Get Mystery Box with random crypto!

Ҳаким коғази сафедро ба шогирдонаш нишон дод, дар мобайн як ну | Медони ё не?

Ҳаким коғази сафедро ба шогирдонаш нишон дод, дар мобайн як нуқтаи сиёҳе кашид ва пурсид:

— Дар ин ҷо чиро мебинед?

— Нуқта...

— Нуқтаи сиёҳ...

— Нуқтаи сиёҳи фарбеҳ...

Сипас ҳаким хафа шуда гуфт:

— Афсӯс, ҳамаи шумо як нуқтаи хурдеро дидеду касе ба коғази калони сафед аҳамият надод... 

— Бузургтарин иштибоҳи шумо дар он аст, ки покии қалби мардумро намебинед. Як камбудии кӯчакеро дида, ба хотири он ба онҳо доварӣ мекунед...

Меҳрубон бошем.

https://t.me/Xirad