Get Mystery Box with random crypto!

Оромиши Қалбҳо ❤️

Telegram kanalining logotibi oromi_qalbho1 — Оромиши Қалбҳо ❤️ О
Telegram kanalining logotibi oromi_qalbho1 — Оромиши Қалбҳо ❤️
Kanal manzili: @oromi_qalbho1
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 10.73K
Kanalning ta’rifi

Аллоҳ аз асрори ниҳонӣ қалбҳо огоҳ аст.
Тарки гуноҳ ва амал кардан ба амали солеҳ сабаби поки қалб ва рӯй овардан ба Аллоҳ ва сабаби зуд қабул шудани дуо мегардад
ЯГОН СУОЛЕ БОШАД БА МО НАВИСЕН
@muhammad32465

Ratings & Reviews

1.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

2


Oxirgi xabar 10

2023-01-06 08:38:22
``Огоҳ бошед дини холис аз барои Аллоҳ аст´´

(Сураи Зумар, Ояти-3)

Далил аз Ҳадис:

Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу, аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст:

«Босаодатмандтарини мардум ба шафоати Ман касе аст, ки ло илоҳа иллаллоҳро холис аз қалбаш, ё нафсаш мегӯяд»

(Ривояти Бухорӣ-99)

Итбон ибни Молик разияллоҳу анҳу аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят аст:

«Албатта Аллоҳ бар оташ ҳаром гардонида аст касеро, ки ло илоҳа иллаллоҳро танҳо ба хотири ризоити Аллоҳ азза ва ҷалла мегӯяд»

(Ривояти Бухорӣ-425)

(Саҳеҳ Муслим-33/54-55)


Ороми қалбҳо
1.1K views05:38
Ochish/sharhlash
2023-01-06 08:30:23
Саволу ҷавоб дар масъалаи ҳиҷоб Устод Абдузоири дои
Ороми қалбҳо
1.1K views05:30
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:16:54 Ислом

Дар луғат: сар фурӯ овардан, таслим шудан ва хузӯъ намудан аст.
Дар шариат: ҳамон:
1-Барои Аллоҳ ба тавҳид таслим шудан.
2-Ва барои Аллоҳ ба тоат сар фурӯ овардан.
3-Ва аз ширк ва мушрикон безорӣ ҷустан аст.

Ислом ом ва хос аст.
Ислом ба маънои ом, ҳамон бандагӣ намудан барои Аллоҳ ба  чизе ки шаръ гардондааст, аз замоне ки расулонро фиристод, то 
қиёмат шудан.
Ислом ба маънои хос: Ба он чизе, ки Муҳаммад ﷺ‎ фиристода шуда, хос мебошад.

Аркони Ислом
Панҷто аст:

1-Гувоҳи додан ба ин ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст.
2-Барпойи намоз.
3-Адои закот.
4-Рӯзаи моҳи Рамазон.
5-Ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ барои шахсе ки қудрат дорад.

Аркони Ислом он ба ду қисм тақсим мешавад:
Арконе, ки бино бе он қоим намешавад ва (аркони асосӣ) 
номида мешавад.
Ва он ду рукн аст:
1-Ду шаҳодат.
2-Барпойи намоз.
Арконе, ки бино тамом намешавад, магар ба он ва (аркони тамом) номида мешавад.
Ва он се рукн аст:
1-Пардохти закот.
2-Рӯзаи моҳи Рамазон.
3-Ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ.

