Get Mystery Box with random crypto!

Оромиши Қалбҳо ❤️

Telegram kanalining logotibi oromi_qalbho1 — Оромиши Қалбҳо ❤️ О
Telegram kanalining logotibi oromi_qalbho1 — Оромиши Қалбҳо ❤️
Kanal manzili: @oromi_qalbho1
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 10.73K
Kanalning ta’rifi

Аллоҳ аз асрори ниҳонӣ қалбҳо огоҳ аст.
Тарки гуноҳ ва амал кардан ба амали солеҳ сабаби поки қалб ва рӯй овардан ба Аллоҳ ва сабаби зуд қабул шудани дуо мегардад
ЯГОН СУОЛЕ БОШАД БА МО НАВИСЕН
@muhammad32465

Ratings & Reviews

1.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

2


Oxirgi xabar 7

2023-01-08 19:52:47 2 шиканандаҳо ислом

Касе ки миёни худ ва Аллоҳ Таъало восита қарор диҳад
ва он воситаҳоро (миёонаравро, аз ҷумла ё пирам мададё пирони пир, ё Ҳусайн, ё Али, ё фалони авлиё ) фарёд
бихонад ва аз он талаби шафоъат кунад, ба иҷмоъ,
мушрик ва кофир мешавад.
Мо худамон шахсан шоҳид ҳастем ки бисёре аз уламои
суъ ( уламои бадхоҳ, фасод) аз минбар дар мавъизаҳои худ
даъват ба сӯи ширк мекунанд ва инҳо мегӯянд: " вақте ба
сари қабри Паёмбар ( СаллаАллоҳу алайҳи ва саллам)
рафтед гӯед асъалука шафаъатуҳу ё расулуЛлаҳ ( яъне ё
расулуЛлаҳ ба мо шафоъат кун )" ва инро боз мустаҳаб аст
мегуянд , ҳол он ки ин ширки акбари зоҳир аст. Ин мусибат
аст, ки ана ҳамин хел бо ном "уламо" худашон мушрик
буда ва мардуми оммиро гумроҳ ва ба ширк бурда
истодаанд.
Ба далели фармудаи Аллоҳ Субҳанаҳу ва Таъало:

أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُ‌ۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِى مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ‌ۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِى مَنۡ هُوَ كَـٰذِبٌۭ كَفَّارٌۭ

ОГОҲ БОШ, ПАРАСТИШ КАРДАНИ ХОЛИС(ЯЪНЕ: БА ҒАЙРИ ШИРК) БАРОИ ХУДО АСТ.(ЯЪНЕ: НАЗДИКИ Ӯ МАҚБУЛ АСТ) ВА ОНОН, КИ БА ҶУЗ ХУДО ДӮСТОНЕ ГИРИФТАНД, (ГУФТАНД): «ОНҲОРО ИБОДАТ НАМЕКУНЕМ, МАГАР БАРОИ ОН, КИ МОРО ДАР (МАРТАБАИ) ҚУРБ БА ХУДО НАЗДИК СОЗАНД». БА РОСТӢ КИ ХУДО ДАР МИЁНАШОН ДАР ОН ЧИ ОНҲО БАР ОН ИХТИЛОФ ДОРАНД, ҲУКМ МЕКУНАД. ҲАМОНО ХУДО КАСЕРО, КИ ДУРӮҒГӮИ НОСИПОС АСТ, РОҲ НАМЕНАМОЯД.

    ( Аз-Зумар  : оят 3 )

ороми қалбҳо
731 views16:52
Ochish/sharhlash
2023-01-08 19:52:47 1 шиканандаҳо ислом

Ширк дар ибодат ба далели фармудаи Аллоҳ таъоло:


إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُ‌ۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱفۡتَرَىٰٓ إِثۡمًا عَظِيمًا

БА ДУРУСТӢ, ХУДО ОНРО, КИ БАРОИ Ӯ ШАРИК МУҚАРРАР КАРДА ШАВАД, НАМЕОМУРЗАД; ВА ҒАЙРИ ОН ҲАР КИРО ХОҲАД, МЕОМУРЗАД. ВА ҲАР КИ БАРОИ ХУДО ШАРИК МУҚАРРАР КУНАД, ҲАМОНО БА ГУНОҲИ БУЗУРГ ИФТИРО КАРДААСТ.
Нисо ояти 48

《 Аллоҳ таъоло (ҳаргиз) ширкро намебахшад ва поёонтар
аз онро барои ҳар касе ки бихоҳад мебахшад》.

