуд қабул шудани дуо мегардад
ЯГОН СУОЛЕ БОШАД БА МО НАВИСЕН
@muhammad32465

Ratings & Reviews

1.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

2


Oxirgi xabar 9

2023-01-07 11:56:48 КИТОБИ "200"-ҚОИДАИ ЭЪТИҚОДӢ
устод АБДУЗОҲИР ДОЪӢ حفظه الله.
PDF: АЗ ФОРСӢ БА ТОҶИКӢ
1.2K views08:56
Ochish/sharhlash
2023-01-07 10:58:34 https://t.me/bishitobed1
1.3K views07:58
Ochish/sharhlash
2023-01-07 10:55:08 Агар ба назари ту чунин расад, ки роҳ дарозу душвор аст, дар бораи биҳишт фикр кун.

«Ба онҳо гуфта мешавад:
«Ба биҳишт дароед!
Тарсро намедонӣ ва ғамгин нахоҳӣ шуд»
(7:49).


Ва Собиқун Содиқун...
1.3K views07:55
Ochish/sharhlash
2023-01-07 05:40:33 Ҳукми тамошои филми Турки
1.8K views02:40
Ochish/sharhlash
2023-01-07 05:40:33
Дарси тавҳид Абдузоири дои дарси 9
1.8K views02:40
Ochish/sharhlash
2023-01-07 05:27:41
Чун ба онҳо гуфта мешуд Ба ҷуз Аллоҳ маъбуди барҳаққе нест ҳамоно саркашӣ мекарданд ва мегуфтанд:«Оё мо барои (гуфтаи) шоири девонае тарккунандаи худоёни худ бошем

(Соффот, Ояти-35-36)

• Аз Абӯмусо разияллоҳу анҳу, аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят аст, ки фармуд:

Мисоли он чи Аллоҳ маро ба он фиристода аст, ки иборат аз илм ва ҳидоят аст, монанди борони зиёд аст, ки бар замин биборад ва порчаи хубе аз заминро бирасад, ки обро ҷазб кунад ва гиёҳонро бирӯёнад. Порчаи дигари аз заминро бирасад, ки сахт бошад ва захира кунад обро, ки Аллоҳ ба он об мардумро манфиат диҳад. Аз он бинӯшанд ва ба он кишт ва зироат кунанд. Ҳамчунон бар порчаи дигаре аз замин бирасад, ки саҳрои хушк бошад, на обро захира кунад ва на гиёҳро бирӯёнад. Ин аст мисоли касе ки илми динро ҳосил кард ва манфиат ҳосил кард аз он чи Аллоҳ маро ба он фиристода аст, пас илм ҳосил кард ва таълим дод мардумро ва мисоли касе ки кӯшиши ҳусули илми динро накард ва ҳидояти Аллоҳро қабул накард, ки Аллоҳ маро ба он фиристода аст.
1.7K views02:27
Ochish/sharhlash
2023-01-07 05:27:41
Ва ҳар ки рӯи худро ба сӯи Аллоҳ бигардонад ва вай некӯкор бошад, пас, ҳамоно ба дастовезе устувор даст задааст

`Яъне ба ло илоҳа иллаллоҳ´

(Сураи Луқмон, Ояти-22)

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам:

"Яке аз шумо мӯъмин шуда наметавонад, то он ки хоҳишоти вай тобеъи он чиз нагардад, ки Ман онро овардаам,,

>Ин аз тамоми инқиёд ва ғояти он аст<

Чунин нест; ба Парвардигорат қасам, ки онҳо имон намеоранд, то он ки туро дар ихтилофе, ки дар миёнашон воқеъ шуд, ҳакам кунанд; ва аз он чи ҳукм фармудӣ, дар дили худ тангӣ бознаёбанд ва ба гардан ниҳодан қабул кунанд

(Сураи Нисо, Ояти-65)


ороми қалбҳо
1.5K viewsedited  02:27
Ochish/sharhlash
2023-01-06 10:37:35 ⚘  РУЗИ ҶУМЪА⚘

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوْمِ ٱلْجُمُعَةِ فَٱسْعَوْا۟ إِلَىٰ ذِكْرِ ٱللَّهِ وَذَرُوا۟ ٱلْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌۭ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

ЭЙ МӮЪМИНОН, ЧУН ДАР РӮЗИ ҶУМЪА АЗОН БАРОИ НАМОЗ ДОДА ШАВАД, ПАС, БА СӮИ ЁД КАРДАНИ АЛЛОҲ САЪЙ КУНЕД ВА ХАРИДУ ФУРӮШРО БИГУЗОРЕД; АГАР МЕДОНЕД, ИН БАРОИ ШУМО БЕҲТАР АСТ.