Далели аркони Ислом, фармудаи Паёмбар ﷺ‎: "Ислом бар панҷ поя бино шудааст:Шаҳодат додан ин ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз ва пардохти закот ва ҳаҷҷи хонаи (Аллоҳ) ва рӯзаи моҳи Рамазон аст".
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
1.4K views16:16
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:12:21 Парвардигоро бар паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дуруд салом фирист. 98
1.1K views16:12
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:12:21 أَصْبَـحْـنا وَأَصْبَـحْ المُـلكُ للهِ رَبِّ العـالَمـين ، اللّهُـمَّ إِنِّـي أسْـأَلُـكَ خَـيْرَ هـذا الـيَوْم ، فَـتْحَهُ ، وَنَصْـرَهُ ، وَنـورَهُ وَبَـرَكَتَـهُ ، وَهُـداهُ ، وَأَعـوذُ بِـكَ مِـنْ شَـرِّ ما فـيهِ وَشَـرِّ ما بَعْـدَه / أَمْسَيْـنا وَأَمْسـى المُـلكُ للهِ رَبِّ العـالَمـين ، اللّهُـمَّ إِنِّـي أسْـأَلُـكَ خَـيْرَ هـذهِ اللَّـيْلَة ، فَتْحَهـا ، وَنَصْـرَهـا ، وَنـورَهـا وَبَـرَكَتَـهـا ، وَهُـداهـا ، وَأَعـوذُ بِـكَ مِـنْ شَـرِّ ما فـيهـاِ وَشَـرِّ ما بَعْـدَهـا 89

   Асбаҳна ва асбаҳа-л-мулку лиллаҳи робби-л-ъаламин. Аллоҳумма инни ас-алука хайра ҳаза-л-явми фатҳаҳу ва насраҳу ва нураҳу ва баракатаҳу ва ҳудаҳу ва аъузу бика мин шарри ма фиҳи ва шарри ма баъдаҳ. 89(Абудовуд 4/322)

   Ба бомдод ворид шудем ва коинот ба бомдод низ ворид шуданд, дар ҳоле, ки коинот аз они Аллоҳест ки Парвардигори оламиён аст. Илоҳо ман аз ту хайри ин рузро, ки пирузиву мадад ва нуру баракот ва ҳидоят дар он бошад, аз ту мехоҳам ва паноҳ мебарам ба ту аз бадии он чи дар он аст ва бадии он чи баъд аз он аст. 89 

   أَصْـبَحْنا[أَمْسَـينا] علـى فِطْـرَةِ الإسْلام ، وَعَلـى كَلِـمَةِ الإخْـلاص ، وَعلـى دينِ نَبِـيِّنا مُحَـمَّدٍ وَعَاـى مِلَّـةِ أبينـا إِبْـراهيـمَ حَنيـفاً مُسْلِـماً وَمـا كـانَ مِنَ المُشـرِكيـن 90

   Асбаҳна ъала фитрати-л ислами ва ъала калимати-л ихласи ва ъала динни набийина Муҳаммадин саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва ъала миллати абийна Иброҳимма ҳанифам муслима-в ва ма кана мина-л мушрикин. 90 ( Аҳмад 3/406)

   Ба бомдод ворид шудем бо дини ислом ва калимаи ихлос ва паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва шариъати падарамон Иброҳим, ки моил ба дини ҳақ ва мусалмон буд ва аз мушрикон набуд. 90

   سُبْحـانَ اللهِ وَبِحَمْـدِهِ . (مائة مرة)91

   Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи. 91(сад бор, Муслим 4/2071)

   Пок аст Аллоҳ ва уро ситоишмекунам 91

   Ҳар касе, ки ҳангоме, ки аз субҳ ва шом ворид шавад, ин зикрро сад бор бигуяд, рузи қиёмат касе бо чизе беҳтар аз он чи вай омода намудааст, наояд, магар касе, ки мисли он зиёдтар гуфта бошад.

   لا إلهَ إلاّ اللّهُ وحْـدَهُ لا شَـريكَ لهُ، لهُ المُـلْكُ ولهُ الحَمْـد، وهُوَ على كُلّ شَيءٍ قَدير . 92

   Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ. Лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ъала кулли шай-ин қадир. 92 (даҳ бор ва ё як бор ҳангоми беморӣ, Абудовуд 4/319, Ибн Моҷа 4/60, Зобул миъод 2/337)

   Нест маъбуди бар ҳақ магар Аллоҳи ягона, нест шарике барои у. Аз они уст мулки ҳастӣ ва аз они уст ситоиш ва у ба ҳар чиз тавоност. 92

