Get Mystery Box with random crypto!

Чун ба онҳо гуфта мешуд Ба ҷуз Аллоҳ маъбуди барҳаққе нест ҳам | Оромиши Қалбҳо ❤️

Чун ба онҳо гуфта мешуд Ба ҷуз Аллоҳ маъбуди барҳаққе нест ҳамоно саркашӣ мекарданд ва мегуфтанд:«Оё мо барои (гуфтаи) шоири девонае тарккунандаи худоёни худ бошем

(Соффот, Ояти-35-36)

• Аз Абӯмусо разияллоҳу анҳу, аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят аст, ки фармуд:

Мисоли он чи Аллоҳ маро ба он фиристода аст, ки иборат аз илм ва ҳидоят аст, монанди борони зиёд аст, ки бар замин биборад ва порчаи хубе аз заминро бирасад, ки обро ҷазб кунад ва гиёҳонро бирӯёнад. Порчаи дигари аз заминро бирасад, ки сахт бошад ва захира кунад обро, ки Аллоҳ ба он об мардумро манфиат диҳад. Аз он бинӯшанд ва ба он кишт ва зироат кунанд. Ҳамчунон бар порчаи дигаре аз замин бирасад, ки саҳрои хушк бошад, на обро захира кунад ва на гиёҳро бирӯёнад. Ин аст мисоли касе ки илми динро ҳосил кард ва манфиат ҳосил кард аз он чи Аллоҳ маро ба он фиристода аст, пас илм ҳосил кард ва таълим дод мардумро ва мисоли касе ки кӯшиши ҳусули илми динро накард ва ҳидояти Аллоҳро қабул накард, ки Аллоҳ маро ба он фиристода аст.