Get Mystery Box with random crypto!

ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸

Telegram kanalining logotibi zanonisoleha — ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸
Telegram kanalining logotibi zanonisoleha — ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸
Kanal manzili: @zanonisoleha
Toifalar: Iltimoslar
Til: Oʻzbek tili
Obunachilar: 1.25K

Ratings & Reviews

2.67

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

1

1 stars

1


Oxirgi xabar 10

2023-02-09 23:53:30 التوحيد

وَكُلَّمَا قَوِيَ التَّوْحِيدُ فِي قَلْبِ الْعَبْدِ قَوِيَ إيمَانُهُ وَطُمَأْنِينَتُهُ وَتَوَكُّلُهُ وَيَقِينُهُ

«Ҳаргоҳ, ки Тавҳид дар қалби банда мустаҳкам гардид, имон, оромиш, умед (ба Аллоҳ) ва эътиқодаш  қавӣ мегардад».

- (Ибни Таймия дар «Маҷмуъул-фатава» 28/35).

375 views20:53
Ochish/sharhlash
2023-02-09 23:52:19 *Се дуъоро ҳаргиз фаромӯш накунед.*

اللهم إني اسألك حسن الخاتمة .
*Парвардигоро ман аз ту хотимаи неку мехоҳам..*

اللهم ارزقني توبةً نصوحا قبل الموت .
*Парвардигоро тавбаи насуҳро қабл аз марг насибам фармо..*

اللهم يا مقلب القلوب ثبت قلبي على دينك.
*Парвардигоро эй дигар кунандаи қалбҳо.. қалбамро бар динат собит бигардон...*
اللهم آمین یا رب العالمین
366 views20:52
Ochish/sharhlash
2023-02-09 23:39:17 بسم الله الرحمن الرحیم:

Ғамгин мабош хоҳарам!!

Аллоҳ Таъала мефармояд:

"Пас, ҳар ки ба миқдори мӯрча амали хайр карда бошад, ҷазои онро дар пешаш ҳозир мебинад."
                       ( сураи "зилзол": 7)

Хоҳари муваҳҳидаи ман!!

Аллоҳ аст, ки ба зара- зарраи
амалҳои ночизе, ки ба хотираш анҷом медиҳи мукофот хоҳад дод.

Инро фаромӯш масоз ва ба хотири муҳаббати зиндагонии ин дунё аз муҳаббати Аллоҳи Раҳиму Раҳмон магӯзар.

Он Аллоҳи меҳрубоне, ки меҳрубонияш муҳаббаташ ҳадду канор надорад.

Паёмбари Аллоҳ  صلی الله علیه و صالم мефармоянд:
" дар ҳақиқат Аллоҳ барои бандагонаш меҳрубонтар аз модар нисбати фарзандаш мебошад."

Ин меҳрубонӣ ва муҳаббати Аллоҳ аст, ки инсонро арзишманд ва боиззат мегардонад.
Эй он хоҳароне, ки дарду ранҷи зиндаги шуморо пир ва афсурда сохта ва қалбатонро тангу торик гардонида аст.

Биёед ба сӯи муҳаббати Аллоҳ роҳи Тавҳид, ки наҷоти шумо дар Тавҳид аст.

Аллоҳ таъала мефармояд:

" Рузе, ки на молу на фарзандон нафъ ( кумаку ёри ) надиҳанд, магар касе, ки бо қалби солим назди Аллоҳ биёяд."

Ибни Аббос  رحمه الله гуфт:
" қалби солим гувоҳӣ медиҳад ба " لا اله الا الله" нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ"

Иззат ва арзиши шумо дар омухтан ва амалу эътиқод кардан бар Тавҳид аст, ва ин калимаи Тавҳид аст, ки қалби соҳибашро васеъу муншареҳ мегардонад ва тамоми ғамҳо ва машақатҳоро осон менамояд.

Аллоҳ Таъала мефармояд:

" Пас ҳар киро Аллоҳ бихоҳад ҳидоят кунад, қалбашро ба Ислом мекушояд."
                ( Ал- Анъом: 125)

Эй хоҳарам! оё ин ҳама неъматро мо бо чизҳое, ки моро наҷот дода наметавонад иваз хоҳем кард ва аз ин роҳи бузург роҳи Тавҳид дурӣ хоҳем намуд ва муҳаббати Аллоҳро рад хоҳем кард....
Ин Тавҳид аст, ки мову шуморо наҷот хоҳад дод калимаи Тавҳид 
                                            " لا  اله الا الله"
" нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ"

Оё ин калимаи Тавҳид арзишмантарин ва бузургтарин калимае нест.
Ки ба хотираш замину осмонҳо ва ҳамаи мавҷудот халқ карда шудааст. Ба хотири ҳамин калима Аллоҳ китобҳояшро халқ кард ва ҳазорон Расулонашро ба суйӣ инсонҳо фиристод, то ин Калимаи Бузургро бидонанд ва бифаҳманд ва ягона Аллоҳро ибодат намуда аз ширку мушрикин дур бошанд.