   لا إلهَ إلاّ اللّهُ وحْـدَهُ لا شَـريكَ لهُ، لهُ المُـلْكُ ولهُ الحَمْـد، وهُوَ على كُلّ شَيءٍ قَدير . (مائة مرة) 93

   Ла иллаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шай-ин қадир.93

   سُبْحـانَ اللهِ وَبِحَمْـدِهِ عَدَدَ خَلْـقِه ، وَرِضـا نَفْسِـه ، وَزِنَـةَ عَـرْشِـه ، وَمِـدادَ كَلِمـاتِـه . (ثلاثاً) 94

   Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи ъадада халқиҳи ва ризоа нафсиҳи ва зината ъаршиҳи ва мидада калиматиҳи. 94(Се бор ҳангоми субҳ, Муслим 4/2090)

   Пок аст Аллоҳ ва ситоиш мекунам уро ба андозаи махлуқоташ ва вазни ъаршаш ва ҷавҳари суханонаш.

   اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ عِلْماً نَافِعاً، وَ رِزْقاً طَيِّباً، وَ عَمَلاً مُتَقَبَّلاً95

   Аллоҳумма инни ас-алука ъилман нафиъан ва ризқан таййибан ва амалан мутақаббала. 95(Ҳангоми субҳ, Зодилмиъод 2/375)

   Парвардигоро ман аз ту илми судманд ва ризқи ҳалол ва амали мақбул мехоҳам 95

   أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ وَأَتُوبُ إِلَيْهِ96

   Астағфируллаҳу ва атубу илайҳ. 96(Сад бор дар руз, Муслим 4/2075)

   Аз Аллоҳ омурзиш металабам ва ба суи у тавба мекунам. 96

   أَعـوذُبِكَلِمـاتِ اللّهِ التّـامّـاتِ مِنْ شَـرِّ ما خَلَـق . (ثلاثاً إِذا أمسى) 97

   Аъузу би-калиматиллаҳит-таммати мин шарри ма халақ. 97 (Се бор ҳангоми шом, Тирмизӣ 3/187)

   Ба номи комили Аллоҳ паноҳ мебарам аз шарри он чи офаридааст. 97

   Паёмбар ﷺ фармудааст: Ҳар касе, ки ин зикрро се бор ҳангоми шом бихонад, дар он шаб ба вай осебе намерасад.

   اللَّهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ98

   Аллоҳумма салли ва салим ъала набиййина Муҳаммад. 98( Даҳ бор, Маҷмаъул фавоид 10/120)
1.1K views16:12
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:11:46 Аллоҳумма ъафини фи бадани, Аллоҳумма ъафини фи самъи, Аллоҳумма ъафини фи басари ла илаҳа илла ант. Аллоҳума инна аъузу бика мина-л-куфри вал-фақр ва ъаузу бика мин ъазаби-л-қабри ла илаҳа илла ант. 82 (Се бор Абудовуд 4/324)

   Парвардигоро, маро дар баданам ва дар гушам ва дар чашмам саломатӣ деҳ. Нест маъбуде барҳақ ба ту паноҳ мебарам. Нест маъбуде барҳақ, магар ту. 82

   حَسْبِـيَ اللّهُ لا إلهَ إلاّ هُوَ عَلَـيهِ تَوَكَّـلتُ وَهُوَ رَبُّ العَرْشِ العَظـيم . (سبع) 83

   Ҳасбияллоҳу ла илаҳа илла ҳува, ъалайҳи таваккалту ва ҳува раббу-л-ъарши-л-ъазим. 83 (ҳафт бор)

   Бароям Аллоҳ кофист, нест маъбуде бар ҳак, магар у. Бар вай таваккал кардам ва у Парвардигори арши бузург аст. 83 (Абудовуд 4/321)