Забҳ ва Қурбонӣ барои ғайри Аллоҳ;
Забҳ барои ҷинҳо ё қабрҳо аз ақсоми шарик дар ибодат
ҳастанд

ороми қалбҳо
686 views16:52
Ochish/sharhlash
2023-01-08 18:51:06 Нифоқ бар чанд навъ тақсим мешавад ва
маънои он чист?


Ҷ. Нифоқ бар ду навъ тақсим мешавад: нифоқи
эътиқодӣ ва нифоқи амалӣ.
Нифоқи эътиқодӣ дар бисёр ҷойҳои “Қуръон” зикр
шудааст, ки муҷиби ҷовидонагӣ дар поёнтарин
нуқтаи Дӯзах хоҳад буд. Ва нифоқи амалӣ дар ҳадиси
зер зикр шудааст:

(Мутафақун алайҳ)
Чаҳор хислат, агар дар инсон бошад, мунофиқи
холис ва воқеӣ аст. Ва агар яке аз ин хислатҳо дар ӯ
бошад, яке аз нишонаҳои нифоқ дар ӯст:
Ҳангоми сухан гуфтан дуруғ бигӯяд ва агар ваъда дод,
ба он амал накунад, агар амонате ба ӯ супурда шуд,
хиёнат кунад. Дар ҳангоми хусумат ва низоъ бад ва
бероҳа бигӯяд. Ва агар аҳд бо касе бибандад, аҳди
худро бишканад ва хиёнат кунад.
Баъзе аз уламо гӯянд ин нифоқ мумкин аст ба
воситаи қавӣ будани исломи шахс аз байн биравад,
вале агар ин нифоқ дар он шахс қавӣ ва собит гардад,
мумкин аст ба таври куллӣ аз ислом хориҷ шавад
ҳатто, агар намоз бихонад ва рӯза бигирад ва иддаои
мусалмонӣ кунад. Зеро имон хислатҳои нифоқро
манъ мекунад. Пас агар нифоқ дар банда мустаҳкамшавад ва чизе набошад, ки ӯро аз он хӯйҳо ва хислатҳо
боз дорад, он шахс мунофиқи холис хоҳад буд.

ороми қалбҳо
1.0K viewsedited  15:51
Ochish/sharhlash
2023-01-08 18:40:15 Тоғутҳо чӣ касоне ва бар чанд навъ
ҳастанд?

. Тоғутҳо бисёранд ва намудҳои он панҷ аст:
1 – Иблис, ки лаънати Аллоҳ бар ӯ бод.
2 – Касе, ки ба ғайр аз Аллоҳ ибодат ва парастиш
шавад ва ӯ ба он ибодат розӣ бошад.
3 – Касе, ки мардумро ба ибодати худ даъват кунад.
4 – Касе, ки иддаои илми ғайб кунад.
5 – Касе, ки ба ғайри ислом ҳукм ва қазоват кунад.
ОРОМИ ҚАЛБҲО
1.0K views15:40
Ochish/sharhlash
2023-01-08 17:24:54 Ассалому алайкум вараҳматулоҳи вабаракатуҳ бародарон ва хоҳарон

Тестро оғоз мекунем пас аз 6 дақиқа тестҳо дар чати гурӯҳ мешаванд ҷазакаллоҳу хайр
Силкаи чат
https://t.me/sadoi_tojikiston1
1.3K views14:24
Ochish/sharhlash
2023-01-08 15:29:10 ЯКЧАНД ДАЛЕЛ АЗ ҚУРЪОН БАР АҚСОМИ ТАВҲИД-ТАВҲИДИ РУБУБИЯТ

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَـٰلَمِينَ

Ситоиш бар Аллоҳ, [ки] Парвардигори оламиён,(Яъне: инс ва ҷинн ва малоика ва ҳоказо, ки ҳар кадомеро оламе ҳаст)

    ( Аль-Фатиха  : аят 2 )

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمُ ٱلَّذِى خَلَقَكُمۡ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ

Эй мардумон, Парвардигори хешро бипарастед, Он ки шуморо ва касонеро ки пеш аз шумо офарид, бошад ки парҳезгор шавед.