Хоҳари муваҳҳидаи ман!!
Оё чизе бузургтар аз ин Калима ҳаст?
Хоҳарам ин роҳи Тавҳид ин Калимаи бузургро интихоб намо, то туро ба хушбахтии зиндагии абади бирасонад.
Он зиндагие, ки ҳаргиз гусаста (канда) нахоҳад шуд, ки ин Ҷаннат аст барои касоне, ки роҳи Тавҳидро ихтиёр намуданду ва истиқомат дар ин роҳ доштанд.

Аллоҳ Таъала мефармояд:
" Ва растании замини покиза ба сурати комил ва зебо бо иҷозаи Роббаш Аллоҳ мерӯяд. Мӯъмин низ монанди ҳамин аст. Насиҳатро гӯш мекунад, истифода мебарад ва аз он кори нек ҳосил мегардад. Ва замини шураи беҳосил растаниаш танҳо бо душворӣ мерӯяд ва дар он ҳеҷ хайре дида намешавад. Сифати кофир ҳамин гуна аст. Аз насиҳат манфиъат намебарад ва аз он амали нек ҳосил намешавад, ки мавриди фойда қарор гирад. Мо далелҳоямонро ҳамин тавр бо мақсади исботи ҳақ ба суратҳои гуногун барои қавме баён мекунем, ки аз неъматҳои Мо сипосгузор буда, куфр намеварзанд ва итоат мекунанд."   ( Аъроф: 58)

Хоҳарони азиз ва муваҳҳидаи ман!!

Бояд мо қалбамонро бо Тавҳид ихтиёр кардани ин Калимаи бузург пок ва васеъву мутмаъин  гардонем, қалбҳоямонро пок созем, чун вақте пайгоми осмони ба дилҳои пок мерезад, онро қабул ва дарк мекунанд ва дар асоси асли пок ва унсури нек доштанаш мерӯяд.

Аммо дилҳои нопок баракс ҳаст....

Аллоҳ Таъала мефармояд:

" Бешак, ҳар ки аз ширку маъсият пок шавад, растагор гашта, ба муроди хеш мерасад."
                    ( Аъло: 14)

Эй хоҳари муваҳҳидаи ман роҳи Тавҳидро интихоб намо то ба муродат бирасӣ!
Ҳамин Тавҳид аст, ки ману туро ба мақсад, муродамон хоҳад расонд.

Эй хоҳарам ғамгин мабош!!
Ҳама ороми ва осони ва хушбахти ва содатманди дар ҳамин роҳи Тавҳид аст.
Тавҳид дар ин дунё туро боарзиш ва боиззат мегардонад ва дар охират низ туро наҷот хоҳад дод.
Калимаи Тавҳид соҳибашро наҷот хоҳад дод ва сабаби дохил шуданаш ба Ҷаннат хоҳад шуд..
  ИншаАллоҳ
376 views20:39
Ochish/sharhlash
2023-02-09 23:17:14 Дархости худро дар бот нависед... Муроҷиат кунед бар мо
...
@Zanoni_soleha_bot
370 viewsedited  20:17
Ochish/sharhlash
2023-02-09 14:07:45
Я Аллоҳ ба онҳо раҳм кун бар бародарону хоҳарони мо, ки дастони мо ҷуз дуъо нест ва диламон танг аст ва танҳо дар Туст. Пас ба онҳо тақдире ато кун, ки мусибаташонро аз байн мебарад ва андӯҳашонро аз байн мебарад...
552 views11:07
Ochish/sharhlash
2023-02-08 23:02:28 ЁДРАСЕ
——
Дӯстони гиромӣ!

Агар аз Туркия (масалан) барои хонамон чароғу барои мошинамон матоъе лозим мешуд, ошное онҷо пайдо карда бо ҳар роҳу василае чизи лозимии худро дастрас менамудем. Аммо ҳоло худро фиреб дода мегӯем, чигуна ёрӣ расонам, ки миёни ману Туркия ин ҳама масофа аст.

Баъди эълони қабули кумакҳо аз ҷониби сафоратҳо ва созмонҳои хайриявии дохиливу хориҷӣ, фикр кунам узре барои мо боқӣ намонда бошад.