   اللّهُـمَّ إِنِّـي أسْـأَلُـكَ العَـفْوَ وَالعـافِـيةَ في الدُّنْـيا وَالآخِـرَة ، اللّهُـمَّ إِنِّـي أسْـأَلُـكَ العَـفْوَ وَالعـافِـيةَ في ديني وَدُنْـيايَ وَأهْـلي وَمالـي ، اللّهُـمَّ اسْتُـرْ عـوْراتي وَآمِـنْ رَوْعاتـي ، اللّهُـمَّ احْفَظْـني مِن بَـينِ يَدَيَّ وَمِن خَلْفـي وَعَن يَمـيني وَعَن شِمـالي ، وَمِن فَوْقـي ، وَأَعـوذُ بِعَظَمَـتِكَ أَن أُغْـتالَ مِن تَحْتـي 84

   Аллоҳумма инни ас-алука ъафва ва-л ъафияти фи-д-дунйа ва-л-ахираҳ. Аллоҳумма инна ас-алука ъафва вал-ъафията фи дини ва дунйая ва аҳли. Аллоҳуммастур ъавроти ва омин равъати, Аллоҳуммаҳфазни мин байни ядайя ва мин халфи ва ъан ямини ва ъан шимали ва мин фавқи ва ъаузу би-ъазаматика ан уғтола мин таҳти. 84 (Ибн Моҷа 2/332)

   Парвардигоро, ман аз ту омурзиш ва офиятро дар дунёву охират мехоҳам. Парвардигоро, ман аз ту омурзишу афиятро дар дину дунё ва хонаводаву дороиям мехоҳам. Бор илоҳо, маро аз пеши руям ва аз пушти сарам ва аз болоям нигоҳдор ва аз ин, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам. Ба бузургии ту паноҳ. 84

   اللّهُـمَّ عالِـمَ الغَـيْبِ وَالشّـهادَةِ فاطِـرَ السّماواتِ وَالأرْضِ رَبَّ كـلِّ شَـيءٍ وَمَليـكَه ، أَشْهَـدُ أَنْ لا إِلـهَ إِلاّ أَنْت ، أَعـوذُ بِكَ مِن شَـرِّ نَفْسـي وَمِن شَـرِّ الشَّيْـطانِ وَشِـرْكِه ، وَأَنْ أَقْتَـرِفَ عَلـى نَفْسـي سوءاً أَوْ أَجُـرَّهُ إِلـى مُسْـلِم 85

   Аллоҳумма ълима-л-ғайби ва-ш-шаҳадати, фатира-с-самавати ва-л-арзи, рабба кулли шай-ин ва маликаҳу, ашҳаду алла илаҳа илла анта аъузу бика мин шарри нафси ва мин шарри-ш-шайтони ва ширкиҳи ва ан ақтарифа ъала нафси суан ав аҷурраҳу ила муслим. 85(Тирмизӣ 3/142)

    Парвардигоро, эй донандаи ниҳону ишкоро ва эй офаринандаи осмонҳову замин ва эй Парвардигори молики ҳар чиз шаҳодат медиҳам ба ин, ки нест маъбуде барҳақ, магар ту. Паноҳ мебарам ба ту аз шарри нафсам ва аз шайтон ва ин, ки моро ба ширк биандозад ва аз ин, ки нисбат ба худ муртакиби бадӣ шавам ва ё бадиро бар мусалмоне сабаб шавам. 85

   بِسـمِ اللهِ الذي لا يَضُـرُّ مَعَ اسمِـهِ شَيءٌ في الأرْضِ وَلا في السّمـاءِ وَهـوَ السّمـيعُ العَلـيم . (ثلاثاً( 86

   Бисмиллаҳи-л-лази ла язуру маъасмиҳи шай-ун фи-л-арзи ва ла фи-с-самаи ва ҳува-с-самиъу-л ъалим. 86 (Се бор, Тирмизӣ 5/465)

   Ба номи Аллоҳе, ки зарар намерасонад бо номаш чизе на дар замин ва на дар осмон ва у шунавову доност. 86

   رَضيـتُ بِاللهِ رَبَّـاً وَبِالإسْلامِ ديـناً وَبِمُحَـمَّدٍ نَبِيّـاً . (ثلاثاً)87

   Разиту биллаҳи раббан ва би-л ислами динан ва би Муҳаммадин ﷺ набиййа. 87(се бор, Абудовуд 4/418 )

   Хушнудам ба Парвардигории Аллоҳ ва диёнати ислом ва паёмбарии Муҳаммад ﷺ 87

   Паёмбар ﷺ фармудааст: Аллоҳ бар худ воҷиб карда, ки рузи қиёмат рои гардонад касеро, ки ин зикрро се бор ҳангоми субҳ ва се бор ҳангоми шом бихонад.