    ( Аль-Бакара  : аят 21 )

ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فِرَٰشًۭا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءًۭ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءًۭ فَأَخۡرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزۡقًۭا لَّكُمۡ‌ۖ فَلَا تَجۡعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادًۭا وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Он, ки заминро барои шумо фарше сохт ва осмонро сақфе; ва аз осмон об фуруд овард, пас, ба сабаби вай анвои меваҳоро берун овард – рӯзӣ барои шумо. Пас, барои Аллоҳ дониста ҳамтоёне муқаррар макунед.

    ( Аль-Бакара  : аят 22 )
1.5K views12:29
Ochish/sharhlash
2023-01-08 14:09:23 بسم الله الرحمن الرحيم.

    "ҒУРАБО". 

Аз ғурабо бароям бигӯ....! Ғурабо ҳамон касоне, ки дунё дилтангашон карда чӣ бигӯям онҳоро ба осони пайдо намекуни ё рафтаанд ё агар мондаанд дигар ҷон ва рафиқе барояшон намонда аст. Чашмҳояшон ҳар ғуруб боронест гоҳе ба ёди рафиқонашон ва гоҳе бахотири ғурбати худашон дар ин дунёи фони..!
____
Он роҳ-ҳое, ки мустақим вориди қалбашон мешаванд ҳамон каломҳое ҳастанд, ки бар забони наздиктарин ва азизтарин афроди зиндагияшон ҷори мешавад. Ва шамшере, ки бар пайкарашон мехурад ҳамон нигоҳ-ҳои мутаъаҷиб ва гоҳе таҳқир-омези мардуми сарзамини худашон аст...!
____
                        "Ғурабо".

Ҳамон касоне, ки мардум на-танҳо даркашон накарданд ва дил- дорияшон надоданд балки гоҳе онҳо- ро ба сухра ва тавҳин гирифтанд ва гоҳе ҳам ба боди кутак. Ғурабо ҳамон касоне, ки чунон дар дунё ғариб ва танҳо гаштаанд, ки ҷуз торикиӣ шаб ва ғамҳояшон дигар ҳеҷ ҳамнишин ва ҳамдаме надоранд. Буғзе, ки гулӯяшонро мефишорад ҳарфҳои ногуфтае аст, ки хостанд бигӯянд аммо натавонистанд. Натавонистанд ва сукут ҳарборе мӯҳре бар даҳонашон ниҳод, ки бар ғурбаташон изофатар кард...!
____
                         "Ғурабо".

Ҳамонҳое, ки ҷурм ва гуноҳашон фақат ва фақат тамасук ба дин ва сироти Парвардигорашон буд. Мутаҳам шуданд фақат бахотири инки дунё ва лазатҳояш-ро раҳо карданд ва дил ба охират ва Биҳишти ҷовидонаи холиқашон супурданд...!
____
                          "Ғурабо".