Дуруст аст, ки Туркия кишвари аз ҷиҳати молӣ ва техники тавоно аст.
Дуруст, ки аз Амрико то Қатару Чин кумакҳо расонидаанд, вале нақши ману Шумо ҳамчун фарде аз уммати бузург, узве аз пайкари мусалмонӣ куҷост?!

Ва агар рафту чунон зиёд ёрӣ расонидем, ки кумаки мо аз Туркия зиёдатӣ кунад, ба бонки Свисро намераваду хазина намешавад, балки ба ҳамсояаашон, ки вазъ онҷо мудҳиштар аст, меравад.

Ҳатто айни ҳол Туркия баъзе аз дарду ранҷи худро гузошта дар шимоли Сурия машғули наҷоти мардум аст.

Дӯстони гиромӣ.
Ба ҳақиқат, ҳолат бадтар аз онест, ки дар расонаҳо дида мешавад. (((

Туркия кишварест, ки ҳамеша аз Фаластину Сумол, то Афғонистону Кашмир ба ҳар заифу муҳтоҷ дасти ёри дароз карда аст, ҳоло аз боби вафодорӣ ин аст, ки ҳатто бо як сомонӣ ҳам бошад қарзи имонии худро адо намоем.

Худ бетараф набошем ва низ дигар дӯстонамонро ба кори нек далолат намоем.

Ӯ Таъоло фармуда:

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ

“Ҳар ки ба андозаи заррае кори нек кунад, (подоши) онро (дар рӯзи ҳисоб) мебинад.”
(Сураи Залзала, ояи 7)

Дӯсти гиромӣ, инаш ҳам қобили таваҷҷуҳ аст. Сураи Залзала!
——

#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ
319 views20:02
Ochish/sharhlash
2023-02-06 19:01:47
Мулоқоти аввал барои оила барпо куни

—  Духтар;
— Намоз мехонед?

— Ҷавон;
— Росташро гуям, намоз намехонам.  Аммо агар пас аз тӯй маро рӯҳбаланд кунед, яъне агар ба ман бигӯед, ҳатман тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам.

— Духтар гуфт;
— Оё Аллоҳ рӯҳбаландкунанда набуд?

— Не, ин тавр нест...

— Бале, чунон ки гуфтам, Аллоҳ вақте ки амр кард накардед, вақте ки ман гуфтам, шумо мекунед?  Фарзи Аллоҳро эҳтиром намекунед ва амонаташро низ эҳтиром намекунад.  саломат бош.. гуфту рафт.

— Марде ки намоз намехонад ҳеҷгоҳ бо ӯ оила барпо накунед, чун ӯ гумроҳ шудаги аст ва шуморо низ гумроҳ мекунад...

​​​​​​​​​ #ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ

ТАРБИЯИ ЗАНОН
@Zanoni_soleha_bot
326 views16:01
Ochish/sharhlash
2023-02-04 23:45:53 Мᴀᴩдᴇ дᴀᴩ ʍᴀҷᴧиᴄᴇ ᴦуɸᴛ:
-Зᴀн ʍиᴄᴧи ᴋᴀɸɯ ᴀᴄᴛ!
Ҳᴀᴩ ʙᴀқᴛ ᴋӯҳнᴀ ɯуд , ʍᴇɯᴀʙᴀд ᴏнᴩᴏ иʙᴀɜ ᴋᴀᴩд, ʙᴀ яᴋ нᴀʙ бᴀ ᴨᴏ ᴋᴀᴩд!

Ҳᴀᴋиʍᴇ дᴀᴩ ᴏн ʍиён ниɯᴀᴄᴛᴀ буд , ᴦуɸᴛ:
-Ҳᴀᴩɸи ин ʍᴀᴩд ᴋᴏʍиᴧᴀн дуᴩуᴄᴛ ᴀᴄᴛ!
Бᴀᴩᴏи ʍᴀᴩдᴇ ᴋи худᴩᴏ дᴀᴩ ҳᴀдди ᴨᴏ бидᴏнᴀд, ɜᴀн ҳᴀʍчун ᴋᴀɸɯ ᴀᴄᴛ.
Аʍʍᴏ МАРДЕ ᴋи худᴩᴏ чун ᴨᴏдɯᴏҳ бибинᴀд ЗАН ҳᴀʍчун ТОҶ ᴀᴄᴛ!

@Zanoni_soleha_bot
613 views20:45
Ochish/sharhlash
2023-02-02 21:37:39 «اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ»
460 views18:37
Ochish/sharhlash
2023-01-19 23:43:23 «اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ»
1.5K views20:43
Ochish/sharhlash