   يا حَـيُّ يا قَيّـومُ بِـرَحْمَـتِكِ أَسْتَـغـيث ، أَصْلِـحْ لي شَـأْنـي كُلَّـه ، وَلا تَكِلـني إِلى نَفْـسي طَـرْفَةَ عَـين 88

   Йа ҳайю йа қайюум бираҳматика астағису аслиҳ ли шаъни куллаҳу ва ла такилни илла нафси тарфата ъайн. 88

   Эй зиндаву тадбиркунандаи олам, бар раҳматат аз ту мадад мехоҳам, ки ҳамаи корҳоямро неку соз ва ин ки маро ба андозаи як чашм ба ҳам задан, ба ҳоли худ вогузор накунӣ. 88
909 views16:11
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:11:45 Амсайна ва амсал мулку лиллоҳ валҳамду лиллоҳ, ла илоҳа илла Аллоҳ ваҳдату ло шарика лаҳ лаҳул мулк валаҳу лҳамд ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. Рабби асъалука хайра ма фи ҳазиҳи лайлатӣ ва хайра ма баъдаҳо ва Аъузу бика мин шари ма фи ҳазиҳи лайлатӣ ва шари ма баъдаҳ, раби Аъузу бика минал касали ва суъил кибари, раби Аъузу бика мин ъазаби финнари ва ъазаби фил қабр. 77(Муслим 1/2088)

   Ба бомдод ворид шудем ва коинот ба бомдод ворид шуданд, дар ҳоле, ки ҳама коинот аз они Аллоҳ ҳастанд. Ва ситоиш аз они Аллоҳ аст, нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳи ягона. Нест шарике барои у. Аз они уст ситоиши ва у бар ҳар чиз тавоност. Парвардигоро аз ту мехоҳам хайри он чи дар ин руз аст ва хайри он чи баъд аз он аст. Ва паноҳ мебарам ба ту аз шарри он чи дар ин руз аст ва шарри он чи баъд аз он аст. Парвардигоро, аз танбалӣ ва сахтиҳову нохушиҳои куҳнасолӣ ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз азоби ҷаҳаннам ва ъазоби қабр ба ту паноҳ мебарам. 77

   Чун субҳ бошад гуяд:

   اللّهُـمَّ بِكَ أَصْـبَحْنا وَبِكَ أَمْسَـينا ، وَبِكَ نَحْـيا وَبِكَ نَمـوتُ وَإِلَـيْكَ النِّـشور اللّهُـمَّ بِكَ أَمْسَـينا، وَبِكَ أَصْـبَحْنا، وَبِكَ نَحْـيا، وَبِكَ نَمـوتُ وَإِلَـيْكَ المَصـير 78

  Аллоҳума бика асбаҳна ва бика амсайна ва бика наҳйа ва бика намуту ва илайка-н-нушур. 78 (Муслим 4/2088)

   Бор Илоҳо, ба амри ту субҳ кардем ва ба амри ту шом кардем ва ба амри ту зинда мешавем ва ба амри ту мемирем ва бу суи ту аст зинда шудан. 78

   اللّهـمَّ أَنْتَ رَبِّـي لا إلهَ إلاّ أَنْتَ ، خَلَقْتَنـي وَأَنا عَبْـدُك ، وَأَنا عَلـى عَهْـدِكَ وَوَعْـدِكَ ما اسْتَـطَعْـت ، أَعـوذُبِكَ مِنْ شَـرِّ ما صَنَـعْت ، أَبـوءُ لَـكَ بِنِعْـمَتِـكَ عَلَـيَّ وَأَبـوءُ بِذَنْـبي فَاغْفـِرْ لي فَإِنَّـهُ لا يَغْـفِرُ الذُّنـوبَ إِلاّ أَنْتَ 79