Ҳамон касоне, ки тамоми ончӣ доштанд-ро фидои ризояти Аллоҳ карданд ва аз зиндагӣ ва ҳаёташон гузаштанд то фақат ба Аллоҳ бирасанд. Ҳамнишинони зулмати шаб танҳои хастае доранд аммо рӯҳашон то Сидрату-л-мунтаҳо парвоз мекунад
____ 
Ҷавонаҳои умед аз миёни тикаҳои шикастаи қалбашон сар-бар меоварад ва ҳаргиз намебини, ки таслим шуда ё шикаст хурда бошанд. Онҳо ризояти Аллоҳ-ро бар ҳама чизи дунё тарҷеҳ додаанд ҳатто бар ризояти дилашон. Ғурабо дар замин ғариб ва танҳо гаштаанд аммо дар осумон шинохта шуда ва маҳбуби аҳли осумон ҳастанд онҳо ҳоми ва паноҳе ба ҷуз Аллоҳ надоранд ва ба рости, ки Аллоҳ барояшон басанда аст...!
___ОРОМИ
ҚАЛБҲО
1.4K viewsedited  11:09
Ochish/sharhlash
2023-01-08 12:26:53 .
Бисмиллаҳир Раҳманир Раҳим.

БАХШЕ АЗ МАСЪУЛИЯТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ МО ДАР НАЗДИ РАСУЛУЛЛОҲ ﷺ

Имон ба Ӯ (тасдиқи рисолати Ӯ ва иқрор ба он ва амал кардан мувофиқи он).

Муҳаббат ба Ӯ (бартарӣ додани муҳаббати Ӯ бар муҳаббати падару модар, зану фарзанд, ҳамаи мардум ва ҳатто худи шахс).

Итоат аз Ӯ (Итоати мутлақ аз ҳамаи он чӣ дар умури (амалҳои) дин аз ҷониби Аллоҳ оварда аст ва бидуни эҳсоси мушкилӣ онро пазируфтан ва ҳукму гуфтаи хеҷ касеро бар ҳукми Ӯ бартарӣ надодан).

Дифоъ аз Ӯ (бо дафъи шубҳаҳо дар мавриди шариати Ӯ ва мубориза дар муқобили душманони шариати Ӯ).

Дуруд ва салавот фиристодан ба Ӯ.

Даъват бар суйи шариати Ӯ.

Талош барои ҳокимияти дини Ӯ.

Душманӣ бо душманони Ӯ

Дӯстӣ бо дӯстони Ӯ.

Эҳтиром доштан ба Ӯ.

Итоат аз суннати Ӯ ва мухолифат бо бидъат.

Муҳаббат ба аҳли байти Ӯ ва саҳобагон розиялЛоҳу анҳум ва ҳифзи эҳтироми онҳо.

Зинда кардани суннатҳои таркшудаи РасулулЛоҳ ﷺ.

Мутассифона дар ҷомеаи мо яке аз мусибатҳои бузург ин аст, ки анҷом додани суннатҳои РасулулЛоҳ ﷺ, даъват ба итоат ва пайравӣ аз Ӯ, мумкин аст мавриди мухолифат ва зиддият қарор мегиред, он ҳам аз ҷониби касоне, ки иддаои имон ба РасулулЛоҳ ﷺ ҳам доранд.

Таассуфовар аст, ки ба даъват ба суйи суннати РасулулЛоҳ ﷺ, даъват ба итоат ва пайравӣ аз Ӯ мавриди маломати мусалмонони зиëде қарор мегиред ва аҷибтар ин ки ин маломат ва мухолифат ба номи Ислом ҳам сурат мегирад.
ороми қалбҳо
102 views09:26
Ochish/sharhlash
2023-01-08 10:23:24 Т А В Ҳ И Д

⚘Тавҳид дар луғат-чизеро якто қарор додан

⚘Тавҳид дар шариат:
Аллоҳро дар:
1. Рубубият(парвардигорӣ- офаридан, ризқ додан, зинда кардан, мирондан ва ғайра.)
2. Улуҳият (Ибодат-намоз, дуо, рӯза, забҳ, садақа, қонунҳои Аллоҳ ва ғайра.)
3. Асмо (номҳо-Раҳмон, Раҳим, Қуддус ва ғ.) ва Сифот (сифатҳо-қудрат, истиво, илм, раҳмат ва ғайра)
     ягона донистан.
ОРОМИ ҚАЛБҲО
807 views07:23
Ochish/sharhlash
2023-01-08 10:14:45 Оё Худо бигӯям ё Аллоҳ

Абдузоири дои
831 views07:14
Ochish/sharhlash