Дар як ҳафта рӯзи бофазилат ин рӯзи Ҷумъа аст. Сухани Расули Аллоҳ ﷺ аст: "Дар рӯзҳое, ки Офтоб мебарояд, беҳтарини рӯзҳо рӯзи Ҷумъа аст". Инчунин Аллоҳтаъоло Одам (а)-ро дар ҳамин рӯз халқ карда, дар ҳамин рӯз дохили Ҷаннат гардонид ва дар ҳамин рӯз ӯро аз он берун овардааст. Дар замони Пайғамбар (с), ва Абӯбакр (р) ва Умар (р) азони намози ҷумъа як дафъа буд. Чун ҳазрати Усмон (р) халифа шуданд, шаҳр калон шудан гирифт, мардум низ бисёр шуданд. Мардум машғули тиҷорат буданд. Ба хотири он ки мардум дар ғафлат намонанд, ҳазрати Усмон (р) аз ҳавлии худ, ки Завро ном дошту баландтарин мавзеи Мадина буд, пеш аз намози ҷумъа азони иловагиро ташкил намуданд. Одамон азонро шунида рӯ ба масҷид меоварданд. Чун имом ба минбар мебаромад, азони дувум, ки азони аслӣ буд, гуфта мешуд. Ҳукми оя вобаста ба азони дуюм аст. Ба мазмуни ин оя 2-ракаъат намози бо ҷамоъат, яъне намози Ҷумъа бар муъминон фарз шуд. Вақти намози Ҷумъа вақти намози пешин аст ва вай ба ҷойи пешин хонда мешавад. Аз ин рӯ Аллоҳ фармудааст, ки эй муъминон чун бонги азонро шунидед, аз шуғли худ фориғ гардед ва барои шунидани вазъу насиҳату хутба ва барои ибодати Аллоҳ ба намози ҷумъа бишитобед. Агар шумо аҳли фаҳм бошед, бояд бидонед, ки ин тиҷорат барои шумо нисбат ба он тиҷорати молие, ки доред манфиъати бештаре дорад. Фазилатҳои судбахш барои касоне, ки дар он рӯз барои адои намоз бо ҳам ҷамъ омаданд ин аст: Якум дар дуои ҷамоат хайру баракат мешавад.Дувум яке аз фазилатҳои рӯзи ҷумъа мавҷудияти лаҳзаи қабули дуои бандагон дар давоми рӯз аст.

    ( Ал-Ҷумъа  : оят 9 )
                       
                        ⚘ САЛАВОТ БИФИРИСТ⚘

*Дар шаб ва рӯзи ҷумъа салавотро фаромӯш накунед*
*Аз фазоили салавот*
*Ҳар кас як салавот бар расулуллоҳ ﷺ бифиристад *
*10 некӣ ва ҳасанот барояш навишта мешавад.*
*10 гуноҳон пок мешавад.*
*10 дараҷа ҳам мақоми инсон назди Аллоҳ болотар меравад.*
*Ва Аллоҳ ﷻ  даҳ салавот бар ӯ мефиристад.*
*Пас мутаваҷҷеҳ бош, ки ғофил намонӣ.*
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
ﷺ ﷺ ﷺ
اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّد، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيْمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد
اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّد، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيْمَ وَعَلَى آل إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيد،
  
     ⚘ВАҚТИ ИҶОБАТИ ДУО ДАР           РУЗИ ҶУМЪА⚘
Дуо карданро фаромӯш накунед...
Барои муслимин
Барои муҷоҳидин
Барои асирон
Барои мустазафин(заъифон)
Барои тамоми диёри муслимин, ки имрӯз дар ишғоли куффоранд....

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:

Абу Довуд ва Насои ва Ҳокам онро ривоят кардаанд.
Рӯзи ҷумъа дувоздаҳ соат аст(дар ин байн соате аст, ки) ҳар бандаи мусалмоне дар он соат аз Аллоҳи мутаол чизе бихоҳад ҳатман ба ӯ медиҳад, онро дар охирин соати рӯзи ҷумъа баъд аз намози аср ҷустуҷӯ кунед.

Аҳмад ибн Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ гуфтааст:
Аксар аҳодисе ки дар бораи он лаҳзаи мубораки рӯзи ҷумъа, ки дуо дар он мустаҷоб мешавад ривоят шудааст, мегӯяд:
Он соат баъд аз аср ва шояд баъд аз заволи офтоб бошад.

Имом ибн Қаййим раҳимаҳуллоҳ:
"Баъд аз намози аср қабул шудани дуо шурӯъ мешавад”.

Имом Товус ибни Қайсон баъд аз намози аср ба тарафи қибла менишаст ва то мағриб ибодат мекард ва бо касе гап намезад.

               ⚘СУННАТҲОИ РУЗИ ҶУМЪА⚘
1.Атр задан
2.Пушидани беҳтарин либос
3.Мисвок задан
4.Пойи пиёда рафтан ба масҷид
5.Гусл
6.Дуо
7.Салавот зиёд фиристодан
8.Гуш додан ба хутба
9.Зуд рафтан ба масҷид.
662 viewsedited  07:37
Ochish/sharhlash
2023-01-06 10:33:30
• Аллоҳ таъоло ҳақиқати бандагонашро пеш аз имтиҳон ҳам медонад.

Муфассирон дар инҷо илмро ба маънои:(Маълум сохтан), (нишон додан) ва (ҷудо намудан) таъвил намуда, оятро чунин тафсирнамуданд:

Ва албатта Аллоҳ ростгӯёнро аз дурӯғгӯён ошкор менамояд, то ки маълумашро меофаринад.

Ва Муқотил мегӯяд:Пас албатта Аллоҳ ростгӯён ва дурӯғгӯёнро нишон медиҳад.

Ва гуфта шуд:Албатта Аллоҳ ростгӯёнро аз дурӯғгӯён ҷудо менамояд.

°Муоз ибни Ҷабал разияллоҳу анҳу, аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст:

Нафаре нест, ки аз сидқи қалбашшоҳиди диҳад, ки нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад банда ва расули Ӯст, магар ки Аллоҳ вайро бар оташ ҳаром мегардонад.

(Саҳиҳ Бухорӣ-128)

(Саҳиҳ Муслим-32/53)


ороми қалбҳо
669 views07:33
Ochish/sharhlash
2023-01-06 09:39:30 Live stream started
06:39
Ochish/sharhlash