   Аллоҳумма анта рабби ла илаҳа илла анта халақтани ва ана ъабдука ва ана ъала ъаҳадика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри ма санаъту абуу лака би ниъматика ъалайя ва абуу би-занби фа-ғфирли ва-иннаҳу ла яғфиру-з-зунуба илла ант. 79(Бухорӣ 7/150)

   Ё Аллоҳ, ту Парвардигори мани, нест маъбуде барҳақ, магар ту. Маро офаридӣ ва ман бандаи туам ва ман ба паймони ваъдаам бо ту ба қадре, ки метавонам, пойдорам. Аз шарри он чи анҷом додам ба ту паноҳ мебарам. Аз он неъматҳое, ки бар ман додаи огоҳам ва ба гуноҳам эътироф мекунам, пас маро биёмурз, ки ҳар оина ба ҷуз ту касе омурзандаи гуноҳон нест. 79

   اللّهُـمَّ إِنِّـي أَصْبَـحْتُ أَُشْـهِدُك ، وَأُشْـهِدُ حَمَلَـةَ عَـرْشِـك ، وَمَلائِكَتِك ، وَجَمـيعَ خَلْـقِك ، أَنَّـكَ أَنْـتَ اللهُ لا إلهَ إلاّ أَنْـتَ وَحْـدَكَ لا شَريكَ لَـك ، وَأَنَّ ُ مُحَمّـداً عَبْـدُكَ وَرَسـولُـك .(أربع مرات حينَ يصْبِح أوْ يمسي) 80

   Аллоҳума инни асбаҳту ушҳидука ва ушҳиду ҳамалата ъаршика ва малаикатика ва ҷамиъа халқика аннака анталлоҳу ла илаҳа илла анта ваҳдака ла шарика лак ва анна Муҳаммадан ъабдука ва расулук. 80

   Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман субҳ кардам, дар ҳоле, ки туро ва ҳомилони аршатро ва фариштагонатро ва ҳамаи махлуқотатро гувоҳ мегирам, ки ҳар оина ту Аллоҳ ҳастӣ, нест маъбуде барҳақ, магар ту. Ягонаи ва шарику ҳамтое барои ту нест ва ҳамоно Муҳаммад банда ва пайғамбари ту аст. 80

   اللّهُـمَّ ما أَصْبَـَحَ بي مِـنْ نِعْـمَةٍ أَو بِأَحَـدٍ مِـنْ خَلْـقِك ، فَمِـنْكَ وَحْـدَكَ لا شريكَ لَـك ، فَلَـكَ الْحَمْـدُ وَلَـكَ الشُّكْـر 81

   Аллоҳумма ма асбаҳа би мин ниъматин ав би-аҳадин мин халқика фа-минка ваҳдака ла шарика лак фа-лака-л-ҳамду ва лака-ш-шукр. 81 (Абудовуд 4/318)

   Бор илоҳо, ҳар неъмате, ки дар ҳар бомдод ба ман, ё ба яке аз махлуқотат расад, танҳо аз ту аст. Ягонаӣ нест шарике барои ту, пас ситоишу шукур аз они ту аст. 81

   Паёмбар ﷺ фармудааст: ҳар касе, ки ин зикрро субҳ бихонад, шукри он рузро ба ҷо овардааст ва касе, ки шом онро бихонад, шукри он шабро адо намудааст.

   اللَّهُمَّ عَافِنِي فِي بَدَنِي، اللَّهُمَّ عَافِنِي فِي سَمْعِي، اللَّهُمَّ عَافِنِي فِي بَصْرِي، لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ... اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوْذُ بِكَ مِنَ الْكُفْرِ، وَالْفَقْرِ، وأَعُوْذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ القَبْرِ، لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ 82
944 views16:11
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:11:44 Бандаи Очиз:
27. Авродҳои субҳ ва шом

   اللهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لاَ تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلاَ نَوْمٌ لَّهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ مَن ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلاَّ بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلاَ يُحِيطُونَ بِشَىْءٍ مِّنْ عِلْمِهِ إِلاَّ بِمَا شَاء وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَلاَ يَؤُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ 75

    Аъузу биллаҳи мин-ш-шайтанир раҷим.
   Аллоҳу ла илаҳа илла ҳува-л-ҳайю(н)л қаййум. Ла таъхузуҳу синату(н)в ва ла навм. Лаҳу ма фи-с-самавати ва ма фи-л арз. Ман за-л лази яшфаъу ъиндаҳу илла би изниҳ. Яъламу ма байна айдиҳим ва ма халфаҳум. Ва ла юҳитуна би шайи(н)м мин ъилмиҳи илла би ма шаъ. Васиъа курсийюҳу-с-самавати ва-л-арз. Ва ла яудуҳу ҳифзуҳума. Ва ҳува-л ъалийю-л ъазим.75 (Оят-ал-курси: сураи ал бақара, ояти 255)

   Аллоҳ Парвардигорест, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз у. Зиндаву тадбиркунандаи махлуқот аст. Ҳаргиз уро касолати хоб фаро нагирад. Он чи дар осмонҳову замин аст, аз они уст. Кист, ки битавонад шафоъат намояд назди у магар иҷозаи у. Он чиро, ки махлуқот дар пеши ру доранд ва он чиро пушти сар мегузоранд, медонад. Ва эшон ҳеҷ намедонанд аз ъилми Аллоҳ, магар он чи у бихоҳад. Курсии у осмонҳо ва заминро фаро гирифта ва нигоҳдории осмонҳо ва замин бар Аллоҳ сангинӣ намекунад ва у бартару бузург аст.75 (Оят-ал-курси: сураи ал бақара, ояти 255)

   Паёмбар ﷺ дар бораи оят-ал-курси чунин фармудааст: касе, ки онро баъд аз ҳар намоз бихонад, ҷуз ҳаёту зиндагӣ чизе монеъи даромадани вай биҳишт намешавад.

   قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ (1)
   اللَّهُ الصَّمَدُ (2)
   لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ (3)
   وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ (4)76

   Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
   1. Қул ҳуваллоҳу аҳад.
   2. Аллоҳу-с-самад.
   3. Лам ялид ва лам юулад.
   4. Ва лам яку(н)-л лаҳу куфуван аҳад. 76 (Сураи Ихлос)

   Ба номи Парвардигори Бахшандаи Меҳрубон. Бигу, у Парвардигори ман яктост, Парвардигоре, ки бениёз аст. На зодааст аз касе ва назода-шудааст аз у касе ва на ҳеҷ кас ҳамтои уст. 76 (Сураи Ихлос)

   قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ (1)
   مِن شَرِّ مَا خَلَقَ (2)
   وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ (3)
   وَمِن شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ (4)
   وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ (5)76

   Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
   1. Қул аъузу бираббил-л-фалақ.
   2. Мин шарри ма халақ.
   3. Ва мин шарри ғосиқин иза вақаб.
   4. Ва мин шарри-н наффасати фи-л-ъуқад.
   5. Ва мин шарри ҳасадин иза ҳасад. 76(Сураи фалақ)

   Ба номи Парвардигори Бахшандаи Меҳрубон. Бигу паноҳ мебарам ва Парвардигори сапедаи субҳ, аз шарри ҳар чи офаридааст ва аз шарри шаби торик, чун торикии у паҳн шавад ва аз шарри занони афсунгар, чун ҳасад кунанд. 76 (Сураи фалақ)

   قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ (1)
   مَلِكِ النَّاسِ (2)
   إِلَٰهِ النَّاسِ (3)
   مِن شَرِّ الْوَسْوَاسِ الْخَنَّاسِ (4)
   الَّذِي يُوَسْوِسُ فِي صُدُورِ النَّاسِ (5)
   مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ (6)76

   Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
   1. Қул аъузу бирабби-н-нас.
   2. Малики-н-нас.
   3. Илаҳи-н-нас.
   4. Мин шарри-л васваси-л ханнас.
   5. Ал-лази ювасвису фи судури-н-нас.
   6. Мина-л-ҷиннати ва-н-нас. 76(Сураи нос)

   Ба номи Парвардигори Бахшандаи Меҳрубон. Бигу, паноҳ меҷуям ба Парвардигори одамиён, подшоҳи одамиён, Маъбуди одамиён, аз шарри ҳар васвасакунандаи пинҳоншаванда, касе, ки васваса мекунад дар дилҳои одамиён хоҳ аз ҷинниён бошад ва хоҳ аз одамиён.76 (Сураи нос)

   أَمْسَيْـنا وَأَمْسـى المـلكُ لله وَالحَمدُ لله ، لا إلهَ إلاّ اللّهُ وَحدَهُ لا شَريكَ لهُ، لهُ المُـلكُ ولهُ الحَمْـد، وهُوَ على كلّ شَيءٍ قدير ، رَبِّ أسْـأَلُـكَ خَـيرَ ما في هـذهِ اللَّـيْلَةِ وَخَـيرَ ما بَعْـدَهـا ، وَأَعـوذُ بِكَ مِنْ شَـرِّ هـذهِ اللَّـيْلةِ وَشَرِّ ما بَعْـدَهـا ، رَبِّ أَعـوذُبِكَ مِنَ الْكَسَـلِ وَسـوءِ الْكِـبَر ، رَبِّ أَعـوذُبِكَ مِنْ عَـذابٍ في النّـارِ وَعَـذابٍ في القَـبْر 77
1.0K views16:11
Ochish/sharhlash
2023-01-05 19:11:44 Бандаи Очиз:
Ибодат қабул намешавад, магар бо тавҳид .

   Тавҳиди улуҳият шарти дуруст будани ибодат ва асоси қабули он аст. Ибодат, ибодат хонда намешавад, магар бо тавҳид. Ҳамон гуна, ки намоз бидуни таҳорат, намоз маҳсуб намешавад. Агар ширк дар эътиқод ворид шуд, ибодатро ботил месозад. Ҳамон тавре ки шиканандаи таҳорат ба миён биёяду таҳороатро бишканад. Ибодат бидуни тавҳид ширк маҳсуб шуда, тамоми амалҳоро нобуд месозад ва соҳибашро аз зумраи дӯзахиҳои ҷовидона мегардонад.

ТОҒУТ

Ба тоғутҳо куфр варзидан

Тоғут дар луғат- гузаштани 
ҳад аст.

Тоғут дар шариат: Он чизест, ки банда аз ҳаддаш мегузарад, яъне аз маъбуд, ё матбӯъ (пайравшуда), ё мутоъ (итоатшуда).

Воҷиб будани куфри ба тоғут:
Аввалин чизе ки Аллоҳ бар фарзанди Одам фарз гардонида аст, куфри ба тоғут ва имони ба Аллоҳ мебошад.
Далел фармудаи Аллоҳ таъолост:
Албатта Мо дар (миёни) ҳар уммате паёмбареро фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут иҷтиноб кунед".
(Наҳл:36)

Сифати куфр варзидан ба тоғут:
1.Ботил будани ибодати ғайри Аллоҳро эътиқод намоӣ ва онро тарк кунӣ ва бад бинӣ.
2.Аҳли онро кофир шуморӣ ва бо онҳо душманӣ намоӣ.

Сардорони тоғутҳо:

Тоғутҳо бисёр аст, лекин сардорони онҳо панҷто аст :

1-Иблис, Аллоҳ ӯро лаънат кунад.
2-Ва касе ки ба ҷуз Аллоҳ парастида шавад ва ӯ розӣ бошад.
3-Ва касе ки мардумро ба сӯи ибодати худаш даъват намояд.
4-Ва касе чизе аз илми ғайбро даъво кунад. 5-Ва касе ки ба ғайри нозилкардаи Аллоҳ ҳукм кунад.
1.2K views16:11
Ochish/sharhlash
2023-01-05 18:50:10 https://t.me/Oromi_qalbho1?livestream=bc871227309efc99b1
1.3K views15:50
Ochish/sharhlash